11
салоҳият ѐд додани маҳоратҳои амалӣ (ҳаѐтӣ, воқеӣ, амалкардӣ) аст.
Салоҳият ҷузъи ҷудоинопазири маҳорат аст ва барои озмоиш, муқоиса ва
ислоҳи иштибоҳот истифода мешавад. Салоҳият натиҷаи
амалии дониш,
маҳорат ва тавоноӣ аст.
Ба иборати дигар, мактаб ва омӯзгор бояд инсони шаклгирифтаро аз
дари мактаб ба зиндагӣ равона созанд.
1.2. Вижагиҳои омӯзиш дар қарни 21 ва ҳадафҳои он
Дар ҷаласаи ЮНЕСКО соли 1996 Жак Делор –
раиси комиссияи
байналмилалии омӯзиш барои қарни 21 ба ҷанбаи салоҳиятҳои донишомӯзон
таваҷҷуҳи вижа зоҳир намуда, ѐдгириро ба унвон калиди зиндагӣ ва
донишро ба унвони гузарнома (паспорт) таъриф карда буд
3
.
Ба таърифи нави ЮНЕСКО нигоҳ кунед. ЮНЕСКО, Созмони омўзишӣ,
илмӣ ва фарҳангии СММ, бо таъини 12 шарт барои босаводӣ таърифи нави
"савод" -ро муқаррар кардааст. Ин иқдоми ЮНЕСКО зуд дар фазои маҷозӣ
паҳн шуд ва онро бисѐр расонаҳо нашр карданд.
Тибқи таърифи нави "савод"
-и ЮНЕСКО, шахси босавод касест, ки
қодир ба эҷоди тағйир дар зиндагии худ аз тариқи хондаҳо ва донистаҳояш
бошад. Таърифи савод дар асри гузашта бо ин таърифи нав хеле фарқ
мекунад.
Do'stlaringiz bilan baham: