Алишер навоий мукаммал


Download 2.86 Kb.
Pdf ko'rish
bet2/28
Sana16.06.2023
Hajmi2.86 Kb.
#1507811
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   28
Bog'liq
Alisher Navoiy. Mukammal asarlar to plami. 20-jild-1-250

 
 
ДЕВОНИ ФОНИЙ 
МУСАДДАС 
 
ҒАЗАЛИ МАХДУМ АСТ, КИ БА ҲУКМИ ОЛӢ МУСАДДАС КАРДА 
ШУДААСТ* 
1. Кардаме дар хоки кӯи дӯст маъво, кошкӣ! 
Судаме рухсори худ бар хоки он по кошкӣ!
Омадӣ берун зи кӯи (он) сарви боло кошкӣ! 
Бурқаъ афкандӣ зи рӯи оламоро, кошкӣ!
Дидаме дидори он дилдори раъно кошкӣ!
Дида равшан кардаме з-он рӯи зебо кошкӣ! 
2. Кӯи он маҳ то бувад, ҷаннат намебояд маро, 
То бувад ҷаннат, ба дӯзах дил фурӯ н-ояд маро, 
Пеши лаълаш кай даҳан бо Кавсар олояд маро?
То бувад он сарв, тӯбӣ хуш намеояд маро,
Хотир андар сояи тӯбӣ наёсояд маро,
Соя кардӣ бар сарам он сарви боло, кошкӣ. 
3. Дӣ шудам афғонкунон то кӯи он сарви баланд, 
То ҷамолаш бингарам, ҳар гаҳ бурун ронад саманд,
Мунтазир мебуд то имрӯз ҷони мустаманд, 
Чун бурун омад, ба рӯи хештан бурқаъ фиканд, 
Гарчи имрӯз аз ҷамоли ӯ нагаштам баҳраманд, 
Ваъдаи ин давлат афтодӣ ба фардо, кошкӣ. 
4. Дар дили зорам ҳавас дидори он гулчеҳра буд, 
Озими қасраш шудам, чун он ҳавас дар дил фузуд. 
Монеъ омад ҳоҷибам в-он гаҳ ба сад гуфтушунуд
Ҷониби гулзорам аз баҳри тамошо раҳ намуд, 


Алишер Навоий. Мукаммал асарлар тўплами. 20-жилд 
www.ziyouz.com
kutubxonasi 

6
Ошиқонро рухсати гул чидану дидан чӣ суд? 
5. Бо вуҷуди он ки дилро нест з-он гулрӯ насиб, 
Не гули он рӯ, ки хоре аз сари он кӯ насиб, 
Не ба ҷон як нукта з-он лабҳои ширингӯ насиб,
Не ба чашмам ҷилвае з-он орази некӯ насиб,
Кошкӣ гӯям маро гаштӣ висоли ӯ насиб,
Бенасибонро насибе нест, илло, кошкӣ. 
6. Нест аҳли зуҳдро огоҳӣ аз асрори ишқ,
Нақди дин беқимат афтодаст дар бозори ишқ, 
Аз тариқи оқилӣ безор бошад зори ишқ, 
Дин ҳаме барбод бояд дод дар атвори ишқ,
Бо вуҷуди ақлу дин сомон нагирад кори ишқ,
Дар ҳуҷуми ин шудӣ он ҳарду яғмо, кошкӣ! 
7. Он, ки шарҳи ҳарфи ҳаҷраш, коми ҷонро сохт мўр, 
Аз Забури ишқ дон ҳам баййиноташ ҳам Забур, 
Баски васфи ӯ бувад вирди забони абду ҳур, 
Гаштааст аз дурри назми аҳли табъ офоқ пур, 
Назми ҷомиро, ки шуд дар васфи лутфи ӯ чу дур,
ҷо набудй ғайри гйши шоҳи воло, кошкй!
8. Хусраве, к-аз шамъи рояш мебарад хуршед нур
Моҳи нав баҳри ғуломонаш сазад наъли сутур,
Бандагони ӯ гаҳи размовари хоқону фур, 
Човушони ӯ ҳама шоҳон гаҳи айшу сурур, 
Шоҳ Абулғозӣ ки мегӯяд шаҳи анҷум зи дур: 
Будиям дар силки наздикони ӯ ҷо, кошкӣ. 
9. Он ки гардун нест дар суръат ба сони азми ӯ,
Ақли кулл ангушти ҳайрат дар даҳон аз ҳазми ӯ,
Ларза дар андоми баҳр омад зи азми ҷазми ӯ, 
Ҳарчи ронад бод мағлуб аз бисоти разми ӯ,


Алишер Навоий. Мукаммал асарлар тўплами. 20-жилд 
www.ziyouz.com
kutubxonasi 

7
Ҳарчи хоҳад бод ҳосил дар ҳарими базми ӯ,
(Дар) ҳарими базми ӯ садсола раҳ то кошкӣ. 

Download 2.86 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   28




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling