Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода
Download 0.93 Mb.
|
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ
2.Аҳамияти тарбиявии оятҳои Қуръон
Оятҳои Қуръон аҳамияти калони тарбиявӣ доранд. Дар онҳо қоидаҳои муносибати падару модар ва фарзанд, мақсадҳои падару модарон аз тарафи фарзандон аниқ нишон дода шудааст. Қуръон ба афкори мусулмонон оиди мазмуну мақсади ҳаёт таъсири калон гузарондааст. Ғояҳои он аз маданияти халқҳои мусулмон амиқ ҷой гирифтааст. Тарбия ва мувофиқшавии насли наврас ба ҷараёни иҷтимоӣ мавқеи дониш ва муносибат ба он муаммои доимӣ аст. Ин муаммо дар замони ҳозира хеле тезу тунд шудааст. Аз як тараф, ҷараёнҳои дар ҳаёти иҷтимоӣ рухдода ба он оварда расонд, ки одамони бедониш пули калон меёбанд. Пули ёфтаи онҳоро бо маоши зиёиён баробар карда намешавад. Ҳамаи инҳо ба кам шудани шавқу ҳаваси ҷавонон ба илму дониш сабаб шуда истодааст. Ба назари онҳо чунин менамояд, ки боигарии моддӣ гарави муваффақиятҳост. Дар чунин шароити Қуръони карим вазифаи манбаи муҳими даъваткунандаи ҷавонон ба омӯхтани илму дониш хизмат менамояд. Дар Қуръон калимаи илм 750 маротиба вомехӯрад. Агар Қуръон аз 78 ҳазор калима иборат бошад, калимаи “илм” аз 10 як қисми ин китоби муқаддасро ташкил медиҳад. Қуръон донишҳои инсонро ба ду хел ҷудо мекунад: динӣ ва дунёвӣ. Донишҳои динӣ ба донистани асосҳои олам, пайдоиши он нигаронда шуда, ин хели дониш қуллаи олии камолоти инсон ҳисоб меёбад. Дар Қуръон ба оятҳое, ки дар бораи дониши дунёвӣ гирифтани инсон вобаста аст, вомехӯрем. Дар ин маврид таъкид карда мешавад, ки инсон ба воситаи се аъзои ҷисмаш - чашм, гӯш ва дил ноил мешавад. Ба ғайр аз ин Қуръон ҷараёнҳои дидактикӣ, динамикаи азбар намудани донишҳоро аз тарафи инсон нишон медиҳад. Дар Ҳадис ҳам аҳамияти омӯхтани дониш ифода ёфтааст. Олими исломшинос Ф.Роузенгал асари “Ал-Саҳех”-и Имом Бухориро таҳлил намуда, чунин ғояҳои бо илм вобастаро нишон додааст: - талаби дониш ба ҷамъият роҳ мекушояд; - дониш фақат бо роҳи хондан ба даст медарояд; - инсон пеш аз роҳбар шуданаш соҳиби дониш шуданаш зарур аст; - ба хонондани занҳо рухсатдода шавад; - барҳам ёфтани илм ва олимон ба охир расидани дунёро нишон медиҳад. Дар дигар ҳадиси машҳур аз нуқтаи назари ислом бақадр будани илм ва фан қайд карда шудааст: - моҳи пурра чӣ қадаре ки аз ситораҳо баланд бошад, олимон ҳам аз мӯътабар ҳамон қадар болоянд; - олимон пас аз худ пул не. ворисони дониш мемондагӣ мебошанд. Download 0.93 Mb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling