Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода
Download 0.93 Mb.
|
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ
- Bu sahifa navigatsiya:
- 3.Қоидаи ба табиат мувофиқ будани тарбия
2.Қоидаҳои тарбия
Фаъолияти асосии педагоги иҷтимоӣ дар асоси қоидаҳои зерин ташкил карда мешавад: Қоидаҳои тарбия. Қоидаҳои тарбия имконият медиҳад, ки тарбиячӣ мақсад, шакл ва усулҳои тарбияро кор карда барояд ва ба ҳаёт тадбиқ намояд. Қоидаи инсонпарварии тарбия. Ғояи зарурияти қоидаи инсонпарварии тарбия дар асарҳои педагоги чех Ян Амос Коменский ифода ёфта буд. Аз асри XVII сар карда ин масъала объекти тадқиқи педагогҳои давлатҳои гуногун гардид. Ин ғоя дар афкори мутафаккирҳои бузурги франсавӣ Жан Жак Руссо ва педагог - адиби рус Л.Толстой оиди назарияи тарбияи озод инъикос ёфт. Аз нуқтаи назари педагогикаи иҷтимоӣ хусусияти инсонпарварӣ муносибати инсондӯстии тарбиячиро нисбат ба тарбияёбанда дар назар дорад. Ба амал баровардани қоидаи инсонпарварӣ ба ташаккули шахсияти бачагон, наврасон ва ҷавонон таъсири мусбат мерасонад. Дар натиҷаи ба амал баровардани ин қоида: - инсон, яъне объекти тарбия меъёр ва қадриятҳои мусбатро азхуд менамояд; - барои худро ҳамчун субъекти тарбия ҳис кардан ва намоён кардани хусусиятҳои субъективӣ шароит ба вуҷуд меоварад; - тарбия барои ба ҷамъият мутобиқ шудани инсон имконият ба вуҷуд меоварад; - тарбия хавфи бо муаммоҳои гуногуни зиндагӣ рӯ ба рӯ шудан ва қурбони иҷтимоишавӣ гардидани инсонро кам ёки тамоман нест мекунад. Тарбия барои ба тартиб даровардани рафтору кирдори худ, бо олами беруна муносибати хуб кардан, афзун намудани ҳисси ғурури инсон таъсири мусбат мерасонад. Тарбия, дар маънои васеъ, ба мустаҳкам шудани алоқаи байниҳамдигарии одамон ва мубориза барои тараққиёти иҷтимоии онҳо ёрӣ мерасонад. 3.Қоидаи ба табиат мувофиқ будани тарбия Ғояи бо табиат мувофиқ будани тарбия дар давраҳои антикӣ пайдо шуда, ба воситаи асарҳои Демокрит, Афлотун, Арасту ба мо омада расидааст. Қоидаи ба табиат мувофиқ будани тарбия дар осори Ян Амос Коменский ва педагогҳои асрҳои XVIII-XIX ривоҷ ёфта буд. Инкишофи фанҳои доир ба табиат ва инсон дар асри ХХ қоидаи бо табиат мувофиқат намудани тарбияро боз ҳам ғанитар намуд. Дар ин бобат қоидаи кашфкардаи олими бузурги рус В.И.Вернадский - ноосфера ҳам роли калон бозид. Ноосфера - чунин мафҳум аст, ки он давраи ривоҷёбии шахсро нишон дода, фаъолияти бошууронаи инсон ба пайдошавӣ ва ҳал кардани муаммоҳои тарбия таъсир мерасонад. Қоидаи бо табиат мувофиқ будани тарбия ба мутобиқ шудани қонунҳои тараққиёти инсон ва табиат, ба ҳисоб гарифтани хусусиятҳои синну сол ва ҷинси тарбияёбандагон имконият медиҳад. Мувофиқи ин қоида инсон: - худро як қисми ҳастӣ ҳис мекунад; - ҷараёнҳои рухдодаи планетарӣ ва муаммоҳои глобалии онро дарк мекунад; - худро барои ноосфори масъул ҳис мекунад; - худро ҳамчун офарандаи ноосфора дониста, нисбат ба табиат, сайёраҳо ва биосфера муносибати мусбӣ зоҳир менамояд. Download 0.93 Mb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling