1. Ислоҳот дар системаи омӯзиш ва парвариш. Нақша
Download 1.65 Mb. Pdf ko'rish
|
b3SoaSe2h3d4Bbvbk2WN7FGF5uxLmoDm9osz9vGV
- Bu sahifa navigatsiya:
- 1.1. Усули нави омўзиши забон ва адабиѐт мутобиқ бо илзомоти имрўзӣ
1 1. Ислоҳот дар системаи омӯзиш ва парвариш. Нақша: 1.1. Усули нави омўзиши забон ва адабиѐт мутобиқ бо илзомоти имрўзӣ 1.2. Вижагиҳои омӯзиш дар қарни 21 ва ҳадафҳои он 1.3. Салоҳиятҳои асосӣ ва илмӣ. 1.1. Усули нави омўзиши забон ва адабиѐт мутобиқ бо илзомоти имрўзӣ Мо аз “Қонун дар бораи таълим” ва “Барномаи миллии омӯзиши мутахассисон” огаҳӣ дорем. Боз муҳимтарин ҳуҷҷате, ки бо ҳадафи барӯзтар кардани таълиму тарбия дар марҳилаи иҷро гузошта шуд, Қарори шумораи 187 Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 6 апрели соли 2017 "Дар бораи стандартҳои давлатии таълим" буд. Биѐед як бори дигар бархе аз нукоти ҳамин қарорро аз назар гузаронем. Муҳимтарин вижагии ин стандарти давлатӣ гузариш ба руйкарди таълим бар асоси шоистагӣ ба ҳисоб меравад. Рӯйкарди таълимӣ бар асоси шоистагӣ ба чӣ маъност? Ин ҳамон компетенция аст, ки солҳои охир зиѐд такрор мешавад ва ба забони мо салоҳият ѐ шоистагӣ тарҷима шудааст. Мафҳумҳои “салоҳият” ва “шоистагӣ”-ро мутахассисон барои ифодаи мафҳуми “компетенция”, ки аз забони лотинӣ (competenсе) ба забони русӣ ва дигар забонҳо гузаштааст, истифода мебаранд. Дар фарҳангҳо мафҳуми салоҳият лоиқ будан, сазовор будан, шоистагӣ, сазоворӣ шарҳ дода шудааст. Ҳамон тавр, ки медонем, системаи маъмулии омӯзиш аз назарияи таълимии Я.А. Коменский сарчашма мегирад. Ин система аз назари 2 созмондеҳии фароянди омӯзишӣ чунин буд, ки бояд дарсҳоро дар синфҳо ташкил мекарданд ва матлабҳои дарсӣ аз тариқ як равиш тавсифӣ- тасвирӣ пешниҳод мешуданд. Ин назария дар қарни ҳабдаҳум бар асоси усули таълимӣ шакл гирифт. Вижагиҳои хоси ин система иборат аз инҳо буданд: 1 • синф аз донишомӯзони ҳамсинну сол ва дорои омодагии яксон бояд ташкил мешуд ва ҳамон таркиб бояд боқӣ мемонд; 2 • дарсҳо бар асоси барнома ва нақшаи солона бояд баргузор мешуданд. Донишомӯзон бояд дар як замони хос, як фасли хос бояд дар мактаб ҳузур медоштанд; 3 • дарсҳо дар мактаб воҳиди аслии омӯзиш буданд; 4 • як дарс дар як мавзӯъ ва ҳама донишомӯзон бояд рӯи як мавзӯъ кор мекарданд; 5 • муаллим бояд фаъолиятҳои донишомӯзонро дар синф мудирият мекард; 6 • муаллим бояд натиҷаи фарогирӣ ё ҳамон ёдгирии мавзӯъро арзёбӣ мекард, сатҳи дониши донишомӯзро ба сурати ҷудогона баррасӣ мекард ва дар поёни соли таҳсилӣ тасмим мегирифт, ки донишомӯзро ба синфи баъдӣ гузаронад ё не... 3 Ҳамонтур, ки дар боло зикр шуд, дар ин система ба таври асосӣ аз равиши тавсифӣ-тасвирӣ (шарҳӣ-аѐнӣ) истифода мекунанд. Ин навъ омӯзиш иҷоза медиҳад то миқдори зиѐде иттилоот дар муддат замон кӯтоҳ ба донишомӯз дода шавад. Омӯзгор дар таълими шарҳӣ-аѐнӣ дониш (иттилоот)-ро дар шакли пардозишшуда, яъне омода пешниҳод мекунад, донишомӯзон онро қабул ва бозгӯӣ мекунанд. Мӯҳтавои таълим дар ин навъи таълим муназзам ва муртабит пешниҳод карда мешавад. Фаъолияти омӯзгор асосан ба таври шифоҳӣ фаҳмонда додани мавзӯъ ва истифода бурдани иллюстрация ва тасвирҳои дигари кӯмакомӯзишӣ равона мегардад. Ин навъи таълим ба одат табдил ѐфтааст ва асосан кор бо ҳофизаи донишомӯз аст. Яъне хонанда пас Download 1.65 Mb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling