Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода


Download 0.93 Mb.
bet56/89
Sana16.06.2023
Hajmi0.93 Mb.
#1495322
1   ...   52   53   54   55   56   57   58   59   ...   89
Bog'liq
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ

2.Вазифаи қӯмитаи падару модарон
Қӯмитаи падару модарон барои беҳтар намудани кор бо бачагони тарбияашон душвор ёрӣ медиҳад. Дар ҷамъомадҳои худ масъалаҳои таълиму тарбияи хонандагон ва роли оиларо муҳокима мекунад.
Дар ҷараёни ҳамкорӣ бо мактаб педагоги иҷтимоӣ тез-тез ба мактаб рафта меистад, ба хубтар намудани алоқаи падару модарон ва хонандагон ёрӣ мерасонад, сабабҳои ба дарс иштирок накардани бачагонро аниқ мекунад. Ӯ оилаҳои бо бачагон муомилаи дуруст мекардагиро ва бачагони дорои нуқсони ҷисмонӣ ва рӯҳиро муайян мекунад. Педагоги иҷтимоӣ бо мақсади ёрӣ ба бачагон ва оилаҳо сабабҳои бемории дарозмуддати бачагонро пурсуҷӯ мекунад, дар беморхонаҳо бо бачаҳои бемор машғулотҳоро ташкил мекунад. Барои ҳалли муаммоҳои бачагон аз хизмати ҳуқуқшинос, шифокор, ходимони милиция истифода мебарад.
Дар бисёр мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ педагоги иҷтимоӣ ходими шартии мактаб ҳисоб ёфта, бачагони ба ёрӣ эҳтиёҷмандро аниқ мекунад. Ин гуна бачагон барномаи таълими мактабиро иҷро карда наметавонанд. Бо ёрии педагоги иҷтимоӣ бачагон ин барномаро тадриҷан аз худ мекунанд.
Педагоги иҷтимоӣ корҳои беруназмактабии хонандагонро ташкил мекунад, дар вақташ кори тарбиявӣ бурдан бо падару модарон ҳамкорӣ мекунад.
Педагоги иҷтимоӣ ба бачагоне, ки аз мактаб бо сабабҳои гуногун ронда шудаанд, ё ба дигар мактаб гузаштаанд, эътибор медиҳад.
Ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ дар фаъолияти худ фаъолияти маҳфилҳо, секцияҳо, клубҳоро назорат мекунад, кори индивидуалии муаллимонро бо хонандагон ташкил мекунад.
Муаллимони фан баробари ба хонандагон фаҳмонидани асосҳои фан дар ҷараёни дарс шавқу ҳаваси онҳоро меомӯзад, онҳоро ба маҳфилҳо ва сексияҳо ҷалб мекунад, дар мактаб тадбирҳои гуногун мегузаронад.
Дар иҷтимоишавии бача таъсири ҳамсолон ҳам калон аст. Ин муносибат дар синф, ташкилоту иттиҳодияҳои гуногун бачагон дар мактаб ва берун аз он ташаккул меёбад. Хусусиятҳои гуногуни иҷтимоии шахсияти бачагон дар соҳаҳои гуногуни фаъолият (меҳнат, хондан, муомила бо калонсолон) ташаккул меёбад.
Шумораи аъзоёни гурӯҳи ҳамсолон аз 2-3 то 5 нафар, гурӯҳи хешовандон 7-9 нафар, синф 30-40 нафар мешавад.
Гурӯҳи ҳамсолон аз рӯи аз ҷиҳати фикру ақида бо ҳамдигар наздик будан, мувофиқ будани майлу рағбатҳои индивидуалӣ, муносибати дӯстона доштан тащкил карда мешавад. Характер ва муносибати байниҳамдигарии аъзоёни гурӯҳҳо дар тақсими рол ва вазифаҳо намоён мешавад.
Дар даҳсолаҳои охир гурӯҳи ҳамсолон дар ҷараёни иҷтимоишавии бачагон фаъол иштирок карда истодааст. Дар натиҷаи ба шаҳрҳо бештар кӯчида омадани оилаҳо аз қишлоқ онҳо бо дигар ҳамсолон ва калонсолон муомила ва муносибат мекунанд. Дар чунин маврид ба дигарон таъсир менамоянд ва таҷрибаҳои дигаронро ба худ қабул мекунанд.
Бачагон ва наврасон дар як вақт метавонанд ба якчанд гурӯҳҳо, ки аз ҳамдигар фарқ мекунанд, аъзо шуданашон мумкин аст. Гурӯҳҳои расмӣ (синф, маҳфилҳои фан, варзиш ва ғайраҳо), мувофиқи характери муносибатҳо ба ташаккули сафарҳои бачагон таъсир мерасонанд. Таъсири гурӯҳҳои норасмӣ бошад ба таркиб, равиш ва фаъолияти гурӯҳ вобаста мебошад.
Вазифаҳои асосии гурӯҳи ҳамсолон дар бобати иҷтимоишавӣ аз инҳо иборат аст:
1. Ҷамъияти мазкур аъзоёни гурӯҳро аз ҷиҳати маданият, хулқу атвор тарбия менамояд.
2. Дар гурӯҳи ҳамкорон рафтору кирдорҳои нек парвариш менамояд.
3. Гурӯҳ имконияти мустақилона фаъолият нишон додани бачагон имконият ба вуҷуд меоварад.
4. Дар рафти ҷараёни фаъолияти гурӯҳ аъзоён муносибати хуб карданро бо ҳамдигар, калонсолон, падару модарон ёд мегиранд.
Дар гурӯҳи ҳамсолон ва дӯстон муносибатҳои замонавӣ ва шахсӣ ҳам ташаккул меёбад. Вазифаи асосии ин гурӯҳҳо, пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки нормаҳои ахлоқии аъзоёни гурӯҳ бояд ба қоидаю талабҳои қабулшудаи умумӣ мувофиқ карда шавад. Дар ин маврид риштаҳои дӯстӣ, эҳтироми ҳамдигар бояд мавқеи асосӣ ишғол намояд.
Дар муносибатҳои шахсӣ вобастагии байниҳамдигарӣ мавҷуд буда, хулқу атвори як бача ба хулқу атвори дигар бача таъсир мекунад.



Download 0.93 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   52   53   54   55   56   57   58   59   ...   89




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling