Вазорати таълими олй ва миёнаи махсуси республикаи ўзбекистон


Download 121.5 Kb.
Sana30.03.2023
Hajmi121.5 Kb.
#1309836
TuriСеминар
Bog'liq
Семинари 9



МАШҒУЛИЯТИ СЕМИНАРӢ 9

АҲАМИЯТИ ФОЛКЛОРИ БАЧАГОНА ДАР ИНКИШОФИ ДОИРАИ НАЗАР ВА ЗАВҚИ БАДЕИИ КЎДАКОН ВА НАВРАСОН


Нақша:

  1. Хусусиятҳои эҷодиёти даҳонакии бачагон.

  2. Таснифи фолклори бачагон.

  3. Мавзeъ ва мундариҷаи ин эҷодиёт

  4. Сохт, банду баст, xиҳатҳои услубӣ ва санъатҳои шеърии он.

  5. Хулосаҳо

Эҷодиёти даханакии бачагон як соҳаи нисбатан қадимаи фолклор аст. Он аз xиҳати мазмун, шакл, тарзи эxод ва иxрояш аз эxодиёти калонсолон фарқ мекунад. Аксарияти асарҳои халқии бачагон ба мақсадҳои таълиму тарбияи насли наврас эxод шудаанд.
Аз ин xост, ки фолклори бачагон ҳамчун осори гаронбаҳои ифодакунандаи афкори педагогии халқ то замони мо омада расидааст.
Фолклори бачагон тамоми намудҳои маъмули эxодиёти даҳанакиро дар бар мегирад. Аз ин рe, таснифи он диққати бисёр олмиони фолклоршиносро ба худ кашида, аз масъалаҳои басо мушкилписанд мебошад. Фолклори бачагонаи тоҷикро аз рeи тарз, маврид, вақти иxро ба ду тақсим мекунанд: 1) Фолклори оид ба таваллуд ва тарбияи кeдак (калонсолон барои бачагон); 2) Асарҳое, ки сароянда ва иxрокунандагони онҳо худи бачагонанд.
Фолклор дар тарбияи маънавӣ ва xисмонии бачагон роли муҳим мебозад.
Бисёр расму оин, урфу одат ва маросимҳои ба давраи кeдакӣ вобаста бо мақсади солиму бардам ба воя расидани кeдак гузаронида мешаванд. Он маросимҳое, ки баъд аз таваллуди кeдак ташкил карда мешаванд, хеле гуногунанд. Яке аз онҳо Чилла мебошад. Он ба мақсаде риоя карда мешавад, ки кeдак аз ҳар гуна қувваҳои нопок эмин бошад.
Маросими гаҳворабандон (бегоҳи нeҳ) бошукӯҳ ва тантананок мегузарад, тӯй ва зиёфахӯрӣ мешавад. Пас рӯйбинони навзод шурӯъ мегардад. Дар ин маврид суруди зеринро мехонанд:
Бача, бача, xони бача,
Худо нигаҳбони бача.
ҳар кас хӯрад оши бача,
Дуо кунад xони бача.
Шамсу қамар, ситора,
ҳамеша ҳамроҳи бача.
То аз гавҳора баровардани кӯдак маросимҳои чиллагурезон, дандонкафон, нохунгирон, мeйсаргирон ва ғайра ба ҷо оварда мешаванд, ки мавқеи фолклор дар онҳо ба дараҷаи муайян аст.
Аввалин суханони кӯдак боиси хурсандӣ ва навозишу дӯстдории падару модар мегардад:
Бача: - Дада!
Падар: - Xони дада!
Тарбузи ғелони дада,
Танeри тафсони дада.
Фатири часпони дада,
Нахeди бирёни дада!
Қисми калони фолклори хурдтараконро суруду тарона, бозӣ ва маросимҳое ташкил мекунанд, ки эxодкунанда, сароянда ва иxрокунанда худи бачагонанд.
Фолклори мавсими бачагон хеле бой ва гуногун мебошад.
Фолклори баҳории бачагонро Бойчечак, Наврӯз, ки дар маҳалҳои гуногун ҳар хел ном мебаранд, ташкил медиҳад.
Гуфтан метавон, ки Наврӯз ё Соли Навро аввал бачагон пешвоз мегиранд. Дар xашнгирии Наврӯз бачагон иштироки фаъолона доранд. Идиҳое, ки бачагон бахшида ба Наврӯз мегeянд, хоҳишу талаби онҳоро мунъакис менамоянд:.
Маросимҳои дигари баҳорӣ, ки дар онҳо иштироки бачагон бевосита аст, Сумалак, Сусхотун ва ғайра буда, сурудҳои ба худ хос доранд.
Фолклори айёми тобистонии бачагон ҳам бой ва гуногун аст. Дар ин айём вобаста ба корҳои хоxагии иxро мекардаи бачагон: алафдаравӣ, молбонӣ, боғбонӣ, ғалладаравӣ, ҳезумкашӣ, мевачинӣ ва ғайра сурудҳои зиёде гуфта сароида мешаванд.
Аз ҷиҳати мавзeъ сурудҳои халқии бачагонро ба чаҳор қисм ҷудо намудан мумкин аст: 1) сурудҳои алла; 2) сурудҳои навозиш ва дeстдорӣ; 3) сурудҳои маросимӣ ва оид ба ҳодисаву предметҳои табиат; 4) срудҳои ғайримаросимӣ.
Объекти асосии сурудҳои алла бачагон буда, эxодкунанда ва сарояндаи онҳо модар, модаркалон, доя ва мураббияҳо мебошанд. Сурудҳои «Алла» орзуву умед, шодию хурсандӣ, ғаму андeҳ, умуман, рeҳия ва эҳсосоти модаронро ифода намуда, инчунин муносибати модарро ба зиндагӣ ва муҳит муайян менамоянд.
Сурудҳои навозиш ва дeстдориро давоми сурудҳои алла гуфтан метавон. Онҳо бо мақсади навозиш, шоду масрур ва машғул намудани кeдак гуфта мешаванд. Масалан:
Чашми сиёҳи зоғат,
Онет набинад доғат.
Бача ба боли курсӣ,
ҳадурсӣ, дурсӣ, дурсӣ.
Сурудҳои маросимӣ ва оид ба ҳодисаву предметҳои табиат аз қадимтарин сурудҳои халқӣ мебошанд, ки моҳияти худро тағйир дода, ба асарҳои бачагон мубаддал гаштаанд. Онҳо, чӣ тавре ки дар боби сурудҳои маросимӣ дида будем, ақидаҳои кадими мардумро инъикос менамоянд.
Сурудҳои ғайримаросимии халқии бачагона лавҳаҳои гуногуни ҳаёт ва зиндагии мардумро аз нуқтаи назар ва xаҳонбинии бачагон ифода менмоянд. Масалан:
Ҳой, ҳой бандагӣ,
Гӯр ба сари бофандагӣ.
Ранги отам зард шудас,
Аз чақ-чақи бофандагӣ.
Агар мо фолклори бачагонро бодиққат аз назар гузаронем, мебинем, ки ин эҷодиёт аз ҷиҳати хусусиятҳои бадеияш як соҳаи хеле муҳими фолклори тоҷик мебошад. Сирри дилнишину базморо, завқбахшу ширинадо будани асарҳои шифоҳии бачагон маҳз бо санъатҳои ба худ хос эҷодшавиашон онҳоро азизи ҳамагон (хурду калон) кардааст.
Сурудҳои халқии бачагон ҳаxман гуногуншакланд. Онҳо аз як байт сар карда то 20-30 мисраъро дар бар мекунанд. Дар ҳаҷми як байт ҳам онҳо як фикри томро ифода карда метавонанд. Мисол:
Тохтам то сари пул,
Чиндам хирмани гул.
Қофия унсури устувори назми халқии бачагон мебошад ва қариб суруду таронаҳои беқофия во намехeранд. «Қофиябозӣ» ном машгулияти бачагон ҳам ба ин далолат мекунад. Қофия ба сурудҳои бачагон равонӣ, оҳанг ва мавзуният мебахшанд. Мисол:
Борон борид,
Аз бом шорид.
Дадом дар боғ,
Гулҳо корид.
Радиф дар назми халқии бачагон бо он қоидае, ки дорад, меояд. Мисол:
Буд набуд, будгор буд,
Замин набуд, шудгор буд.
Як калаки айёр буд,
Тeқумакаш тайёр буд.
Як косаяки дeғ буд,
ҳамаи он дурeғ буд.
Як навъи сурудҳои бачагонро аз ҷиҳати сохту услуб шуморакҳо ташкил медиҳанд. Шуморакҳоро сурудҳои бозии бачагон номидан ба мақсад мувофиқтар аст:
Аллон, дуллон,
Хӯҷа калон.
Мис, мис,
Тавоқи мис.
Андар каш,
Мандар каш.
Як пои чапат каш!
Муколама, саволу ҷавоб дар сурудҳои бачагон истеъмоли фаровон дорад («Зоғи ало», «Чӣ газид?»).
Такрор санъати дӯстдоштаи бачагон мебошад ва ба таври фаровон истеъмол мешавад:
Таги анҷир суфача,
Суфачава намадча.
Намадчава кӯрпача,
Кӯрпачава лeлакча…
ҳой, ҳой, ҳое!
Вазифаи нақарот дар сурудҳои халқии бачагон иборат аз таъкид кардани маънии дарназардошта ва шавқангез кардани суруд мебошад:
Як буз дорам кабуд аст,
Ҷояш таги муруд аст.
Хурма пури курут аст,
Бузакам, ҷигӣ-ҷигӣ!
Вазни назми халқии бачагон вазни ҳиxоӣ аст. (Бо истиснои он сурудҳое, ки аз адабиёти хаттӣ ба фолклор гузаштаанд):
Олуча гули бодом,
- - v - / - - -
мустафъилун/ мафъeлун
Ман духтараки додом.
- - v - / - - -
мустафъилун/ мафъeлун
Додом шинан, чой хeран,
- - v - / - - -
мустафъилун/ мафъeлун
Ман чойрезаки додом.
- - v - / - - -
мустафъилун/ мафъeлун
Адабиётҳои асосӣ:

  1. Асрорӣ В., Амонов Р. Эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик. – Душанбе, 1980.

  2. Асроров В. Жанрҳои хурди фолклорӣ. – Душанбе, 1983.

  3. Амонов Р. Лирикаи халқи тоҷик. – Душанбе, 1968.

  4. Шерназаров А. Эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик. (Васоити таълимӣ-услубӣ). – Самарқанд: СамДУ, 2017




Download 121.5 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling