Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода


Download 0.93 Mb.
bet53/89
Sana16.06.2023
Hajmi0.93 Mb.
#1495322
1   ...   49   50   51   52   53   54   55   56   ...   89
Bog'liq
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ

3.Камбудиҳои тарбияи оилавӣ
Камбудиҳои зерини тарбияи оилавӣ ба вазнин гузаштани ҳолати адаптатсияи бачагон таъсир мерасонад:
- нодуруст хӯрокхӯрӣ;
- эрка кардани бачагон;
- одатҳои манфӣ;
- малакаҳое, ки ба синни бачагон рост намеояд.
Фаъолияти педагоги иҷтимоӣ аз се дараҷа иборат аст: ташхис, тайёрӣ, амалиёт.
Харитаи патрионажи давраи якум:
1. Маълумот дар бораи падару модар:
- падараш (ф.н.н.) соли таваллуд, ҷои кор, вазифа;
- модараш (ф.н.н.) соли таваллуд, вазифа, ҷои кор;
- таваллуди кӯдак.
2. Шароитҳои маишӣ:
- миқдори аъзоёни оила;
- шароити зист;
- шароити шустушӯй;
- тозагии ҳавои ҷои зист;
- дигар бачаҳо ба кадом муассиса мераванд?
3. Маълумот дар бораи бача:
- синну сол;
- саломатӣ;
- ба бача кӣ нигоҳубин мекунад?
- тартиби рӯзгузаронии бача;
- вай хонаи алоҳида, кай дорад?
4. Вақти бедорӣ:
- бача вақти бедориро чӣ тавр мегузаронад?
- муддати бедорӣ;
- бозиҳои дӯстдоштааш;
- муносибат ба либоспӯшӣ, шустушӯй;
- муносибати бача ба калонсолон;
- сайру гашти бача.
5. Хӯрокхӯрӣ:
- ба тартиби хӯрокхӯрӣ риоя мекунад?
- бача чӣ мехӯрад?
- иштиҳои бача.
6. Хоб:
- худнигаҳдории бача дар вақти хоб;
- либоси хоб;
- рӯзона чанд бор мехобад?
- мӯҳлати хобравӣ;
- чӣ тавр бедор мешавад?
- шабона чӣ тавр мехобад?
Дар ҷадвали 1 ҳолати ҳис, иштаҳа, хоби бача ба эътибор гирифта мешавад.
Ҷадвали 1
Варақи адаптатсияи бача
Муассисаи томактабӣ ______________________ гурӯҳ _______________ рӯзи таваллуд __________________________________. Рӯзи дохил шудан ба муассиса _______________ синну сол, моҳ ______________________________.
Давраи тайёрӣ якчанд тадбирҳоро дар бар мегирад:
- аниқ кардани сабабҳои адаптатсияи вазнин;
- ҳамкорӣ бо ходимони тиб, психологҳои ҷои зист;
- назорати иҷрои тадбирҳои тандурустӣ дар муассисаҳои томактабӣ;
- тартиб додани нақшаи ёрӣ ба бачагон;
- бо мақсади осон гузаштани адаптатсия бо оилаҳо алоқа кардан.
Дар давраи амалӣ фаъолияти педагог ба чунин қоидаҳо бояд асос карда шавад:
- ташаккули муносибати ягона нисбат ба бачагон дар оила ва яслию боҚча;
- алоқа бо оила;
- васеъ кардани доираи ахборот;
- дастгирии рӯҳӣ - эмотсионалии бачагон.



Download 0.93 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   49   50   51   52   53   54   55   56   ...   89




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling