Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода
Қабули ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии сиёсати иҷтимоӣ
Download 0.93 Mb.
|
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ
2.Қабули ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии сиёсати иҷтимоӣ.
Дар Республика чунин ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии сиёсати иҷтимоӣ қабул карда шудааст: 1. Оиди хайрия. Фармони Девони Вазирони Республикаи Ӯзбекистон аз 4 марти соли 2000 “Дар бораи таъмини фаъолияти хазинаи хайрияи байналхалқии ноҳукуматии барои авлоди солим”. Дар он чунин вазифаҳои хазина муайян карда шудааст: - маблағҳоро ба дастури давлатии “Барои авлоди солим” нигаронидан; - тарғиб намудани тарзи ҳаёти солим дар оила ва ҷамъият; - восита ва маблағҳои кӯмаки хайрияи ҳомиёни хориҷа ва миллиро ҷалб намудан; - ёрии инсонпарварӣ расонидан ба оилаҳои серфарзанд, бачаҳои ногирон, тарбияёбандагони хонаи бачагон. 2. Оиди меҳру мурувват. Фармони Девони Вазирони Республикаи Ӯзбекистон аз 27-уми январи соли 2004 “Дар бораи меҳру мурувват”. Мақсади асосии он дар ҷамъият ба амал баровардани дӯстӣ, бародарӣ, осоиши байни халқҳо, хусусан, ривоҷдиҳии хислатҳои нек дар байни ҷавонон мебошад. 3. Оиди тарбияи авлоди солим. Қонуни Республикаи Ӯзбекистон “Дар бораи нигаҳдории тандурустии шаҳрвандон”. Аз рӯи ин қонун дар бораи ҳифзи саломатии шаҳрвандон якчанд фармонҳои ҳукумат қабул карда шудааст. 4. Оиди ҳимояи иҷтимоии занон. Қонуни Маҷлиси Олии Республикаи Ӯзбекистон аз 1-апрели соли 1998 “Дар бораи имтиёзҳои иловагӣ ба занон” ва дигар қарору фармонҳо дар бораи ғамхорӣ ба занон. 5. Оиди дастгирии оилаҳо. Фармони Президенти Республикаи Ӯзбекистон аз 16-июни соли 1994 “Дар бораи такмили системаи ёрии иҷтимоии оилаҳои серфарзанд” ва дигар амру қарорҳои ҳукуматӣ. Нафақаи иловагӣ барои инҳо муқаррар карда шудааст: - оилаҳое, ки бачаҳои ногирон доранд; - бачагони бепадару модар ва оилаҳое, ки бо тарбияи фарзанди хешу ақрабоён машғуланд; - оилаҳое, ки падар ё модарашон, ёки ҳардуяшон ногирон шудаанд; - яке аз падару модарон ё ҳардуяшон бекор мебошанд. 6. Оиди ёрӣ додан ба ногиронҳо. Фармонҳои Девони Вазирон “Дар бораи ҳимояи иҷтимоии ногиронҳо дар Республикаи Ӯзбекистон”, “Дар бораи нафақа тайин кардан ба шахсоне, ки аз ҷавонӣ ногирон шудаанд, пиронсолон ва лаёқати меҳнатӣ надошта аз 24-июни соли 1994 эълон карда шудааст. 7. Оиди ҳимояи қисми камтаъминшудаи аҳолӣ. Фармони Республикаи Ӯзбекистон қабул карда шудааст. 8. Оид ба мустаҳкам намудани мавқеи иҷтимоии маҳалла. Дар ин бора Јонун “Дар бораи органҳои худидоракунии шаҳрвандон” аҳамияти калон дорад. Дар ин ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳукумат ваколатҳои шӯрои сарварони маҳаллаҳо муайян карда шудааст. Дар шароити ҳозира шаклҳои нави сиёсати иҷтимоӣ, корҳои гуногуни иҷтимоӣ ба вуҷуд омадааст. Дар ин бора Қарори Девони Вазирон “Дар бораи бунёди системаи тиббиӣ-иҷтимоӣ дар Ӯзбекистон” қабул карда шуд. Download 0.93 Mb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling