Мавзӯи 15. Фаъолияти иҷтимоӣ – педагогӣ бо бачагони синни томактабӣ
Нақша:
Адаптатсия ва хусусиятҳои он.
Хусусиятҳои мувофиқшавии бачагони синни томактабӣ дар шароити муассисаҳои томактабӣ
Камбудиҳои тарбияи оилавӣ
Ибораҳои такягоҳ: мафҳуми адаптатсия, мутобиқшавии организм, фаъолияти организм, омилҳои иҷтимоӣ, ривоҷёбии шахсияти бачагон, алоқаҳои иҷтимоӣ, ҳолати эмотсионалии бача, адаптатсияи сабук, адаптатсияи миёна, таъсири тарбиявӣ.
1.Адаптатсия ва хусусиятҳои он
Мафҳуми адаптатсия. Адаптатсия - хусусияти ба муҳити беруни мутобиқшавии организм аст. Ба ғайр аз ин адаптатсия қобилияти мувофиқи эҳтиёҷи муҳити берунаи фаъолияти организм ҳам мебошад.
Тамоми мавҷудоти зинда соҳиби механизмҳои доимии адаптатсионӣ ба муҳити гирду атроф мебошад. Вале ин дигаргуниҳои атрофро пешакӣ дидан ва ба он одат кардан фақат ба инсон хос аст.
Дар механизмҳои адаптатсионии инсон роли ҳалкунандаро омилҳои иҷтимоӣ мебозад.
Таваллуди инсон оиди адаптатсия имтиҳони аввалин мебошад. Дар кӯдаки навзод ҳам механизмҳои одаткунӣ ба шароити нави зиндагӣ мавҷуд аст. Дар даври тифлӣ дар муносибат ба муҳит дар фаъолияти олии асаб баъзе дигаргуниҳо ба вуҷуд меояд. Қабул ва азнавкоркунии ахборот дар кӯдак имконияти азхудкунии таҷрибаҳои иҷтимоиро ба воситаи таъсири тарбиявӣ пайдо мекунад.
Ривоҷёбии шахсияти бачагон ба гуногунрангии алоқаҳои ӯ вобаста аст. Яъне, ривоҷёбии ҳарҷонибаи бача ба инкишофи ҳартарафаи алоқаҳои ӯ ҳам сабаб мешавад. Аз ин рӯ ташаккули бармаҳали алоқаҳои иҷтимоӣ ба тарбия таъсири мусбат мерасонад. Ин ҷараён, махсусан дар давраи даҳ соли аввали ҳаёт бо суръати тез давом медиҳад.
Бача мувофиқи таҷрибаи худ дар ҷараёни таълиму тарбия адаптатсияро меомӯзад. Бача ба муассисаҳои томактабӣ рафта, бо одамон ва бачагони дигар вохӯрда, бо онҳо муомила ва муносибат карда, ба ҳолатҳои нав одат мекунад.
Do'stlaringiz bilan baham: |