Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода


Хусусиятҳои мувофиқшавии бачагони синни томактабӣ


Download 0.93 Mb.
bet52/89
Sana16.06.2023
Hajmi0.93 Mb.
#1495322
1   ...   48   49   50   51   52   53   54   55   ...   89
Bog'liq
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ

2.Хусусиятҳои мувофиқшавии бачагони синни томактабӣ
дар шароити муассисаҳои томактабӣ
Дар соли сеюм ҳаёт ба муассисаҳои томактабӣ рафтани бачагон талаб мекунад, ки қоидаю ҳаракатҳои то ҳанӯз пайдошударо тағйир диҳад.
Хусусияти бачагони синни томактабӣ:
- хотима наёфтан ва бо суръати тез ривоҷёбии функсияҳои тамоми аъзоҳои организм;
- вобастагии ривоҷёбии ҷисмонӣ ва рӯҳӣ;
- роли калонсолон дар солҳои аввали ҳаёти кӯдак.
Бача ба шаклҳои модардода хатту ҳаракат соҳиб нест ва вай дар муҳити иҷтимоӣ ривоҷ ёфта, се компонентро: ҳудудӣ (предметҳо), вақт (тартиби рӯзҳо) ва шаклҳои муомиларо меомӯзад.
Ҷиҳати характерноки хатту ҳаракати кӯдакон ба дараҷаи баланд будани ҳиссиёти онҳо ҳисоб меёбад.
Ҳолати эмотсионалии бача ба дараҷаи ривоҷёбӣ ва тарбияёбии вай вобаста мебошад. Вайрон шудани муҳити атроф ва тарзи аввалаи ҳаёт, дар навбати аввал ба вайроншавии ҳолати эмотсионалии бача оварда мерасонад.
Бозӣ шакли асосӣ ва ба худ хоси фаъолияти бачагон ҳисоб меёбад. Бозӣ имконият медиҳад, ки бача доир ба табиат, муҳити гирду атроф маълумотҳо гирад, ба калонсолон тақлидкунон бо муҳит алоқаро барқарор намояд. Дар бозӣ талабҳои бачаҳо иҷро намекардагиро намегузорем.
Фаъолияти педагоги иҷтимоӣ дар муассисаҳои томактабӣ аз инҳо иборат аст:
1. Муайян кардани силсилаи омилҳои биологӣ ва иҷтимои дав­раҳои адаптатсионии бачагон.
2. Таҳлил намудани давраҳои адаптационӣ.
3. Дарёб намудани тадбирҳое, ки ба осон гузаштани адаптация ва нигаҳдории тандурустии бачагон ёрӣ мерасонанд.
Педагоги иҷтимоӣ барои мувофиқшавии бачагонро аниқ кардан ба чунин талабҳо риоя карданаш зарур аст:
1. Адаптатсияи сабук. Хатту ҳаракати бача дар 10-15 рӯз ба ҳолати меъёрӣ бармегардад. Баса пас аз рафтуо намудан ба муассисаҳои томактабӣ баъд аз як моҳ худро мувофиқи меъёр нигоҳ медорад.
2. Адаптатсияи миёна - дигаргуниҳои ҳолатҳои эмотсионалӣ ва хатту ҳаракати бачагон дар 15-30 рӯз ба меъёр бармегардад. Агар аввал дар бачагон ҳолати хароб шудан мушоҳида карда шавад, сонитар вазни вай барқарор мешавад.
3. Адаптатсияи вазнин - дар он намоён мешавад, ки бачагон тез-тез касал мешаванд. Баъзан беморӣ шакли ҷиддӣ мегирад (бронхит, грипп, пневмания). Дар чунин ҳолат адаптатсия беш аз як моҳ давом мекунад.



Download 0.93 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   48   49   50   51   52   53   54   55   ...   89




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling