4.Қоидаи мувофиқатии тарбия ба маданият
Қоидаи ба маданият мувофиқат намудани тарбия дар асарҳо педагоги инглис Ҷон Лок (асри XVII), мутафаккири франсавӣ Клод Гельвеций (асри XVIII) ва педагоги швеция Йоганн Песталоцци акс ёфтааст.
Аз рӯи фикри педагоги немис Фридрих Дистервег (асри XIX) қоидаи ба маданият мувофиқат намудани тарбия маданият бояд ба қадриятҳои умуминсонӣ асос ёбад. Ин қоида мақсад дорад, ки бачагон ва наврасон маданияти халқ ва ҷамъиятро азбар намоянд. Дар ин ҷо равишҳои миллӣ, ҷисмонӣ, маданӣ, ақлӣ, моддӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, ахлоқии маданӣ дар назар дошта шудааст.
Қоидаи вариативии тарбия. Ин қоида бо гуногунрангии эҳтиёҷоти шахс вобаста аст. Вариативии тарбия талаб мекунад, ки дар ҷараёни тарбия бояд хусусиятҳои этникӣ, хусусиятҳои шахсӣ, синну соли тарбияёбандагон ба ҳисоб гирифта шавад.
Қоидаи ҷамоавии тарбия. Иҷтимоишавии бачагон дар ҷараёни муносибат бо ҳамсолон ва калонсолон рӯй медиҳад. Тарбияи иҷтимоӣ дар ҷамоа ба амал бароварда мешавад.
Ғояи воситаи асосӣ будани ҷамоа дар замонҳои қадим пайдо шудааст. Асосҳои назарии он аз асри XIX сар карда, аз нуқтаи назари педагогӣ тадқиқ карда шудааст.
Мувофиқи ин қоида тарбия дар ҷамоаҳои гуногун ба амал бароварда мешавад, ба инсон имконият медиҳад, ки таҷрибаи дигаронро омӯзад ва ба ҳаёт тадбиқ намояд.
Қоидаи якҷоягии фаъолии тарбия. Зарурияти муоширати байни тарбиячӣ ва тарбияёбанда ҳанӯз дар Элладаи қадим пайдо шуда, сипас дар осорҳои як қатор педагогҳо акс ёфтааст. Фаъолияти якҷояи тарбиячӣ ва тарбияёбанда дар ҷараёни муомилаи байни онҳо ва ба амал баровардану иҷрои арзишҳои ақлӣ, иҷтимоӣ сурат мегирад.
Дар фаъолияти якҷоя баробарҳуқуқии тарбиявӣ ва тарбиягиранда не, балки ҳурмати байниҳамдигарии онҳо роли асосӣ мебозад.
Қоидаи муттасилии тарбия. Муттасилии тарбия ҳар як давраи ривоҷёбии инсонро ҳамчун қадрияти индивидуалӣ ва иҷтимоӣ медонад. Дар ҷараёни ривоҷёбии иҷтимоии бачагон ва наврсон доимо муттасилӣ, давомдор будану нотамомии ин ҷараён мавҷуд аст.
Мувофиқи ин қоидаҳои тарбия амал кардан ба педагог имконият медиҳад, ки дар кори таълиму тарбия комёбӣ ва самараҳои хуб ба даст оварад.
Do'stlaringiz bilan baham: |