Алишер навоий мукаммал


Download 2.86 Kb.
Pdf ko'rish
bet8/28
Sana16.06.2023
Hajmi2.86 Kb.
#1507811
1   ...   4   5   6   7   8   9   10   11   ...   28
Bog'liq
Alisher Navoiy. Mukammal asarlar to plami. 20-jild-1-250

РУБОИЁТ 
1. То андар дил тобу тавоне будам,
То дар бадан аз рӯҳ нишоне будам,
Дил моили ҳусни дилситоне будам,
Ҷон волаи ошӯби ҷаҳоне будам. 
2. Эй, пургулу лола аз рухат гулшани чашм,
Равшан зи чароғи оразат маскани чашм, 
Гар во нашавад ба чеҳраат равзани чашм, 
Торик шавад ду машъали равшани чашм. 
3. Эй, бе ту маро ба сабр ҷуз нуқсон не,
Дилро зи ғамат ҷуз алами ҳиҷрон не,
Ҷонро ҳам ғайри меҳнати ҳирмон не,
Не-не, сабр нею дил не, ҷон не. 
4. Эй беҳаду адд, ҳар нафасат ҳамду сано, 
В-аз сад чандин ҳамду сано-т истиғно. 
Зикри малакут андар ин дайри фано, 
Бо илми ту «субҳонака ло илма лано». 
5. Аз гӯшаи бом орази моҳсимо,
Хуршед гарат надида бошад зи имо,
Шуд акси ду абрӯят ба чашмам санамо,
Он навъ, ки дар шиша бувад қибланамо. 
6. Эй аз маи лаълат ҳама сармастии мо,
Аз сарви баландат ба замин пастии мо.
Гар не, ба хаёли туст ҳамдастии мо,
Вопас бошад зи нестӣ ҳастии мо. 


Алишер Навоий. Мукаммал асарлар тўплами. 20-жилд 
www.ziyouz.com
kutubxonasi 
48 
48
7. Омад зи насими субҳ бӯи ту маро,
Дар равза намуд ҷилва кӯи ту маро,
Гул дидаму шуд нишони рӯи ту маро,
Маълум нашуд ва лек хӯи ту маро. 
8. Шаб то ба саҳар ҳамекунам зориҳо,
Дар шиддати танҳоию бемориҳо,
Аз ҳаҷр фикандем ба душвориҳо,
Эй ёр, куҷо шуд он ҳама ёриҳо? 
9. Ҷонам ба ду лаъли ҷонфизои ту фидо, 
Руҳам ба насими атрсои ту фидо.
Ошуфта дилам ба ишваҳои ту фидо,
Фарсуда танам ба хоки пои ту фидо. 
10. То шуд ба ҳавои ишқи он моҳлиқо
Ашкам дарё аз ҷигари хунполо,
Гиряд ба ҳоли ман дар он ранҷу ано,
Мурғони ҳавою моҳиёни дарё, 
11. Аз ҳачри ту корам изтироб аст имшаб,
Ҷон аз паи рафтан ба шитоб аст имшаб,
Танро зи фироқ печу тоб аст имшаб,
Дарёб, ки кори дил хароб аст имшаб. 
12. Дар баҳри сиришкам, ки нуҷум аст ҳубоб,
Не-не, ки дар ӯст офариниш нобоб.
Гардуни баҳр аз кавкаб чун дар тоб
Афтода ба сони сад не дар гирдоб, 
13. Оини талаб зи худписандон маталаб,
В-ин шева ҷуз аз ниёзмандон маталаб.
Бенақшӣ зи аҳли зуҳд чандон маталаб,
В-ин нақш зи ғайри нақшбандон маталаб. 


Алишер Навоий. Мукаммал асарлар тўплами. 20-жилд 
www.ziyouz.com
kutubxonasi 
49 
49
14. Дар ғурбатам, афтода зи ҳиҷрони ҳабиб,
Аз шиддати заъф гашта бо марг қариб,
Ёре на, ки орад ба сари хаста табиб,
Зоре на, ки ҷӯяд кафан аз баҳри ғариб, 
15. Ҳар лаҳза, ки аз чарх ҷафое расадат,
В-аз ҳодисаи замон балое расадат,
Ғам нест гар аз маҳе вафое расадат,
Сар чун сари зулфи ӯ ба пое расадат. 
16. То кай ситаму меҳнати ҳиҷрон кашамат?
Бошад, ки шабе ба байт-ул-аҳзон кашамат
Аз чоки даруни дар дили вайрон кашамат,
В-онгоҳ зи дил ба хилвати ҷон кашамат. 
17. Дил нест, ки дар зулфи парешони ту нест,
Ҷон нест, ки саргаштаи ҳиҷрони ту нест.
Гӯӣ, ки дилат з-они ман аст, они ту нест,
Ҷон они ман аст, гӯиё ҷони ту нест. 
18. Дар ҷоми булӯрин маи ҳамчун ёқут,
Гар ёбам, созам шабу рӯз онро қут.
То дар фалаки пиру сипеҳри фартут,
Чун ҳар ду шавад ҳавосу ақлам мабҳут. 
19. Заъфамро он миёни чун мӯ боис,
Қатламро он турраи ҳинду боис,
Умрамро он қомати дилчӯ боис,
Ҷонамро он лаъли сухангӯ боис. 
20. Чашмат, ки тариқи сеҳр аз ӯ ёфт ривоҷ,
Аз Бобилу Кашмир ҳамегирад боҷ.
Айёрсифат рабуда гоҳи тороҷ, 


Алишер Навоий. Мукаммал асарлар тўплами. 20-жилд 
www.ziyouz.com
kutubxonasi 
50 
50
Аз танҳо сар чунон, ки аз сарҳо тоҷ. 
21. Соқӣ, ба мани ғамзада пеш ор қадаҳ,
Ҳарчанд бувад бузург, бардор қадаҳ,
Гар з-он ки бувад сипеҳри даввор қадаҳ,
Дар як-ду кашидан кунам нигунсор қадаҳ. 
22. Дар ишқ мабош пеши ҷонон густох,
Чун банда бувад ба назду султон густох,
Аз дӯст чу васл ёфт натвон густох,
Оқил ба адаб бошаду нодон густох. 
23. Дар ошиқӣ он кас, ки муҷаррад бошад, 
Беҳ з-он ки ба ақлу ҳуш муқайяд бошад,
Он, к-ӯ зи қабул дам занад, рад бошад,
В-ар даъвии некуӣ кунад бад бошад. 
24. Ту н-омадию меҳри фалак ҷилва намуд,
Ту рафтию меҳр бувад бар чархи кабуд.
Ояд ба рухам хуни дил аз дида фуруд,
Аз омадани дери ту в-аз рафтани зуд. 
25. Омад ба мани хаста зи дилбар коғаз,
Аз масъалаи вафо муҳаррар коғаз,
Гирён мондам, чу дида раҳбар коғаз,
Чун ашки равон фурӯ шудам дар коғаз. 
26. Омад ба чаман қофилаи боди баҳор, 
Аз сунбули тар нофаи Чин баста ба бор,
Аз ғунча, ки карда ҳазза наргис изҳор,
Гӯё ки ба чашмаш зи раҳат баст ғубор. 
27. Ҷоно, дастат як дамам аз дӯш мабар, 
Дар нукта даҳони худам аз гӯш мабар,


Алишер Навоий. Мукаммал асарлар тўплами. 20-жилд 
www.ziyouz.com
kutubxonasi 
51 
51
Рух аз руху гарданам зи оғӯш мабар, 
Аз ҷисмам рӯҳу аз танам ҳуш мабар. 
28. Соқӣ, на зи оби талх, к-аз оташи тез,
Як ратли гарон сӯи ман овар, бархез!
Гар з-он ки зи тавбаат шавам узрангез,
Андоз ба остину дар ҳалқам рез. 
29. Соқӣ, ба қадаҳ маи тарабнок андоз,
Акси руҳи пок дар маи пок андоз,
Бас шӯру шағаб бар мани бебок андоз,
3-он ғулғула дар гунбади афлок андоз. 
30. Рафтию ба ҷисмам аз ту тобаст ҳанӯз,
Чашмам зи хаёли ту пуробаст ҳанӯз,
Тан з-оташи ишқи ту кабобаст ҳанӯз,
Боз о, ки дил аз ғамат харобаст ҳанӯз, 
31. Рафтию дил аз ғамат фигор аст ҳанӯз,
В-аз шавқи ту чашм ашкбор аст ҳанӯз,
Во гард, ки ҷон зи ҳаҷр зор аст ҳанӯз,
Боз о, ки дил дар интизор аст ҳанӯз.
32. Ёрам нашуд онбути париваш ҳаргиз,
3-ӯ шод нагашт ин дили ғамкаш ҳаргиз, 
Бе ӯ зи дамам кам нашуд оташ ҳаргиз,
Яъни назадам боди дами х(в)аш ҳаргиз. 
33. Дорам зи вуҷуди худ парешонию бас,
В-аз ҷумлаи кардаҳо пушаймонию бас,
Аз ақл насибам шуда нодонию бас,
Бар нодонии хеш ҳайронию бас. 
34. Он рӯй, ки авҷи ҳусн шуд ҷилвагаҳаш,


Алишер Навоий. Мукаммал асарлар тўплами. 20-жилд 
www.ziyouz.com
kutubxonasi 
52 
52
Наззора намудаам зи зулфи сияҳаш,
Нисбат натавон кард ба хуршеду маҳаш,
3-он рӯ, ки назар фикандаам таҳ ба таҳаш. 
35. Хоҳӣ, ки бадат рӯ надиҳад, хушхӯ бош!
Бо аҳл дур кун, якдилу якрӯ бош!
Ҳар сӯ, ки равад халқ, ту дигар сӯ бош!
Яъне ки мабош бо касу бо ӯ бош! 
36. Ҳар чиз расад зи аҳли даврон махурӯш,
В-аз қисми азал зиёдаро беш макӯш,
Барбанд зи ношуниданӣ рахнаи гӯш,
В-аз ҳарчи нагуфтанӣ, забон дор хомӯш. 
37. Хоҳӣ, ки ба хосагони Ҳақ гардӣ хос,
Аввал зи авом хешро соз халос.
В-он гоҳ даро ба роҳи сидқи ихлос,
То хос кунандату пазиранд хавос. 
38. Хоҳӣ, ки туро расад зи дарвешон файз,
Ту низ расон зи худ ба эшон файз.
Ин гуна гарат расад ба дилрешон файз,
Шояд ки туро даррасад аз эшон файз. 
39. Э дил, ту магӯ, ки мушки ноб аст он хат,
3-он рӯ, ки зи ранг дар ҳиҷоб аст он хат, 
К-аз шом рақам бар офтоб аст он хат,
Не-не, ғалатам, нақш дар об аст он хат. 
40. Эй, аз ту даруни нотавонамро ҳаз, 
В-аз ҳусни ту чашми хунфишонамро ҳаз,
Аз қадди хушат руҳу равонамро ҳаз,
В-аз лаъли равонбахши ту ҷонамро ҳаз. 


Алишер Навоий. Мукаммал асарлар тўплами. 20-жилд 
www.ziyouz.com
kutubxonasi 
53 
53
41. Дар рӯзи ҷудоӣ ғами дилсӯзи видоъ,
В-он оташи ҳаҷри шӯълаафрӯзи видоъ,
Сад ғуссаи муҳлики ғамандӯзи видоъ,
Нобуд намуданд маро рӯзи видоъ. 
42. То шуд ба дарун оташи ҳиҷрон воқеъ,
В-он гаҳ зи бурунам ашки ғалтон воқеъ,
Шуд саъй бад-он чи буд имкон воқеъ,
Он шӯъла ба об кушта натвон воқеъ. 
43. Эй з-оташи савдои ту доғам бар доғ,
Дар шоми ғам аз сипеҳрам афзунтар доғ,
Бигзашта дарун ҳам аз бурунам ҳар доғ,
Оё ба куҷо ниҳӣ кунун дигар доғ? 
44. Эй, қатли маро кашида мижгонат саф,
Ҳар тире аз он ҷони маро карда ҳадаф,
Ҷуз он ки дар он варта шавад умр талаф,
3-он саф натавон рафт бурун ҳеҷ тараф. 
45. Ёрон чу кашанд дар баҳорон маи соф, 
Ман гарчи зи зӯҳду тавба беш орам лоф, 
Дорандам агарчи май бад-он ҳарза маоф,
Дар олами ёрӣ набувад аз инсоф. 
46. Муҳлик бувад, эй рафиқ, айёми фироқ,
Омехта заҳри ҳаҷр дар ҷоми фироқ. 
Гар субҳи висолам дамад аз шоми фироқ,
Номам мабар, ар дигар барам номи фироқ. 
47. То монд қазо бар сари ман афсари ишқ,
Дар баҳри дилам сохт ниҳон гавҳари ишқ,
3-он афсарам афтод ба каф кишвари ишқ,
3-он гавҳарам афрӯхт ба дил ахгари ишқ. 


