Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода


Кор бо оилаҳое, ки кӯдакро ба тарбияи худ гирифтаанд


Download 0.93 Mb.
bet61/89
Sana16.06.2023
Hajmi0.93 Mb.
#1495322
1   ...   57   58   59   60   61   62   63   64   ...   89
Bog'liq
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ

2.Кор бо оилаҳое, ки кӯдакро ба тарбияи худ гирифтаанд
Педагоги иҷтимоӣ дар ҷараёни кор бо оилаҳое, ки кӯдакро ба тарбияи худ гирифтанд, бояд якчанд қоидаҳоро иҷро намояд. Ин ба чунин зинаҳои фаъолият тааллуқ дорад. Интихоби оилаҳо, падару модаронро хонондан ва ғайраҳо. Фаъолияти педагоги иҷтимоӣ якҷоя бо фаъолияти ходимони иҷтимоӣ, шифокорон, психологҳо, дефектологҳо ба амал бароварда мешавад.
Объекти фаъолият бача ва оила ҳисоб меёбад. Кор бо оилаи бача қабул кардагӣ аз якчанд зинаҳо иборат аст.
Схемаи 2.



Зинаҳои фаъолияти
иҷтимоӣ-педагогӣ

Вазифаҳои фаъолияти иҷтимоӣ-педагогӣ

Усулҳои фаъолияти иҷтимоӣ-педагогӣ

1.

Ҷустуҷӯи оилаҳое, ки
кӯдакро ба тарбияи худ гирифтанӣ ҳастанд.

Ахборот додан.

Анкета, сӯҳбат.



2.

Омӯхтани падару
модарони оянда.

Таҳлил кардан.

Анкета, сӯҳбат.

3.

Ташриф ба муасси­са­ҳои бачагон (хонаи ба­чагон, интернат ва ғ.)

Воситачигӣ.

Мушоҳида, сӯҳбат.

4.

Омӯхтани оилае, ки кӯдакро ба тарбияи худ мегирад.

Ташхис кардан.

Тест, сӯҳбат.



5.

Таълими ибтидоӣ: маърӯза, сӯҳбат гузаронидан.

Таълим додан.

Маърӯза, сӯҳбат.

6.

Бачаро ба оила ҷойгир кунонидан, маърифати педагогии падару модарон.

Патронаж.

Истифода аз маводҳои гуногун.

Зинаи якум - бо ҷустуҷӯи падару модароне, ки бача гирифтан мехоҳанд. Шахсоне, ки ин масъулиятро ба зимма мегиранд бояд ариза навишта, дар он ному насаб, ҷои зист, телефони хона, синну соли фарзандони худ ва чанд нафар бача гирифтаниаш ва дигар маълумотҳоро бояд нишон диҳанд.


Дар зинаи дуюм шахси ариза навиштагӣ анкета ёки дигар ҳуҷҷатро пур мекунад. Дар он ҳолати оила баён карда мешавад: тарзи зист, муносибат ба дин, аҳволи саломатии ҳамсар, ҳолати молиявӣ, сабаби бача қабул кардан нишон дода мешавад.
Зинаи сеюм - аз воситачигии педагоги иҷтимоӣ бо муассисаҳои бачагон ва оилаҳо иборат аст.
Зинаи чорум - ҳарҷониба омӯхтани одамони гирду атрофро талаб мекунад. Педагоги иҷтимоӣ бо ариза ва анкетаи пуркардашуда шинос шуда, бо аъзоёни оила сӯҳбат мегузаронад.
Зинаи панҷум - бо маърифати едагогии падару модарони оянда вобаста буда, қариб як моҳ давом мекунад ва дар муассиса донишу малакаҳои гуногун ҳосил карда мешавад.
Зинаи шашум - бо супурдани бачагон баоила вобаста аст. Ин ҳолат бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва органҳои адлия ба амал бароварда мешавад.
Боз як хели оилаҳои бачақабулкунӣ мавҷуд аст, яъне оилаи муваққатӣ қабулкунанда. Ин гуна оила дар ҳангоми тасодуфан аз оила ҷудошавии бачагон (вафоти сардорони оила, сӯхтор, ягон фоҷиа ва ғ.) зарур шуда мемонад. Дар мамлакати мо ин гуна оилаҳо васеъ паҳн нашудааст, зеро дар байни халқ агар аз падару модар бачагон ногаҳон ҷудо шаванд, онҳоро хешовандон ба тарбияашон мегиранд.
Бача дар оилаи муваққатӣ то ҳалли тақдири минбаъдааш зиндагӣ мекунад. Минбаъд вай ба оилааш баргаштанаш ё ба хонаи бачагон, интернат фиристода шуданаш мумкин.
Дар чунин оила зиндагӣ кардани бачагон аз як моҳ то якчанд сол давом карданаш мумкин аст.
Барои зисту зиндагонии мӯътадили бачагон дар оилаҳои муваққатӣ шароитҳои зарурӣ ба вуҷуд оварда мешавад. ўамхорӣ нисбат ба бачагони аз оила ҷудошуда имконият медиҳад, ки онҳо воқеаҳои ногуворро фаромӯш кунанд.



Download 0.93 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   57   58   59   60   61   62   63   64   ...   89




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling