Мавзӯи 9. Педагогикаи иҷтимоӣ - ҳамчун фан
Нақша:
1.Моҳияти мафҳуми “Педагогикаи иҷтимоӣ”.
2. Фаъолияти иҷтимоӣ – педагогӣ ва таълими иҷтимоӣ.
3. Тарбия ва тарбияи иҷтимоӣ.
4. Аҳамияти ёрии индивидуалӣ.
Ибораҳои такягоҳ: педагогикаи иҷтимоӣ, фаъолияти илмӣ, иқтисодиёти бозор, рақобат, аз бюджет маблағ ҷудокунӣ, беқарории ҳолати иқтисодӣ, тарбияи иҷтимоӣ, донишҳои иҷтимоӣ, ёрии индивидуалӣ, ахборот, усулҳои фаъолият.
1.Моҳияти мафҳуми “Педагогикаи иҷтимоӣ”
Таърифи педагогикаи иҷтимоӣ ҳамчун фан боиси як қатор баҳсу мунозираҳо шуда истодааст. Маълум аст, ки ҳар як фан ҳамчун ягонагии назария ва амалиёт фаъолият нишон медиҳад. Ин ду соҳа, яъне назария ва амалиёт ҳамеша мазмуни якдигарро пурра карда, ба мукаммал шудани воқеият таъсири худро мерасонад. Аз ин чунин хулоса мебарояд, ки мо педагогикаи иҷтимоиро ҳамчун соҳаи фаъолияти илмӣ ва амалӣ бояд биомӯзем. Ба ғайр аз ин педагогикаи иҷтимоӣ ба монанди фанҳои дигар (фалсафа, математика, биология) фаъолият нишон доданаш лозим аст.
Ӯзбекистон давлати дорои анъанаҳои таърихии педагогӣ мебошад. Дар осори мутафаккирон ва диншиносони Шарқ ғояҳои ба педагогикаи иҷтимоӣ хос мавҷуданд. Фаъолияти маорифпарварони асри ХIХ дар соҳаи тарбияи иҷтимоӣ манбаи педагогикаи иҷтимоӣ ҳисоб меёбад.
То солҳои 90-уми асри ХХ педагогикаи иҷтимоӣ бо сабабҳои объективӣ аз ривоҷёбӣ бозистод. Дар охири асри ХХ педагогикаи иҷтимоӣ ба инкишоф шурӯъ кард. Ин ҳолат бо зарурияти истифодаи комёбиҳои педагогикаи иҷтимоӣ дар фаъолияти амалӣ вобаста аст. Қоидаҳои фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ: иқтисодиёти бозор, рақобат, аз бюджет маблағ ҷудокунӣ, беқарории ҳолати иқтисодӣ ба педагогикаи иҷтимоӣ рӯ оварданро талаб кард.
Як қатор олимони Россия барои таъриф додани педагогикаи иҷтимоӣ кӯшиш кардаанд. Масалан, Ю.В.Василково таъкид намудааст, ки ин фан “Назария ва амалиёт тарбия ва таълими шахс ё гурӯҳи алоҳида мебошад”.
Назар ба фикри А.В.Мудрик “Педагогикаи иҷтимоӣ - педагогикаи омӯхтани тарбияи иҷтимоии ҳамаи синну сол ва гурӯҳи иҷтимоӣ мебошад”.
В.Д.Семёнов бошад педагогикаи иҷтимоиро “Фан дар бораи муттаҳид намудани комёбиҳои муайян ва дар ҷараёни тарбияи иҷтимоӣ ба амал баровардани он” номидааст.
И.П.Подласий чунин таъриф додааст: “Педагогикаи иҷтимоӣ - фан дар бораи қонуниятҳои таъсиррасонӣ ба ташаккули шахс ва муаммоҳои тарбияи иҷтимоӣ аст”.
М.А.Галаузова кӯшиш кардааст, ки ба педагогикаи иҷтимоӣ бо муайян кардани объект ва предмети он таъриф диҳад.
Маълум аст, ки фан фаъолияти донишҳои объективиро ба як система дароварда, ба истеҳсолот менигаронад. Педагогикаи иҷтимоӣ аз ду мафҳум иборат: “педагогика” ва социология”.
Do'stlaringiz bilan baham: |