Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода


Мавқеи педагоги иҷтимоӣ дар ҷараёни адаптатсияи иҷтимоии


Download 0.93 Mb.
bet64/89
Sana16.06.2023
Hajmi0.93 Mb.
#1495322
1   ...   60   61   62   63   64   65   66   67   ...   89
Bog'liq
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ

5.Мавқеи педагоги иҷтимоӣ дар ҷараёни адаптатсияи иҷтимоии
бачагон дар хонаи кӯдакон
Дар солҳои нахустини ҳаёт дар кӯдак шаклҳои муайяни хатту ҳаракати иҷтимоӣ ташаккул меёбад. Дигаргуншавии муҳити микро­иҷтимоӣ хатту ҳаракати бачагонро низ тағйир медиҳад. Ин дар синни кӯдакӣ хеле душвор буда, хусусияти адаптатсияро ба вуҷуд меоварад. Бачагон дар хонаи кӯдакон доимо дар муҳити микроиҷтимоии муассиса мешаванд ва ин асоси ташаккулёбии хатту ҳаракатҳои онҳо ҳисоб меёбад. Дар ин гуна шароит бачагон бо ҳамсолони худ зудтар ба мулоқот медароянд.
Вақте ки сухан дар бораи адаптатсияи кӯдакони мазкур меравад, се ҳолатро ба назар гирифтан лозим аст:
1. Дар моҳҳои аввали ҳаёти кӯдак аз шифохона ба хонаи кӯдакон гузаронида мешавад.
2. Ба синни кӯдак нигоҳ карда, ба дигар гурӯҳ мегузаронанд.
3. Бача ба фарзандӣ қабул карда ёки ба хонаи кӯдакон фиристода мешавад.
Яке аз шартҳои дуруст ташаккулёбии шахсият инсон адаптатсия аст. Адаптатсия маънои мувофиқшавиро мефаҳмонад. Дар тамоми мавҷудоти зинда хусусияти мувофиқшавӣ ба иқлим ва ҳудуд мавҷуд аст.
Фарқи инсон аз дигар мавҷудотҳо ба муҳити иҷтимоӣ соҳиб будани ӯст. Барои инсон муҳити иҷтимоӣ, шароитҳои дигар (иқлим, ҳарорат, хӯрокхӯрӣ ва ғайраҳо) омили таъсиррасонии объективӣ ба ҳисоб меравад. Тайёрии пешакӣ ба дигаргуниҳои минбаъда тағйир додани хатту ҳаракатҳо мувофиқи шароити иҷтимоӣ адаптатсияи иҷтимоӣ номида мешавад. Дар муайяни микроиҷтимоӣ (кор, оила ва ғайраҳо) ҷиҳатҳои мувофиқшавиро ба шароити иҷтимоиро ба вуҷуд меоварад. Пӯсти майна дар адаптацияи иҷтимоӣ роли муҳимро мебозад. Бомуваффақият сурат гирифтани ҷараёни адаптатсияи иҷтимоӣ ба дараҷаи доштнокии ҳуҷҷатҳои системаи марказии асаб ва қувваи асаб вобаста мебошад.
Имкониятҳои адаптатсияи иҷтимоӣ фақат пас аз таваллуд шудан ривоҷ меёбад ва бо инкишофи фаъолияти асаб алоқаманд мебошад.
Адаптатсияи кӯдакон аз якчанд зинаҳо иборат аст:
1) Зинаи тезу тунд ёки дезадаптатсия. Дар ин зина дар байни муҳити нави микроиҷтимоӣ ва хатту ҳаракатҳои одатӣ ихтилоф ба вуҷуд меояд. Дар ин вақт дар муносибат бо калонсолон, фаъолияти нутқ, бозӣ дигаргуниҳо бисёр мешаванд. Инчунин, паст шудани вазни тана, зиддият нишон додан ба инфексияҳо низ мушоҳида карда мешавад.
2) Худи адаптатсия. Дар ин давр кӯдак муҳитро фаъол азхуд намуда, шаклҳои ба он мувофиқбудаи хатту ҳаракатҳоро кор карда мебарояд. Аз ҳама пеш иштиҳа ба меъёр медарояд, вақти хоб ва ҳолати эмоционалӣ тӯл мекашад, баъд аз инҳо фаъолияти нутқ ва бозӣ ба ҷояш меафтад.
3) Зинаи компенсационӣ. Фаъолияти организм ба меъёр медарояд. Хусусиятҳои зинаи якум ва дуюм меёбад.
4) Адаптатсияи сабук. Дигаргуншавии хатту ҳаракати бачагон 20 рӯз давом мекунад. Дар ин давр паст шудани иштиҳа ҳам мушоҳида карда мешавад. Дар зарфи 10 рӯз ҳаҷми хӯроки истеъмоли кӯдак ба дараҷаи меъёр мерасад, барқароршавии хоб 7-10 рӯз давом мекунад. Ӯолати эмотсионалӣ, фаъолиятинутқ дар 15-20 рӯз барқарор мешавад.
5) Адаптатсияи миёна. Дигаргуншавии хатту ҳаракатҳои кӯдакон равшан намоён мешавад ва муддати он давом мекунад. Хоб ва иштиҳа дар 20-30 рӯз барқарор мешавад.
Адаптацияи миёна дар вақти аз як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар ё аз шифохона ба хонаи кӯдакон гузаронидан намоён мешавад.
6) Адаптатсияи вазнин. Адаптатсияи мазкур бо тӯлкашии муддати мувофиқшавӣ (2-6 моҳ ва беш аз он) аз адаптацияҳои дигар фан мекунад. Вазифаи асосии педагоги иҷтимоӣ аз он иборат аст, ки ӯ бояд имкониятҳои адаптатсионии бачаро ба мақсад равона карда, ҳаракатҳои заруриро машқ намояд.
Машқ намудани қобилиятҳои адаптационии бачагон яке аз масъалаҳои муҳими ҳаёти онҳо дар хонаи кӯдакон аст. Педагог бояд ба адаптатсияи сабуки бачагон муваффақ шавад ва нагузорад, ки онҳо адаптатсияи вазнинро аз сар гузаронанд.
Равишҳои асосии фаъолияти педагогӣ аз инҳо иборат:
1) Таъмин намудани ҳолати оптималии инкишоф ва тандурустии бача;
2) Бо мақсади барқарории тарбия аз тарафи калонсолон шумораи тарбиявии кӯдакони то 2-соларо муайян кардан;
3) Аз 12-13-моҳагии кӯдак ӯро ба воситаи хизматчиён бо дигар шахсон, дигар хизматчиёни хонаи кӯдакон, ронандагон шинос кардан;
4) Дар 3-солагӣ кӯдакро бештар ба кӯча баровардан лозим аст. Хуб мешуд, ки бо мактаббачагон вохӯриҳо ташкил карда шавад. Миқдори нӯшокии кӯдаконро 50-100 грамм зиёд бояд кард.
5) Пеш аз гузаронидани кӯдак аз як гурӯҳ ба гурӯҳ ӯро аввал (1-2 моҳ пеш) бо хонаи нав, бачагони гурӯҳ, шахсони хизматчӣ шинос кардан лозим аст. Дар варақи адаптатсионӣ маълумотҳоро дар бораи хатту ҳаракат, иштиҳа, хоби кӯдаконро дарҷ кардан зарур аст.
6) Аз оила ба хонаи кӯдакон гузаронидани бачагонро ҳамчун ба муассисаи томактабӣ супурдан ба таври тантанавӣ ташкил кардан лозим аст. Вазифаи педагоги иҷтимоӣ аз он иборат аст, ки бо кӯдак бештар муносибату муомила барқарор намуда, ӯро аз ҳолати стресс барорад.


Download 0.93 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   60   61   62   63   64   65   66   67   ...   89




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling