Мавзӯи 14. Фаъолияти иҷтимоӣ – педагогӣ бо бачагони синни томактабӣ
Нақша:
Омилҳои иҷтимоӣ дар механизмҳои адаптатсионии инсон
2.Мавқеи муассисаҳои томактабӣ дар ташаккули бачагон
3. Хусусиятҳои бачагони синну соли томактабӣ
4.
5.
Ибораҳои такягоҳ: адаптатсияи инсон, механизмҳои адаптатсионии инсон, азхудкунии замин ва коинот, механизмҳои ба муҳит одаткунӣ, азнавкоркунии ахборот, муҳити нав, шароити нав, педагогикаи иҷтимоӣ, кори иҷтимоӣ, тандурустӣ.
Мафҳуми адаптатсия. Адаптатсия - ба шароити атроф мувофиқ шудани органҳо ва аъзои он аст. Тамоми мавҷудотҳои зинда соҳиби механизмҳое мебошанд, ки ба муҳити тағйирёбандаи гирду атроф мувофиқ шуданро таъмин мекунад. Пешакӣ дида тавонистани ин тағйиротҳо ва ба он одат кардан фақат ба инсон хос аст. Ин қобилияти баланди адаптатсияи инсон модарзодӣ набуда, дар натиҷаи алоқаи доимӣ бо муҳит ривоҷ меёбад.
1. Омилҳои иҷтимоӣ дар механизмҳои адаптатсионии инсон
Роли ҳалкунандаро дар механизмҳои адаптатсионии инсон омилҳои иҷтимоӣ мебозад. Инкишофи илму техника, азхудкунии замин ва коинот, васеъ шудани воситаҳои алоқа, компьютеркунонӣ, интернети байнидавлатӣ имконияти ба шароит тез мувофиқшавии инсонро фароҳам овард.
Таваллуди инсон дар давраи адаптация имтиҳони аввалин аст. Дар кӯдаки навзод механизмҳои ба муҳит одаткунӣ мавҷуд мебошад.
Дар овони тифлӣ дар натиҷаи муносибатҳои фаъоли байниҳамдигарӣ ба муҳит дар фаъолияти системаи олии асаб баъзе функсияҳои мураккаб ба вуҷуд меояд. Қабул ва азнавкоркунии ахборот ба бачагон имконияти азхуд намудани таҷрибаи муҳитро фароҳам меоварад ва он ба воситаи тарбия ба амал бароварда мешавад.
Дар солҳои охир диққати олимон ба масъалаи адаптацияи бачагон хеле афзуд. Муаммои адаптатсияи бачагон дар муассисаҳои таълим аҳамияти муҳим дорад.
Ривоҷёбии шахсияти бачагон ба гуногунрангаи алоқаҳои онҳо вобаста аст. Аз ин рӯ ташаккули бармаҳали алоқаҳо дар тарбия таъсири мусбат мерасонад.
Барои адаптатсияи иҷтимоии шахс маълумотҳои нав дар бораи алоқаҳои иҷтимоии муҳит ва меъёрҳо аҳамияти калон дорад. Мувофиқ шудан ба талабҳои нави иҷтимоӣ якчанд душвориҳои рӯҳӣ - ҳиссиро ба вуҷуд меоварад.
Бача адаптатсияи иҷтимоиро дар асоси таҷрибаи худ меомӯзад.
Do'stlaringiz bilan baham: |