Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода


Download 0.93 Mb.
bet39/89
Sana16.06.2023
Hajmi0.93 Mb.
#1495322
1   ...   35   36   37   38   39   40   41   42   ...   89
Bog'liq
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ

3.Роли муҳит дар иҷтимоишавии шахс
Муҳит на танҳо хона, кӯча, доираи рафиқони бача аст, балки силсилаи муносибатҳои байниҳамдигарӣ ва ҷамоаҳо ҳам мебошад. Инсон ба тағйир ёфтани муҳит таъсир мерасонад, баробари ин ба дигаргуншавии характер ва хусусияти онҳо таъсири худро мерасонад. Муносибати инсонро ба муҳит аз рафтору кирдори ӯ муайян кардан мумкин аст.
Инсон дар ҷамъият дар як вақт якчанд мавқеъро ишғол мекунад. Масалан, зан ҳам рафиқа, ҳам модар. ҳам тарбиячӣ мебошад.
Ба мавқеи иҷтимоии инсон миллат, зодгоҳ, насаб барин омилҳо таъсир расониданаш мумкин ва ин гуна мавқеъро мақоми модарзод мегӯянд. Хулқу атвори муайянкунии мавқеъ ва мақоми инсонро роли иҷтимоӣ меноманд.
Дар иҷрои роли мусбат мавқеи аъзоёни оила калон аст. Бачагон дар оила якчанд ролҳоро иҷро мекунанд: духтар ё писар, хоҳар ё додар, ҷиян, набера...
Боз як роли дар давоми ривоҷёбӣ, аз худ менамудагии бачагон - роли аъзои ҷамоа будан аст. Бача дар мактаб, маҳфили варзиш дар вақти муносибат бо ҳамсолонаш роли аъзои ҷамоа, рафиқ, хонанда, сардорро иҷро мекунад. Ба ғайр аз ин ҳар як инсон роли истеъмолчиро ҳам ба ҷо меоварад: ба нақлиёт савор мешавад, хӯрок мехӯрад, либос мепӯшад, ручкаю дафтар мехарад. Аз хизмату маводҳои ҷамъият бачагон аз хурдсолӣ бояд оқилона истифода бурданро омӯзанд.
Боз як роли муҳим - шаҳрванди Ватани худ будан, онро дӯст доштан, бо вай фахр намудан, ватанпарвар шудан аст. Ба ғайр аз ин боз ролҳое ҳастанд, ки онҳоро бачагон бояд тадриҷан азхуд кунанд. Масалан, роли мутахассисӣ. Онро бачагон дар мактаб, лицей ва коллеҷҳо азхуд менамоянд. Дар ҳаёт ролҳои манфӣ ҳам во мехӯрад. Ба инҳо оворагардӣ, авбошӣ, ҳаққи якдигарро хӯрдан ва ғайраҳоро мисол овардан мумкин аст.
Азхудкунии сифатҳои хулқу атвор бомуваффақият муносибатҳои иҷтимоии бачагонро таъмин менамояд. “Мувофиқшавии иҷтимоӣ” ба шароитҳои иҷтимоӣ одат кардан аст.


4. Мувофиқшавии иҷтимоӣ
Мувофиқшавии иҷтимоӣ шарт ва самараи бомуваффақият иҷтимоишавии бачагон ҳисоб меёбад.
Мувофиқшавии иҷтимоӣ асосан бо се роҳ: фаъолият, муомила ва дарккунӣ ба амал бароварда мешавад. Фаъолияти истифодаи шаклу воситаҳои гуногуни кору ҳаракат, таҳсилро дар бар гирад, муомила торафт васеъ шуда, имконият медиҳад, ки шахс меъёри хулқу атвори қабулшударо азхуд намояд. Дарккунӣ бошад, ба чӣ гуна инсон будан, мавқеи ҳаётии худро фаҳмидани инсонро нишон медиҳад.
Тарбия ҳамчун воситаи иҷтимоишавӣ. Дар даҳ соли охир мафҳуми иҷтимоишавӣ ва тарбия дар педагогика ва дигар фанҳо васеъ муҳокима шуда истодааст.
Маълум аст, ки омили асосии иҷтимоишавии бачагон тарбия аст. Мафҳуми “иҷтимоишавӣ”-ро дар фан Макс Вебери дохил кардааст. Иҷтимоишавиро ӯ ҳаракати ба ҳалли муаммо нигаронидашуда, ҳамчун идроки субъективии қоидаҳои хулқу атвор донистааст.
Умуман иҷтимоишавӣ ҷараёни муттасил буда, дар он инсон ҳамеша бо ҷамъият дар муносибат мебошад. То ҳанӯз таърифи аслии тарбия мавҷуд нест. Онро яке аз категорияҳои асосии педагогика, ҳодиса, фаъолият, ҷараён, арзиш, силсила, таъсир, муносибати ҳамдигарӣ меноманд.
Назар ба гуфтаи А.В.Мудрик, “Тарбия - ривоҷёбии бошууронаи инсон ба одаткунии қоидаҳои ҷамъият, ки ба хусусиятҳои гурӯҳ ва ташкилотҳо мувофиқ аст, мебошад!”. Ин таърифро ҳам пурра ва тамоман дуруст ҳисоб кардан мумкин нест. Дар он нуқтаи назари муаллиф инъикос ёфтааст.
Тарбия ҳамеша ба як мақсад нигаронида шуда, аз тарафи одамони махсус тайёр гардида ба амал бароварда мешавад.
Таъсири тарбия ба ривоҷёбии бачагон бо гузаштани вақт тағйир меёбад. Бача чӣ қадаре, ки хурдсол бошад, тарбия ба ташаккули ӯ ҳамон қадар бештар таъсир мерасонад. Баробари гузаштани вақт роли тарбия дар ташаккули шахсияти бача суст мешавад. Минбаъд мустақилии бача ба интихоби арзишҳои иҷтимоӣ зиёд мешавад.
Акнун ҷараёни дигар - худтарбиякунӣ ривоҷ ёфтан мегирад. Эҳтиёҷи худтарбиякунии шахс шакли олии ривоҷёбӣ мебошад. Худтарбиякунӣ дар давоми тамоми умри инсон давом мекунад.
Иҷтимоишавии шахсияти бачагон ба воситаи тарбия ба амал бароварда мешавад. Вазифаи асосии тарбиячӣ ба мувофиқшавии иҷтимоии бачагон нигаронида шуда, қонун ва меъёри қабулкардаи ҷамъиятро ба ҷо меоварад ва омилҳои манфиро барҳам медиҳад.
Ба ҳамин тариқ дар ҷараёни сабзиш ва ривоҷёбии бачагон дар ҷамъият иҷтимоишавии онҳо содир мешавад. Агар ин ҷараён рух надиҳад, акси он - дезадиптация содир мешавад. Дар чунин ҳолат ба реабилитацияи иҷтимоии бача эҳтиёҷ пайдо мешавад.

Download 0.93 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   35   36   37   38   39   40   41   42   ...   89




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling