Семинари 16. Mавзӯъ: Тарбияи маънавm ахлоқӣ


Download 60.48 Kb.
bet1/2
Sana18.06.2023
Hajmi60.48 Kb.
#1574535
TuriСеминар
  1   2
Bog'liq
16- Мавзӯъ


Семинари 16. Mавзӯъ:Тарбияи маънавm ахлоқӣ.
Саравал оди мазӯи имрӯзаи семинарӣ каме маълумот медиҳем, то ки донишҷӯён оид ба ин мавзӯ каме тасаввурот пайдо кунанд. Ба он хотир, ки мавзӯи мазкур дар машғулоти маърӯзавӣ гузашта нашудааст.

Тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ як қисми таркибии назарияи тарбия ба ҳисоб рафта, аз инсонҳо дониш ва маърифати баланд, хулқу атвори нек, меҳру муҳаббати беандоза нисбат ба падару модар, садоқат ба ватан, самимият ва меҳрубони нисбати инсонҳо, дӯст доштани табиат ва бо меъёр истифода бурдан аз сарватҳои он, ростгӯи, саховат, муруват, покизагӣ, адолат, ҷасорат, сабр, қаноат карданро талаб мекунад ва тарбия менамояд. Тарбияи маънавӣ-ахлоқиро таъмин нанамуда, насли солиму баркамолро ба ояндаи дурахшон раҳсипор намудан имконнопазир мебошад.




Қарори Девони Вазирони Ӯзбекистон аз 31 декабри соли 2019 таҳти рақами № 1059 дар бораи “Консепсия бардавоми маънавии тарбия ва роҳҳои амали гардонидани он” қабул карда шуд, ки ин чорабиниҳо барои боз ҳам самаранок гардонидани корҳои маънавӣ-маърифии насли наврас нигаронида шудааст. Дар ислоҳотҳои соҳаи таълим, тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ ҳамчун як қисми таркибии тарбияи насли наврас ҷой дошта аз ҷавонон дониши баланд, фикронии мустаҳкам, бовари ва такя ба илми худ карда барои ислоҳотҳои демократии давлатро боз ҳам чуқур ва мустаҳкам намудан ва сохтани ҷамъияти шаҳарвандӣ ҳиссаи худро зам карданро дар назар дорад.








Барои он ки ҷавонони бомаънавият ва босадоқати Ватанро тарбия намуда ба воя расонем, дар муассисаҳои таълимӣ як системаи мукаммали тарбияро ба роҳ бояд монем. Аммо дар ҳамаи муассисаҳои таълими системаи муайяни ҳамкорӣ ва алоқамандии компенентҳои тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ ба роҳ монда нашудааст. Ва дар баробари ин “низом”и ибора ва таърифи тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ дар адабиётҳои педагогӣ аниқ ва равшан ифода карда нашудааст. Лекин аниқ ва равшан аст, ки система ёки низоми тарбияи маънавӣ-ахлоқии насли наврас ба амал баровардани мақсадҳои умумии ҷавонон равона карда шудааст. Ба ҳамагон маълум аст, ба қалби инсон роҳ ёфтан аз таълиму тарбия сар мешавад.



Мутафаккир, устоди бузурги илми ахлоқшуносӣ Абдулло Авлонӣ таъкид мекунад “Тарбия барои мо масъалаи ё-ҳаёт, ё-мамот, ё-наҷот, ё-ҳалокат, ё-саодат ё-фалокат” аст.


Аз ин суханони боло маълум мешавад, ки тарбия санъати бағоят нозук ва ҷараёни дарозмуддат буда, ба худ муносибати ҷиддӣ мехоҳад. Хусусан падару модарон ва онҳое, ки касби педагогиро барои худ интихоб кардаанд, маҷбуранд, ки сиру асрори ин касбро пурра омӯзанд. Муаллимон ва падару модароне, ки аз илми тарбияшуноси бехабаранд, ёки тарбияро кори саҳл мешуморанд, сабаби ба вуҷуд омадани камбудиҳо ва нуқсонҳо дар тарбияи маънавӣ- ахлоқии насли наврас мешаванд.










Download 60.48 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
  1   2




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling