Семинари 16. Mавзӯъ: Тарбияи маънавm ахлоқӣ


Download 60.48 Kb.
bet2/2
Sana18.06.2023
Hajmi60.48 Kb.
#1574535
TuriСеминар
1   2
Bog'liq
16- Мавзӯъ

Мазмун ва моҳияти тарбия. Тарбия ин дар давоми тараққиёти дурударози инсоният дар байни авлодҳо ва вакилони он алоқа ва ворисиро ба амал оварда, ба насли наврас таҷрибаҳои зарури ҳаётӣ, иҷтимои-сиёсӣ, иқтисодӣ-маданиро бо шакли донишҳои зарурӣ ва хусусиятҳои амалӣ омӯзонида онҳоро ба меҳнат ва ҳаёти мустақилона тайёр кардан аст. Ҷараёни таълиму тарбия дар ҳар зинаи давраи тараққиёт, ба муносибати байни инсонҳо, вобаста ба тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ, мақсад ва фаолияти бошууронаи объективӣ, ки ба манфиати давлат ва ҷамъият равона карда шудааст бояд амал кунад. Аз ин сабаб мазмун, мақсад ва вазифаҳои таълиму тарбия, ҷараёни ташкил намудан, ба роҳ мондани шакл ва низоми таълиму тарбия, низоми морифи халқ, бояд ба қонунҳои тарбияи маънаӣ-ахлоқӣ, нигаронида шавад. Дар муассисаҳои таълимӣ ҳар як раҳбар ва шахсони масъуле, ки корҳои тарбияи маънавиро дар ӯҳда доранд бояд қонуниятҳои тарбияи маънавӣ-ахлоқиро ба инобат гирифта, дар ҳамин асос корҳои таълиму-тарбияро ба роҳ монанд.




Тарбия як кори ниҳоят мушкил доманадори бардавом ва заҳматталаб буда аз падару модарон ва омӯзгорон пайваста меҳнат карданро талаб мекунад, ки ин ба дараҷаи сиёсати давлати бардошта шудааст. Яъне дар тарбияи насли наврас кадом роҳро бояд таъин кард, то ки ба хатогиҳо ва камбудиҳо роҳ надиҳем ва фарзандони боақлу бомаърифат ва содиқи ватан-модарро тарбия намоем. Чунин саволҳо имрӯз тамоми олимон, донишмандон ва аҳли ҷомеъаро ба ташвиш оварда яке аз муҳимтарин муаммоҳои фанни Тарбияи маънавии бардавом мебошад.
Мақсад ва вазифаҳои тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ.Таърих ва таҷрибаи чандинасраи инсоният ҳаминро исбот карда, ки тараққиёт ва ояндаи дурахшони ҷамъият ба фаолияти ғоявӣ, маданӣ, маърифӣ, мафкуравӣ, ҷаҳонбинии динӣ ва дунявии ҳамон халқ ва ё миллат алоқаи ногусастанӣ дорад. Аз ин сабаб агар тараққиёт, талаб ва эҳтиёҷҳои ҷамъият ба талаб ва эҳтиёҷҳои рӯҳӣ, маънавӣ-ахлоқии ҳамин халқ ва ё миллат алоқаманд бошад, он ҷамъият, он халқ ба дараҷаи баланди ақлу идрок ва тафаккур ба камол мерасад ва ояндаи дурахшон дорад.

Муҳаддиси бузург, Имом ал-Бухорӣ, ки дар илми ҳадисшуноси “Амир ул мӯъминин” яъни “Имом ал- муҳаддисийн” як ҳазору сесад сол пеш ҳадисе ривоят карданд: “Ба ғайр аз илм дигар наҷот нест ва набошад”, ё дар ҷои дигар маърифатпарвари бузург Маҳмудхӯҷа Беҳбудӣ мегӯянд: “ Барои хушбахтона зиндагӣ кардан илмҳои дунёвӣ зарур аст, миллате, ки аз фан ва илмҳои замона бебаҳра мемонад аз тарафи дигар миллатҳо поймол мешавад”. Бо таъбири Президентамон Шавкат Мирзиёв: “Фарзандонамонро бо дасти худамон тарбия намуданро зиндагӣ худаш талаб дода истодааст.”


Савол ва супоришот:
1. Мақсади асосии тарбияи маънавӣ аз чи иборат аст?
2. Тарбияи маънавӣ гуфта чиро мефаҳмед?
3. Тарбияи ахлоқӣ гуфта чиро мегӯянд?
4. Мазмун ва моҳияти тарбияи маънавии бардавом аз чӣ иборат аст?
5. Алоқамандии таълиму тарбияро гуфта диҳед?
6. Дар бораи тарбия ЕSSEY нависед.
Download 60.48 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling