Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода


Download 0.93 Mb.
bet46/89
Sana16.06.2023
Hajmi0.93 Mb.
#1495322
1   ...   42   43   44   45   46   47   48   49   ...   89
Bog'liq
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ

3.Кори педагоги иҷтимоӣ бо оила
Фаъолияти педагоги иҷтимоӣ аз омӯхтани оила сар мешавад. Ин имконият медиҳад, ки педагог дар бораи ҳолати бачагон тасаввур ҳосил намояд. Пас аз ин муносибатҳои навро дар оила меомӯзад. Ин муаммоҳо бо роҳи ҷалб кардани оила ба клубҳо, идҳои миллӣ, кор дар боғ ва ғайраҳо ҷалб кардани оила ҳал карда мешавад.
Аз тарафи педагоги иҷтимоӣ тартиб додани “харитаи оила” аҳамияти калон дорад. Дар он зодрӯз, фаъолияти ҳар як аъзои оила нишон дода мешавад. Баробари ин мавқеи оила, шароити зиндагонӣ, анъанаҳои маданӣ ва динии оила қайд карда мешавад.
Дар харита оид ба шахсияти бачагон ҳам маълумот ҷамъ карда мешавад, ба воситаи он характер, шавқу завқ, қобилияти бачагон омӯхта мешавад.
Педагог дар вақти кор бо оила муносибатҳои байниҳамдигарии аъзоёни он, ҳамкорӣ, вазъияти тарбияи бачагонро ба ҳисоб мегирад.
Педагоги иҷтимоӣ дар ҷараёни кор бо оилаҳо чунин ролҳоро иҷро мекунад:
- маслиҳатчӣ - дар бораи муҳим будани таъсири мусбати падару модарон ба бачагон, оиди роҳ ва усулҳои тарбия маслиҳатҳо медиҳад.
Консультант - дар бораи қонун ва қоидаҳои оиладорӣ, муносибат бо бачагон, оид ба давраҳо ва хусусияти ривоҷёбии бачагон, роҳҳои самарабахши тарбияи фарзадон ба падару модарон маслиҳатҳои муфид медиҳанд.
Ҳимоячӣ - дар ҳолатҳои аз тарафи падару модарон содир кардани кору ҳаракатҳои номатлуб (нашъамандӣ, арақхӯрӣ ва ғ.) ҳуқуқ ва ҳаёти бачагонро ҳимоя мекунад.
Ёрии педагог ба оила психологӣ, ахборотӣ ва воситачигӣ мешавад.
Ба ғайр аз ин ёрии муаммовӣ ҳам шуданаш мумкин аст. Чунин ёрӣ кӯтоҳмуддат буда, муддати он аз чор моҳ намегузарад. Ёрии муаммоавӣ ба ҳалли вазифаҳои оилавӣ нигаронида шуда, аз тарафи педагог муаммоҳои гуногун ҳал карда мешавад. Бо ҳамин мақсад шартномаи байни аъзоёни оила қабул карда мешавад, педагог иҷрои онро назорат мекунад.

Аз қарорҳои давлати истифода баред
4.Намудҳои ёрии иҷтимоӣ
Дар шароити ёрии иҷтимоӣ - педагогӣ истифодаи патронаж мувофиқи мақсад аст.
Патронаж - яке аз шаклҳои кори иҷтимоӣ-педагогӣ буда, он ташкилу назорати кори педагог мебошад. Ин ба дуру дароз амал кардани алоқаро бо оила таъмин менамояд.
Дар ин бобат аз тренинг ҳам истифода бурда мешавад. Тренинг вобаста гирифта бурдани якчанд усулҳои индивидуалӣ ҷамоавиро дар назар дорад. Тренинг ба баланд бардоштани маърифати психологӣ ва педагогии падару модарон ёрӣ медиҳад.
Ёрии психологии педагоги иҷтимоӣ аз ду қисм иборат: дастгирии иҷтимоӣ-психологӣ ва коррекция (дурусткунӣ).
Ёрӣ ба ташкил намудани дамгирӣ ҳам аҳамияти калон дорад. Ин гуна ёрӣ инчунин пурмазмун гузаронидани идҳо, анъанаҳо, тантанаҳои оиларо дар назар дорад.
Ёрии ба тартиб даровардан ба ҳал намудани муаммоҳои оилавӣ нигаронида шуда, истифода бурданро аз хизмати муассиса ва ташкилотҳои гуногун дар назар дорад. Ба ин муаммоҳо инҳо дохил мешаванд:
1) барои тарбия намудан ба дигар оила супурдани бачагон;
2) ба фарзандӣ қабул кардан;
3) ба хонаи бачагон ҷойгиркунии бачагон.
Ёрӣ ба маълумотгирӣ бо таъмин кардани оилаҳо бо маълумотҳо дар бораи ҳимояи иҷтимоӣ вобаста буда, дар шакли консултация гузаронида мешавад. Маълумотҳо маишӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, шаҳрвандӣ, қонундории нафақа, ҳуқуқҳои бачагон, занон, ногиронҳо, ба низоъҳои оилавӣ дахлдор шуданаш мумкин аст.
Усули интернетии кор бо оила барои барҳам додани ҳолатҳои инқирозиро дар назар дорад. Инқирозҳо бо дигаргуншавии ҳаёти оилавӣ ёки бо ҳолатҳои нохуши тасодуфӣ вобаста шуданаш мумкин аст.
Фаъолияти иҷтимоӣ-педагогӣ дар оила ҳамон вақт самараҳои хуби худро медиҳад, ки агар он аз рӯи як низоми муайян сурат гирад, Низоми мазкур омӯхтан ва истифодабарии маълумотҳои демографӣ, социологӣ, иҷтимоӣ-психологӣ, педагогӣ, таърихиро дар назар дорад.
Ҳамин тариқ, дар замони ҳозира оила ба объекти педагогикаи иҷтимоӣ, меҳнати иҷтимоӣ, тандурустии бачагон табдил ёфтааст.



Download 0.93 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   42   43   44   45   46   47   48   49   ...   89




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling