Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода


Фаъолияти иҷтимоӣ-педагогӣ дар муассисаҳои давлатӣ


Download 0.93 Mb.
bet62/89
Sana16.06.2023
Hajmi0.93 Mb.
#1495322
1   ...   58   59   60   61   62   63   64   65   ...   89
Bog'liq
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ

3.Фаъолияти иҷтимоӣ-педагогӣ дар муассисаҳои давлатӣ
Муаммоҳои асосии иҷтимоии бачагон аз ҳолати психофизиологӣ ва ҳаёти ҷамъиятии онҳо омада мебарояд. Дар силсилаи алоқаҳои оилавӣ дигаргуниҳои инқирозӣ ҳам рӯй медиҳанд, зеро падару модарон бачагонро натанҳо аз ҷиҳати иҷтимоӣ, балки аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳам бояд таъмин намоянд. Камбағалӣ ва оқибатҳои он олами бачагону наврасонро вайрон мекунад, чунки оила барои пурра таъмин намудани эҳтиёҷоти фарзандон имконият надорад.
Бачагони беназоратмонда натиҷаи барбод шудани алоқаҳои оилавӣ мебошанд. Дар миқёси дунё шумораи бачагони ятим сол то сол зиёд шуда истодааст. Бинобар ҳамин ҳам давлат барои гирифтани пеши роҳи вайроншавии оилаҳо ва ба муассисаҳои давлатӣ супурдани бачагонро мегирад. Агар илоҷи дар оила нигоҳ доштани бача мавҷуд набошад, барои бача оилаи навро ҷустуҷӯ кардан зарур аст.
Дар ҳар як давлат барои тарбия ва ривоҷёбии бачагон силсилаи қарору қонунҳо мавҷуд мебошад. Ба ин гуна ҳуҷҷатҳо қоидаҳои зерин хос аст: бачаро дар оилаи худаш нигоҳ доштан, ба оилаи худ баргардонидан, ба фарзандӣ қабул кардан, ба муассисаҳои давлатӣ супурдан ва ғайраҳо.
Дар хонаи кӯдакон тифлони то 3-сола, ки падар модарашон партофта рафтаанд ё ятимон тарбия меёбанд, сонитар онҳоро ба фарзандӣ қабул мекунанд ё ба хонаи бачагон ва мактаб-интернатҳо фиристода мешаванд. Фарқи хонаи бачагон аз мактаб-интернат аз он иборат аст, ки тарбияёбандагони хонаи бачагон дар мактаби ҳамҳудуд мехонанд, мактаб-интернат бошад дар худи ҳамон муассиса ҳам мехонанд ва ҳам мехобанд.
Аз оилаи худ ба дигар ҷо гузаштани бача ҳодисаи ғайритабиӣ ҳисоб меёбад. Тарбия ёфтан дар вазъияти бемодарӣ дар 90 фоиз ҳолат ба вайроншавии ривоҷёбии бача оварда мерасонад. Бачагони дар шароити итернат тарбияёбанда аз ҷиҳати рӯҳӣ азоб мекашанд, дар нутқ қафо мемонанд. Дар муассисаҳои махсус бачагон дар ҳолати беназоратии иҷтимоӣ-педагогӣ мебошанд. Сустии алоқаҳои шахсӣ муаммоҳои гуногуни ҳаётиро ба вуҷуд меоварад.
Дар чунин шароит вазифаи хонаи бачагон, кӯдакон, мактаб-интернатҳо на танҳо аз хонондану тарбия кардан, балки ривоҷёбии мутаносиби бачагонро таъмин кардан аст.



Download 0.93 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   58   59   60   61   62   63   64   65   ...   89




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling