Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода


Мавзӯи 13. Фаъолияти иҷтимоӣ – педагогӣ


Download 0.93 Mb.
bet45/89
Sana16.06.2023
Hajmi0.93 Mb.
#1495322
1   ...   41   42   43   44   45   46   47   48   ...   89
Bog'liq
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ

Мавзӯи 13. Фаъолияти иҷтимоӣ – педагогӣ
Нақша:

  1. Фаъолияти иҷтимоӣ - педагогӣ бо оила

  2. Вазифаҳои асосии оила дар ҷамъият

  3. Кори педагоги иҷтимоӣ бо оила

4.Намудҳои ёрии иҷтимоӣ

Ибораҳои такягоҳ: вазифаҳои асосии оила, душвориҳои моддӣ-иқтисодӣ, инқирози маънавӣ, таъмин кардани ноболиғон, тарбияи оилавӣ, муносибати индивидуалӣ, тарбияи оилавӣ баҳсу мунозираҳо, мавқеи оила, шароити зиндагонӣ, анъанаҳои маданӣ
Аз китоби Одоби оиладори мавзўъҳоро пурра кунед

1.Фаъолияти иҷтимоӣ - педагогӣ бо оила


Оила ва хусусиятҳои он. Оила дар тарбияи шахс вазифаҳои муҳимтаринро иҷро мекунад. Зеро маҳз дар оила қобилиятҳои индивидуалӣ, майлу рағбатҳои шахсӣ, касбӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ташаккул меёбад. Аз ҷиҳати иҷтимоӣ оила ҷамоа ҳисоб меёбад. Мавқеи бузурги оиларо дар тарбия ва ташаккули шахс ба ҳисоб гирифта, Президенти Республикаи Ӯзбекистон соли 2012-ро “Соли оилаи мустаҳкам” эълон кардааст.
Ҳақиқатан ҳам оила ва муносибатҳои байниҳамдигарии аъзоёни оила дар камолоти бачагон ва наврасон хеле бузург аст. Дар оилаҳои серфарзанди халқҳои мо, ки тартиби падаршоҳӣ нигоҳ дошта шудааст, муносибатҳои оилавӣ барқарор аст. Аммо дар шароити ҳозира бисёр оилаҳо, аз ҷумла оилаҳои ӯзбек ҳам дучори инқирозҳо шудааст. Кам шудани шумораи аъзоёни оила, аз ҳамдигар дур шудани онҳо муаммоҳои гуногуни ҳаётиро ба вуҷуд меоварад.
Оила дар ду равиш вуҷуд дорад: ҳамчун гурӯҳи хурди иҷтимоӣ ва ҳамчун маскани иҷтимоӣ. Дар ҳолати аввал, оила дар асоси хешу таборӣ ташкил ёфтааст ва бо якҷоя зистан характернок бошад, дар ҳолати дуюм оила масканест, ки одамон дар он умр ба сар мебаранд, зиндагӣ мекунанд.

2.Вазифаҳои асосии оила дар ҷамъият
Вазифаи репродуктивӣ. Ин вазифа бо давомдиҳии насли инсон вобаста аст. Баробари он, ки ҳозир дар Ӯзбекистон оилаҳои серфарзанд бисёранд, кам шудани шумораи аъзоёни оила ҳам мушоҳида карда мешавад. Ин ҳодисаҳо бо душвориҳои моддӣ-иқтисодӣ, инқирози маънавӣ, ҷудо шуда аз хонаи падару модарон баромадани оилаҳои ҷавон, дараҷаи хизмати тиббӣ, таъсири экология ба саломатии инсон ва ғайраҳо вобаста аст.
Вазифаи иқтисодӣ. Асоси ин вазифаро барои дигар аъзоёни оила ёфтани маблағ аз тарафи оилаи дигар, таъмин кардани ноболиғон ва пиронсолон аз ҷиҳати моддӣ ва ғайраҳо ташкил медиҳад. Муноси­бат­ҳои иқтисодиёти бозор, ғундоштани молу мулк, соҳиб шудан ба мул­ку чиз, масъалаҳои мерос вазифаи иқтисодии оиларо ташкил медиҳад.
Вазифаи иҷтимоишавӣ. Оила гурӯҳи аввалин ва асосии таъсирбахши ташаккули бачагон мебошад. Дар оила алоқаҳои табиӣ-биологӣ ва иҷтимоии падару модар ва бачаҳо бо ҳамдигар узвӣ пайваст мебошад. Оила ҳамчун макромуҳит ба ривоҷёбии рӯҳӣ, ҷисмонӣ ва иҷтимоии бачагон таъсири худро мерасонад. Вазифаи оила ба ҷамъият тадриҷан тайёр кардани насли наврас аст. Дар оила ба инсон таълиму тарбия дода мешавад, инкишофи қобилиятҳои ақлӣ, ахлоқии вай содир мешавад.
Вазифаи хоҷагӣ - маишӣ. Оила асоси ҷамъият ва доимии хоҷагӣ ҳисоб меёбад. Ҳар оила ҳолати ҷисмонии аъзоёни худро дар як маром нигоҳ медорад, ба пиронсолон ва кӯдакон ғамхорӣ зоҳир карда мешавад. Дар замони ҳозираи тараққиёти илму техника корҳои ҳаррӯзаи он (хӯрок пухтан, тоза кардани хонадон, ҷомашӯӣ, либосдӯзӣ ва ғайраҳо) ба зиммаи корхонаҳои хизматрасонӣ гузошта мешавад.
Вазифаҳои тарбиявӣ. Оила дар иҷтимоишавии бачагон роли асосӣ мебозад. Дар ташаккули бачагон таъсири атмосфера ва иқлим ҳам мавҷуд аст. Воситаи асоситарини тарбия намунаи шахсӣ аст.
Мо дар қисми “Тарбия - маркази иҷтимоӣ”-и ин боб дар бораи мавқеи тарбия дар тараққиёти ҷамъият ва давлат муфассал истода гузашта будем.
Вазифаи психотерапевтӣ. Ин вазифа дар чӣ гуна ҳис намудани аъзоёни оила намоён мешавад. Назар ба гуфтаи психологҳо, социологҳо ва педагогҳо нерӯи инсон дар оила барқарор мешавад.
Хусусиятҳои минтақавии оилаҳои серфарзанд дар Ӯзбекистон
Дараҷаи баланди таваллудшавӣ дар Ӯзбекистон бо чунин омилҳои минтақавӣ вобаста аст:
- таъсири шароитҳои географӣ ва иқлим ба организми инсон, тӯлкашии давраи ҳомилаи занон;
- анъанаи бармаҳал сурат гирифтани никоҳ;
- омилҳои иҷтимоӣ;
- мавқеи зан дар ҷамъият ва оила.
Дар вақти ҳозира оид ба хусусиятҳои мусбат ва манфии серфарзандӣ дар тарбияи оилавӣ баҳсу мунозираҳо давом мекунад. Аммо ин муаммо то ба охир омӯхта нашудааст.
Оилаи серфарзанд ҷамоаи иборат аз калонсолон ва хурдсолон аст. Дар он барои иҷтимоишавии шахс шароитҳои мувофиқ фароҳам меояд.
Оё дар оилаҳои серфарзанд дар ҷараёни тарбия муносибати индивидуалӣ кардан мумкин аст?
Бояд гуфт, ки барои муносибати индивидуалиро ҷорӣ намудан, пеш аз ҳама, донишҳои психологӣ ва педагогӣ, инчунин барои мушоҳидаи бачагон вақт лозим аст.
Дар бисёр оилаҳои мо корҳои хонаро бештар духтарон иҷро мекунанд. Писарон аз ин гуна корҳо қариб озод мебошанд. Ин ҳолат баъдтар дар характери писарон одатҳои бадро ба вуҷуд оварданаш мумкин аст.
Дар баъзе оилаҳо бачагон бо корҳои рӯзғор вақти аз ҳад зиёд машғул мешаванд. Ин ба таълимгирии онҳо таъсири манфӣ расонданаш мумкин аст. Дар оилаҳо аксари падару модарон ба таълими бачагон бефарқ нигоҳ мекунанд. Ба дарстайёркунии бачагон якчанд омилҳо халал мерасонанд: тамошои телевизор, сӯҳбати аъзоёни оила, иҷрои корҳои хона ва ғ.
Як қатор олимон - педагогҳо дар чунин ақидаанд, ки айнан дар оилаҳои серфарзанд барои тарбияи бачагон шароитҳои мусоид мавҷуд аст. Бачагони оилаҳои серфарзанд аз дигар бачагон бо меҳнатдӯстӣ, хушахлоқӣ, меҳрубонӣ, мустақилӣ, кордонӣ фарқ мекунанд.
Ба ҳамин тариқ оилаи серфарзанд ба инкишофи қобилияту тарбияи фарзандон таъсири мусбат мерасонад.
Мавқеи иҷтимоии оила. Нишондиҳандаи мувофиқшавии оила дар ҷамъият мавқеи иҷтимоӣ, яъне ҳолати имрӯзаи он аст. Мавқеи оила бо маҷмӯи кору ҳаракати индивидуалии аъзоёни оила ташаккул меёбад. Чор мавқеи иҷтимоии оила вуҷуд дорад: иҷтимоӣ - иқтисодӣ, иҷтимоӣ - рӯҳӣ, иҷтимоӣ - маданӣ, вазъиятдор - ролдор.
Мавқеи иҷтимоӣ-иктисодӣ ҳолати моддии оиларо муайян мекунад. Ин ҳолат даромад, нишондиҳандаҳои зист, таъминоти моддиро дар бар мегирад. Даромадҳо баланд, миёна ва паст мешаванд.
Даромади баланд на танҳо имконияти қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти маишӣ медиҳад, балки барои истифода бурдан аз хизматҳои дигар замина пайдо мекунад.
Даромади миёна баробари қонеъ гардонидани эҳтиёҷи минималии иҷтимоӣ барои таълими иловагӣ гирифтан ва дигар хизматҳо шароитҳо ба вуҷуд меоварад.
Даромади паст. Дар ин гуна оила дараҷаи зиндагонӣ аз меъёри муайянгардида паст, дар хӯрок, сару либос ва пардохти ҳаққи хонаю ҷою газу об ва қувваи барқ муаммоҳо мавҷуд аст.
Мавқеи психологӣ иқлими психологии оила ҳисоб меёбад. Иқлими хуб наздикии эмоционалӣ, ҳамкорӣ, баробарҳуқуқиро ба вуҷуд меоварад. Иқлими нохуши оилавӣ боиси сар задани ҷангу ҷанҷолу низоъҳо мешавад.
Мавқеи иҷтимоӣ-маданӣ. Ин мавқеъ бо дараҷаи илму дониш, маданият, анъанаҳои хуби оилавӣ, истироҳати пурмазмун ва мадании аъзоёни оила вобаста аст.
Мувофиқшавии иҷтимоӣ дар асоси чор категория ташаккул меёбад:
Оилаи осоиштаю хушбахт. Дар чунин оилаҳо тамоми аъзоён вазифаҳои худро иҷро мекунанд, эҳтиёҷи бачагон ба зудӣ қонеъ гардонда мешаванд. Муаммое пайдо шавад, онро оила зуд ҳал мекунад.
Оилаҳои хавфнок. Дар ин гуна оилаҳо дараҷаи маданияту маънавият паст мебошад. Падару модарон дар тарбияи бачагон душворӣ мекашанд, ба ёрии педагог эҳтиёҷманд мебошанд.
Оилаҳои ноосоишта. Дар ин гуна оилаҳо аъзоёни оила вазифаҳои асосии худро иҷро карда наметавонанд. Падару модари дар тарбияи фарзандон ба бисёр мушкилиҳо дучор мешаванд. Ёрии педагог дар ин гуна оилаҳо хеле зарур аст.
Оилаҳои беназорат. Дар чунин оилаҳо бачагон бе назорат мондаанд. Дараҷаи маданият, тозагӣ, гигиена хеле паст. Педагог бо ҳамкории органҳои нигаҳдории тартиб кор мебарад.

Download 0.93 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   41   42   43   44   45   46   47   48   ...   89




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling