Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ўзбекистон


Мавзӯи 12. Алоқаи забони форсӣ бо забонҳои гузашта ва имрӯз


Download 200.82 Kb.
bet5/8
Sana17.06.2023
Hajmi200.82 Kb.
#1550949
1   2   3   4   5   6   7   8
Bog'liq
Грам. 2018

Мавзӯи 12. Алоқаи забони форсӣ бо забонҳои гузашта ва имрӯз
Зинаҳои ривоҷёбии таърихии забони тоҷикӣ ва тафовути он аз забони форсӣ. Алоқаи забонҳо пеш аз воридшавии дини ислом. Давраи баъди воридоти дини ислом. Алоқаи замони имрӯза. Таъсири байниҳамдигарии забонҳо ва ворид шудани калимаҳои иқтибосӣ.


Мавзӯи 13. Фразеологияи забонҳои тоҷикӣ, форсӣ ва тафриқаи онҳо аз ҷиҳати шакл ва маъно
Тадқиқи воҳидҳои фразеологӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва форсӣ. Сохти устувор ва семантикаи яклухти воҳидҳои фразеологии ин забонҳо. Ибораҳои рехтаи фразеологӣ, ифодаҳои фразеологӣ ва ибораҳои тасвирии фразеологӣ дар ҳар ду забон.


Мавзӯи 14. Таснифи ибораҳои фразеологӣ
Дар забони форсӣ дар таркиби “Мақолҳо ва маталҳо”, ки “amsāl va hikam”, “zarb-ol masalhā” меномиданд, дар қатори ибораҳои аз ду-се калима ташкилёфта, баъзе ҷумлаҳои мантиқан пурраи предикативӣ, мисраҳои шеърӣ ва байтҳо; Ибора чун фикри мантиқан нотамом; Ибораҳои ва вазифаи предикативии онҳо.


Модул 4. Морфология ва синтаксис
Мавзӯи 15. Таркиби морфологии калимаҳо дар забонҳои бо ҳам хеш
Таркиби морфологии калимаҳо дар забонҳои тоҷикӣ ва форсӣ. Тағйирёбии калимаҳо. Тарзҳои сохта шудани калимаҳо. Реша, асос, пасванд, пешванд, бандак дар ин забонҳо. Сохти калимаҳо (содда, сохта, мураккаб ва таркибй) дар забонҳои тоҷикӣ ва форсӣ.


Мавзӯи 16. Категорияи грамматикии феъл дар забонҳои тоҷикӣ ва форсӣ.
Феъли забони форсӣ нисбати дигар ҳиссаҳои нутқ аз забони тоҷикӣ бештар фарқ дорад. Фарқияти грамматикии феъл дар забонҳои тоҷикӣ ва форсӣ. Категорияи шахсу шумора, замон, тарз ва сиға дар забонҳои тоҷикӣ ва форсӣ. Сохти феълҳо. Шаклҳои тасрифшаванда ва тасрифнашавандаи феъл дар забонҳои тоҷикӣ ва форсӣ. Феъл ва хусусиятҳои он яке аз мавзўъҳои муҳими забоншиносии форсӣ ва тоҷикӣ ба шумор меравад.


Мавзӯи 17. Корбасти ҳиссаҳои ғайримустақилмаънои нутқ дар забонҳои тоҷикӣ ва форсӣ
Муқоисаи ҳиссаҳои ғайримустақилмаънои нутқ дар забонҳои тоҷикӣ ва форсӣ дар асоси матн. Муносибати синтаксисии ҳиссаҳои ёридиҳандаи нутқ дар забонҳои тоҷикӣ ва форсӣ. Фарқиятҳои асосии ҳиссаҳои ёридиҳандаи нутқ дар забонҳои бо ҳам хеш.



Download 200.82 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling