Алишер навоий мукаммал


V. «МИНҲОҶ-УН-НАҶОТ» ТАТАББӮЪИ АНВАРӢ, ХОҚОНӢ


Download 2.86 Kb.
Pdf ko'rish
bet28/28
Sana16.06.2023
Hajmi2.86 Kb.
#1507811
1   ...   20   21   22   23   24   25   26   27   28
Bog'liq
Alisher Navoiy. Mukammal asarlar to plami. 20-jild-1-250

V. «МИНҲОҶ-УН-НАҶОТ» ТАТАББӮЪИ АНВАРӢ, ХОҚОНӢ 
1. Зиҳӣ аз шамъи рӯят чашми мардум гашта нуронӣ,
Ҷаҳонро мардуми чашм омадӣ аз айни инсонӣ. 
2. Малакро аз паи овардани хоки ту ҳаммолӣ, 
Фалакро баҳри тарҳи мулк таркиби ту майдоне. 
3. Тилисми хилқататро дасти қудрат карда меъморӣ, 
Дар он ҷо ганҷи ҳикмат аз малак бинҳода пинҳонӣ. 
4. Зи илмуллоҳ ба таълими шарифи «аллам-ал-асмо», 
Бароварда миёни аҳли дониш исми пурдонӣ. 
5. Гаҳе чилрӯза тифле гуфта бо пирони чилсола,
Нукоту дарси асрори яқин аз илми раббонӣ. 
6. Туюри гулшани улвӣ, ки қуту тӯъмашон зикр аст,
Ба пешат ҷумла бинҳоданд сар аз бас хушилҳонӣ. 
7. Ҷуз он як мурғи ваҳшӣ к-ӯ ба пешат сар фурӯ н-овард, 
Ки дар гардан фитодаш тавқи лаън аз қаҳри яздонӣ. 
8. Туро дар олами мулку малоик аз раҳи рифъат,
Мусаллам шуд хилофат бар гурӯҳи инсию ҷонӣ. 
9. Ҳарифи хирасар чун аз сарири мулк шуд хориҷ, 
Туро ҳам сарварӣ, ҳам сарфарозӣ гашт арзонӣ. 
10. Ҳама каррубиёнро сар ба наздат зилли худдомӣ, 
Аз он маънӣ, ки гаштӣ сарфароз аз зилли субҳонӣ. 
11. Зи тоби кавсари май соқиёни базми ҷоҳатро, 
Ҳазорон гул ба рух чун лолазори боғи ризвонӣ. 
12. Намедонам чӣ шуд бо он ки Ҳақ «ло тақрабо» фармуд, 
Гирифтӣ бо рафиқат нуктаи он душмани ҷонӣ. 


Алишер Навоий. Мукаммал асарлар тўплами. 20-жилд 
www.ziyouz.com
kutubxonasi 
249 
249
13. Чаро бояд ду маъсуми биҳиштиро ба як афсун, 
Шудан бо он камоли зуҳд ду мардуди исёнӣ. 
14. Магар з-он рӯз гандум синаи худ чок зад з-ин ғам, 
Ки аз чӣ душманат фармуд тарки бандафармонӣ? 
15. Чу додӣ зулфи ҳур аз даст з-он дам рӯзгоратро
Чу зулфи ҳур шуд ҳам тирарӯзӣ, ҳам парешонӣ. 
16. Чи расвоист к-он навъ одами комил зи боғи хулд, 
Шавад дар дашти ғам саргашта чун ғули биёбонӣ. 
17. Сияҳрӯию даргаҳрондагию ғурбату меҳнат, 
Чӣ буд ин ҷумларо боис ҳамин як ҳаззи нафсонӣ. 
18. Ба чандин сол инобат кардану рӯ бар замин мондан
Ҷаҳонро ғарқа дар хун сохтан аз сели мижгонӣ. 
19. Ки дил з-афғони зорат мурғу моҳиро ба дард омад, 
Ғалат гуфтам, ки санги хораро з-он доғи ҳиҷронӣ. 
20. Ба ҳар навъе, ки буд боре қабул афтод он тавба,
Ки шуд мардуд чандин сол аз истиғнои султонӣ. 
21. Агарчи сӯи тахти кишвари аслӣ набурдандат,
Вале мулки ҷаҳонро ёфтӣ ҳукми ҷаҳонбонӣ. 
22. Чунон волии борифъат, ки будаш он ҳама макнат, 
Ба як ҷурмаш чиҳо омад ба пеш аз макри шайтонӣ. 
23. Чи сон арзу ниёз овард то шуд рафъ он уқда, 
Бас он гаҳ бандагӣ кардан ба сад ҳавлу ҳаросонӣ. 
24. Ту эй ғофил, ки бишморӣ яке худро зи авлодаш,
Кунӣ сад ҷурм ҳар соат, валекин бе пушаймонӣ. 
25. Нахустат ҳаст ин зоҳир, ки ҷуз Ҳақ холиқе набвад, 
Асоси даҳрро нозим, бинои чархро бонӣ. 
26. Бад-ин сон офаринанда, ту нафсатро гузинанда, 
Парастишро, ки хокат бар сари ин нафси зулмонӣ. 
27. Чаҳон равшан зи нури офтоб, аммо ту чун хуффош, 
Ҳама дар пардаҳои зулмати шаб ҷаста китмонӣ. 
28. Забуни нафси кофир гаштаи з-он сон, ки метарсам,
Чу гӯи «ло илаҳа иллаллоҳ» аз дунбол натвонӣ. 
29. Чу лои ло илоҳат лои Лот омад илоҳ он ҷо, 
Чӣ ғунҷоиш пазирад, гарчи ту хоҳӣ, ки ғунҷонӣ?28 


Алишер Навоий. Мукаммал асарлар тўплами. 20-жилд 
www.ziyouz.com
kutubxonasi 
250 
250
30. Даруни зарраи саргашта чун пинҳон шавад хуршед
Миёни қатраи гандида баҳри оби ҳайвонӣ. 
31. Чӣ ислом аст ин, к-аз шустиаш куффор агар хандад,
Бар ӯ шояд, ки охир шарм бодат з-ин мусулмонӣ. 
32. Санам, к-аш худ тарошад, бингар орад бандагӣ барҷо, 
Самадро бандагӣ некӯ надонӣ кард, то донӣ. 
33. Шаҳодат гарчи бошад бар забонат, лек дар тасдиқ,
Мукаддар карда миръоти дилатро занги нисёнӣ. 
34. Вуҷуди поки товусони қудсиошёнро ҳам,
Ниҳӣ аз рӯи ақли худ бурун аз ҳадди имконӣ. 
35. Вале баҳри мулавван мурғаки бозигари чархӣ, 
Муаллақҳо занӣ чун чархи таҳтонию фавқонӣ. 
36. Китоби эзидӣ, к-аз азми пушташ бар замин часпад, 
Агар як ҳарф аз он бинвишта бар пушти фалак монӣ. 
37. Зи хиффат коҳбарге нашмарӣ ҳар ҳарфи савташро, 
Ки бошад вақти каҳгил сохтан муздури каҳ донӣ. 
38. Шаҳони миллату эъҷоз напсандӣ, ки напсанданд,
Дуои «рабби ҳаб лӣ» кардан аз нанги Сулаймонӣ»29 
39. Валекин донаи пӯсидаро аз сустии ҳиммат,
Агар худ даст ёбӣ аз даҳони мӯр бистонӣ. 
40. Қиёмат қомати хубон шуморӣ ҷаннату дӯзах,
Висолу ҳаҷрашон гӯӣ, зи фарти ноқисимонӣ. 
41. Зиҳӣ кӯре ба боғи офариниш, к-аз сари ғафлат
Фалакро нилуфар донию тубиро гияҳ хонӣ. 
42. Вуҷуди хайру шар з-он рӯй бар пои қадар бандӣ, 
Ки поятро зи банди амру наҳйи шаръ бирҳонӣ. 
43. Вале дар гарданат он банд чун ҳабл-ул-варид омад. 
Бувад душворат аз гардан бурун кардан ба осонӣ.30 
44. Намозеро, ки маъмур омадӣ баҳри убудият, 
Ки дар кардан наӣ маъзур ар одобею арконӣ. 
45. Ба ёдат н-ояд, ар ояд, кунӣ з-он сон, ки дар бурдан,
Бисӯзонад малакро болу пар аз фарти ниронӣ. 
46. Қабули омро аз масҷид оӣ дертар берун, 
К-аз ин масҷидгузинӣ хубтар сад бор раҳбонӣ. 

Download 2.86 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   20   21   22   23   24   25   26   27   28




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling