АДАБИЁТИ БАДЕӢ ВА ФАРҚИ ОН
АЗ НАВЪҲОИ ДИГАРИ САНЪАТ
Мавзӯъ:
АДАБИЁТ 7
Омодакунандагон:
Ҷ.Ш. ЭШОНҚУЛОВ,
Д.А.РАҲМОНОВА
АДАБИЁТ 7
МАЗМУН ВА ТАЪРИХИ ИСТИЛОҲИ АДАБИЁТ
Истилоҳи адабиёт аз калимаи арабии адаб гирифта шуда маънояш одоб ва ахлоқ аст. Адабиёт ҷамъи адаб асту аз дониш, ҳунар ва маърифат далолат медиҳад. Ин аст, ки истилоҳи мазкурро аз ҳамин ҷиҳат бештар шарҳу тафсир додаанд.
1
Маҷмӯаи донишҳо, ки инсонро дар таълифи назму наср аз содир кардани ғалату хатоҳо нигоҳ медоранд; улуми адабӣ, ки иборат аз дувоздаҳ навъӣ асосӣ аст.
2
3
Маҷмӯи осори хаттии халқе ё тамоми инсоният.
Осори хаттии ин ё он халқ, ки тарзи махсуси инъикосу маърифат дорад ва онро адабиёти бадеӣ ҳам мегӯянд.
АДАБИЁТ 7
МАЗМУН ВА ТАЪРИХИ ИСТИЛОҲИ АДАБИЁТ
Аз ин шарҳу тафсирҳо фаҳмида мешавад. ки истилоҳи адабиёт дар ду маънӣ: васеъ ва маҳдуд истифода мешавад. Дар маънои васеъ ба доираи фаҳмиши адабиёт маҷмӯи осори хаттии халқ ё тамоми инсоният дохил мешавад. Ба ин маънӣ осори хаттии ба тиб алоқамандро адабиёти тиббӣ, осори хаттии ба техника вобастаро адабиёти техникӣ ва осори хаттии ба сиёсат дахлдорро адабиёти сиёсӣ мегӯянд. Фаҳмиши адабиёт дар маънои маҳдуд ҳамчун истилоҳи хосса кор фармуда мешавад, ки осори хаттии бадеиро ифода менамояд.
Дар ҳаёти маънавии мардуми тоҷик адабиёт 6а маънои имрӯзааш дар аввалҳои асри XX маъмул шудааст. Дар илму адаби гузаштаи мо мафҳумҳои «улуми адабӣ», «қонуни адабӣ», «адаб», «назм», «наср» истифода мешуданд, вале онҳо байни амалия ва назарияи эҷоди бадеӣ фарқи ҷиддие намегузоштанд. Инчунин баҳсҳои илмии онҳо хусусияти дастурӣ дошт ва истилоҳи адабиёт дар фаҳмиши имрӯзааш истифода намешуд. Чунончи, улуми адабиро донишмандони гузашта Шамсуддин Муҳаммад ибни Маҳмуди Омулӣ (асри XIV), Риёсуддин Муҳаммади Ромпурӣ (муаллифи «Сиёс-ул-луғот» (асри XIX) иборат аз дувоздаҳ-понздаҳ навъ донистаанд, ки муҳимтаринашон инҳоянд:
АДАБИЁТ 7
Do'stlaringiz bilan baham: |