Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода
Мавзӯи 19. Фаъолияти иҷтимоӣ – педагогӣ бо бачагони хулқу
Download 0.93 Mb.
|
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ
- Bu sahifa navigatsiya:
- Ибораҳои такягоҳ
- 1.Хелҳои девиатсия
Мавзӯи 19. Фаъолияти иҷтимоӣ – педагогӣ бо бачагони хулқу
атвори девиант Нақша: 1.Хелҳои девиатсия 2.Сабабҳои пайдоиши хулқу атвори девиантии наврасон 3.Корҳои тарбиявӣ бо бачагони дорои хулқу атвори девиантӣ 4.Мафҳуми “профилактика” бартариҳои он. Ибораҳои такягоҳ: хулқи девиантӣ, давраи наврасӣ, мавқеи иҷтимоии наврасон, хелҳои девиатсия, душвортарбияёбии наврасон, ҳодисаи дигаргуншавии инсон, мафҳуми “афтида”, муносибатҳои микроиҷтимоӣ, аз хондан гурехтан, хулқу атвори деликвенӣ, хелҳои деликвенӣ, омилҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ. Девиатсия - маҷмӯи хулқу атворе, ки ба меъёрҳои қабулгардидаи ҷамъият зид мебошад. Хулқи девиантӣ он хатту ҳаракатҳоест, ки ба тарзи алоҳида зоҳир мешавад. Девиатсия одатан дар давраи наврасӣ ба майдон меояд. Давраи наврасӣ дар бача давраҳои ҷавонӣ аз ҳама мураккаб аст. Онро даври гузариш (ӯтиш, переходной возраст) ҳам меноманд. Зеро дар ин давра аз наврасӣ ба ҷавонӣ гузаштан рӯй медиҳад. Ин ҷараён ба тамоми ҷиҳатҳои ривоҷёбии анатомӣ, физиологӣ, ақлӣ ва ахлоқии онҳо таъсир мерасонад. Дар овони наврасӣ дар ҳаёти инсон бисёр дигаргуниҳои ҷиддӣ содир мешавад. Ин ҳолат ба азнавташаккулёбии рӯҳӣ ва пайдо шудани шаклҳои нави муносибат бо ҳамсолон сабаб мешавад. Мавқеи иҷтимоии наврасон тағйир меёбад. Нисбат ба онҳо аз тарафи калонсолон талабҳои ҷиддитар гузошта мешавад. 1.Хелҳои девиатсия Наврасоне, ки ба қоида ва нормаҳои хулқу атвори қабулкардаи ҷамъият зид ҳаракат зоҳир мекунанд, наврасони тарбияашон душвор аст. Тарбиякунии душвор гуфта ба таъсири педагогӣ зиддият нишон додан фаҳмида мешавад. Душвортарбияёбии наврасон, аз тарафи ӯ ба қоида ва нормаҳои қабулгардидаи ҷамъият амал накарданро дар фан ҳодисаи девиация меноманд. Девиатсия яке аз ҷиҳатҳои ҳодисаи дигаргуншавии инсон ва олами иҳоташавии ӯ хос мебошад. Дар соҳаи иҷтимоӣ девиатсия яке аз ҳодисаҳои ба шумор меравад. Чӣ тавре ки пеш аз ин қайд карда шуд, хулқу атвор нормавӣ (меъёрӣ) ва аз он берун мешавад. Наврасон якҷоя бо калонсолон умр ба сар мебаранд. Агар калонсолон дар вақт-вақташ ба хулқу атвори наврасон диққат диҳанд, ҷиҳатҳои бадро барҳам, ҷиҳатҳои хубашонро ривоҷ диҳанд, хулқу атвор аз рӯи нақша сурат мегирад. Дар педагогикаи иҷтимоӣ мафҳуми “афтида” истифода бурда мешавад. Афтида - яке аз намудҳои дезатаптатсияи иҷтимоии аз нора берун баромадаи хулқу атвор мебошад. Вақте ки дар ин хусус сухан меронем, бояд гурӯҳи ин бачагонро муайян намоем: - бачаҳои синну соли мактабӣ, ки ба мактаб намераванд; - бачагони ятим мондагӣ; - бачагоне, ки дар оилаҳои аз ҳқуқи падару модарӣ маҳрумшуда бо сабаби нарасидани ҷой дар хонаҳои бачагон зиндагӣ мекунанд. Аз ин сабаб онҳо дуруст хӯрок истеъмол намекунанд, ба душвориҳои ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва ҷинсӣ дучор мешаванд. - Бачагоне, ки моддаҳои нашъамандӣ ва токсикӣ истеъмол менамоянд; - бачагони аз ҷиҳати ҷинсӣ беинтизом; - бачагоне, ки хатту ҳаракатҳои ғайриқонунӣ содир менамоянд. Назар ба маълумотҳои расмӣ шумораи ин гуна бачагон нисбат ба калонсолон ду маротиба тез афзуда истодааст. Девиатсия аз девиат, деликвенӣ ва хулқу атвори ҷинсӣ иборат аст. Хулқу атвори девиантӣ бо муносибатҳои микроиҷтимоӣ (оила, мактаб) ва гурӯҳҳои хурди иҷтимоӣ, бо вайрон кардани қоидаҳо ва нормаҳои хулқу атвор вобаста мебошад. Ин гуна хулқу атворро ғайриинтизомӣ гӯем ҳам мешавад. Ба ин хусусиятҳо намоиш, агрессия, даъваткунӣ, аз хондан гурехтан, оворагардӣ, ҳаракатҳои ғайрииҷтимоӣ, арақхӯрӣ, нашъамандӣ, ба худ сӯиқасд намудан ва ғайраҳо дохил мешаванд. Хулқу атвори деликвенӣ аз девиант бо он фарқ мекунад, ки он хатту ҳаракатҳо такрор содир мешавад. Чунин ҳаракатҳо аз тарафи бачагон дар вайрон намудани нормаҳои ҳуқуқӣ зоҳир мешаванд, вале хавфи иҷтимоӣ надорад. Чунин хелҳои деликвенӣ мавҷуд: - хулқу атвори агрессивӣ, ба ин садама, оташмонӣ; - хулқу атвори ғаразнок, дуздиҳои хурд-хурд, таъмагарӣ, мошиндуздӣ ва дигар ҳаракатҳо; - рӯёндани растаниҳои нашъамандӣ ва паҳн намудани он. Хатту ҳаракатҳои ҷинсӣ он рафторҳое мебошанд, ки дар вайронкунии кодекси ҷиноӣ сабаб шуда то ба ҷавобгарӣ кашидан бурда мерасад. Хелҳои девиатсия потологияи иҷтимоӣ ҳисоб меёбад. Ба инҳо майхӯрӣ, таксонкомания, нашъамандӣ, фоҳишабозӣ, ба ҷони худ қасд кардан ва ғайраҳо дохил мешавад. Download 0.93 Mb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling