Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода
Ҷамоа ва мавқеи он дар тарбияи насли наврас
Download 0.93 Mb.
|
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ
- Bu sahifa navigatsiya:
- 3. Қонун дар бораи «Органҳои худидоракунии шаҳрвандон» ва аҳамияти он дар маҳаллаҳо.
2. Ҷамоа ва мавқеи он дар тарбияи насли наврас
Дар шароити гузаштан ба иқтисодиёти бозор роли иҷтимоишавии маҳалла афзуд. Ин, пеш аз ҳама, дар нигоҳ доштани арзишҳои оила намоён мегардад. Фаъолон низоъҳои шаҳрвандони маҳалларо барҳам медиҳанд, меҳнаткашонро бо кор таъмин мекунанд, оиди нигоҳ доштани тартиб хизмат мекунанд. Ҷамоа дар тарбияи насли наврас роли муҳим мебозад. Маҳаллаҳо бо муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳо алоқаи мустаҳкам барқарор намуда, дар таъмири бино, гузаронидани тадбирҳои гуногун ёрии амалӣ мерасонанд. Дар ҳар як маҳалла оилаҳое мавҷуданд, ки дар соҳаи тарбияи ҷавонон таҷрибаи бой доранд. Фаъолони маҳалла барои дастраси дигарон намудани таҷрибаи онҳо фаъолият нишон медиҳанд. Зеро беҳуда нагуфтаанд, ки “Маҳалла - ҳам падар, ҳам модари туст!”. Бояд таъкид намуд, ки дар барқарор намудани анъанаҳои маданӣ роли насли калонсол, воситаҳои ахбори оммавӣ, хусусан, телевизион калон аст. Дар шароити ҳозираи иқтисодиёти бозор дар тарбияи насли наврас баъзе муаммоҳо ба назар мерасад. Бо савдо, пулёбӣ машғул шудани ҷавонон кӯшиши онҳоро ба хондан, илм гирифтан суст мекунад. Дар давраи ҳозираи демократикунонии ҷамъият имконияти васеи интихоби касбу ҳунарҳои гуногун мавҷуд аст. Вале ҷавонон аз ин имконият пурра истифода набурда истодаанд. Дар вақтҳои охир корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар байни ҷавонон суст шудааст. Таъсири дин пурзӯр шуд, баъзе ҷавонон дар соҳаи мафкуравӣ ба роҳи нодурусти экстремистӣ даромада мондаанд. Дар чунин вазъият маҳаллаҳо бояд ба ҷавонон таъсири худро расонанд. Маҳалла дар насли наврас афкори ҷамъиятиро ташаккул медиҳад. Бисёр ҳолатҳои ногувор: ҷанҷолҳо дар байни аъзоёни оила дар маҳалла муҳокима карда, муаммоҳо ҳал карда мешавад. 3. Қонун дар бораи «Органҳои худидоракунии шаҳрвандон» ва аҳамияти он дар маҳаллаҳо. 14-апрели соли 1999 Қонуни Республикаи Ӯзбекистон “Дар бораи органҳои худидоракунии шаҳрвандон” дар таҳрири нав қабул карда шуд. Дар он вазифаҳои органҳои худидоракунӣ, яъне маҳаллаҳо дар бобати мустаҳкам намудани арзишҳои миллӣ, маданӣ, маънавӣ боз як бори дигар қайд карда шудааст. Дар қонун инчунин оиди тозагӣ, санитария-гигиена ва нигаҳдории тандурустии шаҳрвандон тадбирҳо андешида шудааст. Дар ҳаёти иҷтимоии маҷаллаҳо доир ба мустаҳкам намудани муносибатҳои ҳамсоягӣ як қатор дигаргуниҳои мусбат рух додааст. Ин гуна муносибатҳои дӯстона дар корҳои хоҷагӣ, тарбияи бачагон, бартараф намудани душвориҳои моддӣ инъикос ёфтааст. Дар байни халқи мо муносибатҳои хешу таборӣ ҳам чун арзишҳои миллӣ қадр карда мешавад. Дар ҳаёти халқ иттиҳодияи мардон: гаштак, вохӯрӣ, зиёфат буда, мақсади асосии он вақти холиро пурмазмун гузаронидан мебошад. Яке аз шаклҳои ҳаёти иҷтимоӣ сӯҳбати дӯстонаи мардон ҳисоб меёбад. Сӯҳбати дӯстон аз қадим дар байни халқ расм шуда буд. Дӯстон дар хонаи яке аз онҳо ҷамъ шуда, якҷоя хӯрок мепухтанд, дар бораи масъалаҳои гуногуни зиндагӣ сӯҳбат менамуданд. Дар солҳои 30-уми асри ХХ аз сабаби авҷгирии шахспарастӣ ва репрессия шахсони диндор ва намозхонро ҳабс мекарданд. Аз ин рӯ ҷамъшавии одамон хавфнок буд. Сӯҳбати дӯстона фақат дар солҳои 50-60-ум барқарор шуд. Акнун сӯҳбати дӯстонаи занон ҳам ташкил шуд. Сӯҳбати дӯстонаи хешу таборони наздик васеъ паҳн шуда истодааст. Ба чунин сӯҳбатҳо яке аз пиронсолон сарварӣ мекунад. Ин гуна сӯҳбатҳо инчунин дар иштироки собиқ ҳамкурсон, ҳамсинфон ташкил карда мешавад. Дар байни занон маросимҳои қадимаи мушкилкушо ва мавлудӣ мавҷуд аст. Ин гуна маросимҳо дар солҳои охир дар бисёр маҳаллаҳо гузаронида шуда истодааст. Ба ҳамин тариқ маҳаллаҳо дар Ӯзбекистон дар ҳаёти иҷтимоии замонавӣ мавқеи худро ишғол намудааст. Download 0.93 Mb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling