Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода


Мавзӯи 5. Мазмуни иҷтимоии панду насиҳатҳои маънавӣ-ахлоқӣ


Download 0.93 Mb.
bet19/89
Sana16.06.2023
Hajmi0.93 Mb.
#1495322
1   ...   15   16   17   18   19   20   21   22   ...   89
Bog'liq
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ

Мавзӯи 5. Мазмуни иҷтимоии панду насиҳатҳои маънавӣ-ахлоқӣ
дар дини ислом
Нақша:

  1. Панду насиҳатҳои маънавӣ – ахлоқӣ дар дини ислом.

  2. Аҳамияти тарбиявии оятҳои Қуръон

3. Ғояҳои иҷтимоишавии шахс дар Қуръон


Ибораҳои такягоҳ: панду насиҳатҳо, ҳуқуқи иҷтимоӣ, озодии инсон, қоидаҳои муносибати падару модар, мувофиқшавии насли наврас, иҷтимоишавии шахс, фикри амиқ рондан, сабр кардан хушбахтист,
Ислом дини тавҳидӣ, яъне мазмуни он ба Худои ягона - Аллоҳ имон овардан аст. Асосгузори ин дин Муҳаммад (с.а.в.) (570-622) аз тарафи мусулмонон пайғамбар, яъне фиристодаи Худо эълон карда шудааст. Китоби муқаддаси дини ислом Қуръони карим аст.
1.Панду насиҳатҳои маънавӣ – ахлоқӣ дар дини ислом.
Матни Қуръон дар асри VII навишта шудааст. Дар давраи халифа Усмон Қуръон ба шакли китоби ягона оварда, дигар ҳама матнҳои он нест карда шудааст. Қуръон аз 114 сура иборат. Мусулмони оддӣ сураҳои мураккаби Қуръонро фақат ба воситаи тафсирҳо фаҳмиданаш мумкин аст. Тафсирҳои аз ҳама машҳур ба Ат-Термизӣ, Замашҳарӣ, Байдонӣ, Фаҳриддин, ар-Розӣ, ал-Куртубӣ тааллуқ дошт. Дар натиҷа сунна - роҳбарӣ ба фаҳмиши мазмуни Қуръон ба вуҷуд омад. Сунна муносибатҳои байниҳамдигарии аъзоёни оила, уруғ, қабиларо ба тартиб дароварда, ҳамчун қоидаҳои ахлоқии нонавишта истифода бурда шудааст. Сунна ба шакли ҳадис соҳиб аст.
Дар бобати ҷамъ ва ҷудо кардани ҳадис бисёр олимон умри худро бахшидаанд. Мувофиқи ислом Қуръон китоби барои ҳамаи мусулмонон муқаддас ҳисоб меёбад.
Ҳанӯз дар асри VII ислом ҳуқуқи иҷтимоӣ ва озодии инсонро эълон намуд. Ин озодиҳо ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиро дар бар гирифтааст.
Қадриятҳои ҳуқуқии шариат ба таснифи иҷтимоӣ соҳиб буда, ҷамъияти адолатнокӣ ба чунин қоидаҳо асоснок кардашударо ифода мекунад:
- баробарҳуқуқии тамоми аъзоёни ҷамъият қатъӣ назар аз ирқ, забон ва дин;
- ҳамаи аъзоёни ҷамъият дорои масъулияти баробаранд, зеро онҳо аз як манбаъ омада баромадаанд;
- баробарии ҳаёт ва озодии инсон;
- оила асоси ҷамъият аст: ҷамъият оиларо ба ҳимояи худ мегирад ва нисбати он ғамхорӣ менамояд;
- баробарии роҳбарон ва зердастони онҳо;
- Худои ягона соҳиби тамоми чизҳо ва неъматҳои аз тарафи ӯ бунёд гардида барои тамоми мавҷудот ва махлуқот ҳадя аст. Ҳар як инсон барои аз ин ҳадя ҳаққи худро гирифтан ҳуқуқ дорад;
- тамоми масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоии ба халқу ҷамъият дахлдор бояд бо халқ маслиҳат карда ҳал карда шавад;
- ҳар як инсон барои корҳои дунёвии худ, ки ба ҳаёти ҷамъият ва маънавият вобаста аст, танҳо дар назди Аллоҳ ҷавоб медиҳад.
Дар ҳадис ҳуқуқҳои муҳимтарини дини ислом ба таври зерин кафанпечон карда шудааст:
- ҳуқуқи нек, баъд аз вақти ҷаноза хондан (агар як дигареро ба кафан гузоред, инро аз рӯи ҳурмат ва меҳр кунед: “фавтидаро ҷанг накунед”);
- ҳуқуқи озодӣ (“шумо кай одамонро ба ғуломӣ табдил додед. Охир, онҳо озод таваллуд шудаанд-ку?”);
- баробарҳуқуқӣ (“араб аз дигарон, дигарон аз араб боло намеистад”).
Ин гуна фазилатҳоро дар панҷ қоидаи асосии дини ислом ҳам дидан мумкин аст:
- Имон. Ба ғайр аз Аллоҳ худо нест ва Муҳаммад (с.а.в.) расули ӯст.
- Салавот - мусулмон ҳар рӯз панҷ бор ибодат мекунад - намоз;
- Закот - раҳмдилӣ. Муносибати инсони диҳанда аз миқдори додан муҳимтар аст;
- Рӯза. Рамазон барои мусулмонон моҳи муқаддас аст, чунки айнан дар ҳамин моҳ Муҳаммад (с.а.в.) пайғамбар шудаанд.
- Ҳаҷ - ҳар як мусулмони боимон ба Макка ҳаҷ карданаш лозим аст.


Download 0.93 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   15   16   17   18   19   20   21   22   ...   89




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling