Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода


Мавзӯи 6. Менталитети миллӣ ва мавқеи он дар иҷтимоишавӣ


Download 0.93 Mb.
bet23/89
Sana16.06.2023
Hajmi0.93 Mb.
#1495322
1   ...   19   20   21   22   23   24   25   26   ...   89
Bog'liq
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ

Мавзӯи 6. Менталитети миллӣ ва мавқеи он дар иҷтимоишавӣ
Нақша:
1.Омилҳои таъсирбахш дар ташаккули шахс
2. Аҳамияти менталитет дар ҷаҳонбинии инсон
3.Қисмҳои таркибии менталитет.
4.Хусусиятҳои миллии анъанаҳо.


Ибораҳои такягоҳ: цивилизацияи инсоният, омилҳои бавосита ва бевосита, шароитҳои моддӣ, ғоявӣ, психологӣ, хусусиятҳои муҳими этнос, шуури иҷтимоӣ, фикри оммавӣ, кайфияти оммавӣ, элементҳои шуур, муҳаббат ба Ватан, муҳаббат ба забони модарӣ.

Назария ва амалиёти педагогикаи иҷтимоӣ ба анъанаҳо ва хусусиятҳои этнографикӣ, таърихӣ, мадании халқ вобаста буда, ба афкори динӣ ва ахлоқии арзишҳои инсонӣ такя мекунад. Дар давоми цивилизацияи инсоният ҳар навъ ҷамъият бо мавзӯи муносибат бо аъзоёне, ки худашон мустақил мавҷудияти худро таъмин карда наметавонанд: бачаҳо, пиронсолон рӯ ба рӯ шудааст. Муносибат нисбат ба ин гуна одамон бо вобастагии ба хусусиятҳои ғоявӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ахлоқӣ ва миллии ҷамъият ривоҷ ёфта, аз ҷисмонан нест кардани онҳо сар карда то аъзоёни комили ҷамъият шуданашон намоён мешавад.


Соҳибистиқлол шудани Республикаи Ӯзбекистон, роҳи ба худ хоси тараққиётро интихоб намудани давлат ва ҷамъият вазифаи барқарор намудани арзишҳои миллӣ-маданӣ, маънавиро ва ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои миллиро дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт гузошт.
1.Омилҳои таъсирбахш дар ташаккули шахс
Имрӯз омилҳои бавосита ва бевосита ба ташаккули шахс таъсир расонандаро ба эътибор гирифтан лозим аст. Ба чунин омилҳо нафақат шароитҳои моддӣ, ғоявӣ, психологӣ, балки инчунин муҳит ҳам мансуб аст. Ба ин ҷараён муносибатҳои байнимиллатҳо ва сиёсати миллии давлатҳои гуногун ҳам таъсир мерасонад. Ин ҳолат, хусусан дар ташаккули хислатҳои шахсӣ таъсири калон мерасонад. Ба ин хислатҳо худшиносии миллӣ, ғурур, ифтихор барин мафҳумҳо дохил шуданашро ба назар гирем, хулоса мебарояд, ки ташаккули шахс бо арзишҳои умумиинсонӣ пайваста сурат мегирад.
Халқи ӯзбек ба муҳити ба худ хоси этникӣ соҳиб аст. Дар ин муҳит насли наврас аз хурдсолӣ дар таъсири забони моддӣ ва қиссаю афсонаҳо, ривояту мақолҳо, суруду таронаҳо мешаванд.
Таъсири шароитҳои этномаданӣ ба иҷтимоишавӣ нисбати дараҷаи менталитет равшан намоён мешавад. Мафҳуми “менталитет аз тарафи олими франсавӣ Л.Левн-Брод дар ибтидои асри ХХ ба фан дохил карда шудааст. “Менталитет” бо калимаи “этнос” (халқ, элат) зич вобаста аст.
Этнос - ҷамъи инсонҳое, ки таърихан дар як ҳудуд ташаккул ёфтаанд, ба хусусияти ягонаи забонӣ, маданият, рӯҳияти умумӣ соҳибанд.
Яке аз хусусиятҳои муҳими этнос мавҷудияти этникии худшиносӣ мебошад. Як этнос аз этноси дигар бо хусусиятҳои худ (забон, арзиш, меъёр, дин, характери миллӣ, санъат баринҳо) фарқ мекунад.
Хусусиятҳои шахсӣ, фаъолият ва иҷтимоии этнос ба воситаи этнопсихология ифода карда мешавад. Этнопсихология ҳиссиёт ва кайфият, маънавият ва манфиат, анъанаҳои миллиро дар бар мегирад. Барои ифодаи хусусиятҳои психологии гурӯҳҳои этникӣ мафҳуми “менталитет” кор фармуда мешавад.


Download 0.93 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   19   20   21   22   23   24   25   26   ...   89




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling