Мавзӯи 12. Тарбия – ҳодисаи иҷтимоӣ
Нақша:
1.Ҷараёни тараққиёти таърихии тарбия
2.Қоидаҳои тарбия
3.Қоидаи ба табиат мувофиқ будани тарбия
4.Қоидаи мувофиқатии тарбия ба маданият
Ибораҳои такягоҳ: тарбияи корекционӣ, вазифа, шакл ва усули тарбия, хусусияти инсонпарварӣ, иҷтимоишавии бачагон, қоидаи муттасилии тарбия, қадрияти индивидуалӣ, ғояи бо табиат мувофиқ будани тарбия.
Дар ҷамъияти ҳозира як силсилаи яклухти воситаю омилҳои иҷтимоӣ мавҷуд аст. Омилҳои иҷтимоӣ дар ҷараёни истифодаи захираҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд омада, барои қонеъ гардонидани ин ё он эҳтиёҷоти шахс (иқтисодӣ, сиёсӣ, маданӣ, динӣ) ба вуҷуд меояд.
Аз китоби методикаи корҳои тарбияви ва маҳорати педагоги истифода баред
1.Ҷараёни тараққиёти таърихии тарбия
Дар ҷараёни тараққиёти таърихии ҳар як ҷамъият чунин ҳодисаҳо рӯй медиҳад:
- тарбия ба навъҳои оилавӣ, динӣ, иҷтимоӣ ҷудо мешавад, мавқеъ, аҳамият ва муносибати байниҳамдигарии онҳо бетағйирот мемонанд;
- тарбия аз тарафи авлоди калонсол ба авлоди ҷавон гузаронида шуда, насли наврасро бештар иҳота менамояд;
- дар ҷараёни тарбия қисмҳои таркибии он ҷудо мешавад: таълим гирифтан, маълумотнок шудан;
- тарбияи корекционӣ (тадбирҳои бартараф намудани нуқсонҳои рӯҳӣ ва ҷисмонӣ) ба вуҷуд меояд;
- вазифа, шакл ва усули тарбия тағйир меёбад;
- аҳамияти тарбия меафзояд ва он вазифаи асосии ҷамъият шуда мемонад.
Тарбия ҳамчун ҳодисаи иҷтимоӣ соҳаҳои зеринро дар бар мегирад: маҷмӯи тарбияи оилавӣ, динӣ, иҷтимоӣ, коррекционӣ, ҷамъи ролҳои иҷтимоӣ, фаъолияти тарбиячиён, тарбияёбандагон, аъзоёни оила, арбобони дин, роҳбарони ташкилотҳои тарбиявӣ, дараҷаи таълим ва касбии тарбиячиён ва ғайраҳо.
Вазифаҳои асосии тарбияи иҷтимоӣ:
- ташаккули ҷаҳонбинии ба як мақсад равонакардаи аъзоёни ҷамъият, ба вуҷуд овардани шароитҳо барои қонеъ гардонидани як қатор эҳтиёҷҳои ҳаётӣ;
- тайёр кардани кадрҳо ба фаъолият ва инкишофи ҷамъият;
- таъмин намудани барқарории ҳаёти иҷтимоӣ ба воситаи мерос гузоштан ба шахсони маданиятнок;
- таъмин намудани ягонагии майлу рағбат ва мақсадҳои аъзоёни ҷамъият ва таъмин намудани вобастагии манфиатҳои иҷтимоӣ, касбӣ ва миллии онҳо.
Do'stlaringiz bilan baham: |