Алишер Навоий. Мукаммал асарлар тўплами. 20-жилд 
www.ziyouz.com
kutubxonasi 
54 
54
48. Дар дайри муғон муғбачагони чолок,
Карданд маро ба бода масту бебок,
Махмуриям афканд чу бар хок ҳалок,
В-он гаҳ нагирифтанд ба май хирқаи чок, 
49. Эй соқии шанг, деҳ маи оташранг,
К-ӯ об кунад агар чакониш ба санг,
Афтода гарон санги ғамам дар дили танг,
Шояд сабӯкаш кунам бад-ин ҳилаву ранг. 
50. Дар оташи ишқ ҷисму ҷонам маҳу сол,
Он навъ расонад варзиши худ ба камол.
К-андар дӯзах агар фитам бошад ҳол,
К-аз дӯзахи ҳаҷр сӯи фирдавси висол. 
51. Сарришта зи аҳли зуҳд бигсил, эй дил,
Дар дайри фано бисоз манзил, эй дил,
Ҷуз мутрибу май маҷӯй ҳосил, эй дил,
Як-як гуфтам, гӯш кун, эй дил, эй дил! 
52. Огоҳ нагаштам, ки дар ин дайр киям,
Ё худ чиям в-аз чияму баҳри чиям?
Маълумам не, ки одамӣ ё заминам, 
Бо хоки замин зи ман чӣ сон одамиям? 
53. Аз меҳнати ошиқӣ ба ҷонам, чӣ кунам?
Девонаву расвои ҷаҳонам, чӣ кунам?
Сабр аст маро чораву донам, чӣ кунам?
Донам чӣ кунам, чун натавонам, чӣ кунам? 
54. Эй, хоки ту тарфи кулаҳи подшаҳон,
3-он рӯ, ки туӣ подшаҳи каҷкулаҳон.
Барқе зи рухат бар хаси ин ҷисми ҷаҳон,


Алишер Навоий. Мукаммал асарлар тўплами. 20-жилд 
www.ziyouz.com
kutubxonasi 
55 
55
В-аз кашмакаши аҳли ҷаҳонам бираҳон.
55. Эй дил, рӯзат тира шуд аз аҳли замон,
3-он сон, ки бувад шабат ҳамон, рӯз ҳамон.
Аз ҷабри замон чу як замон нест амон,
Гар хоҳӣ амон, ҷоми май аз даст намон. 
56. Дар ҳаҷр макӯш, эй парипайкари ман,
Андеш зи сӯзи дили ғампарвари ман,
Дӣ чун нафасе дур шудӣ аз бари ман,
Рӯҳ аз тани ман париду ақл аз сари маи. 
57. То субҳ аён кунад зиё шамъи Хутан,
То рӯз бувад чароғи хур шаъшаъазан
То шом бувад машъали маҳ нурафкан,
Ё Раб, ки бувад чароғи умрат равшан. 
58. Як шом гар он шамъи саодатпартав,
Дорад маи кӯҳнаам ба дайр аз сари нав
Аз фикри хумори субҳи ӯ ранҷа машав,
Гар баҳри ваям, ҷон гараву ҷома гарав. 
59. Майхона, ки ҷоми лаълнок аст, дурд,
Мастон аз ишқ ҷомачок аст, дурд,
Ғам нест, зи ғам он ки ҳалок аст, дурд,
Ҳар қатра зи май чу ҷони пок аст, дурд. 
60. То даст ба домани яке кӯҳи шукӯҳ, 
Маҳкам кардам, дилам шуд аз ғусса сутӯҳ. 
Хоҳам, ки фишонда остин бар анбӯҳ, 
Ин дам гирам ба коми дил домани кӯҳ. 
61. Дар фақр ҳар он чи дар сарат ҳаст, бинеҳ,
В-он чиз бувад андар кафу дар киса, бидеҳ.


Алишер Навоий. Мукаммал асарлар тўплами. 20-жилд 
www.ziyouz.com
kutubxonasi 
56 
56
В-он гаҳ коре, ки з-ин ду бошад ба даме(ҳ),
Он шуд, ки зи ҳар чи оядат пеш, маҷеҳ. 
62. Аз фикри муҳол, эй дили девона, 
Хоҳӣ ба ту ҳамхона шавад ҷонона.
Он рашки парӣ чун шавадат ҳамхона,
Чун хона туро нест ба ҷуз вайрона. 
63. Эй рӯи ту, кавкаби ҷаҳонорое,
В-эй бӯи ту ашҳаби равоносое,
Бе мӯи ту, ё Раб, чунон фарсое,
Гесӯи ту чун шаби фиғонафзое. 
64. Гар заҳри ғамам кунад ҳалок, эй соқӣ,
Тарёки маям диҳӣ, чӣ бок, эй соқӣ?
Дил шуд чу зи тавба ҷурмнок, эй соқӣ,
Он ҷурм ба бода шӯй пок, эй соқӣ! 
65. Дар дайр гарат ҳавост нӯшидани май,
Бо муғбачагон ба лаҳни чангу дафу най.
Мумкин набувад агарчи бошӣ Ҷаму Кай,
Бе ҳиммати пири дайру бе рухсати вай. 
66. Пуршӯхӣ аз ин ишвагарон, эй соқӣ,
Пинҳонӣ ҳастам нигарон, эй соқӣ,
Пур соз сабук ратли гарон, эй соқӣ,
Беҳушам кун чун дигарон, эй соқӣ. 
67. Дар майкадаи ринду шон, эй соқӣ,
Бурданд чу маро кашон-кашон, эй соқӣ,
Хоҳӣ, ки шавам зи майкашон, эй соқӣ, 
3-он май, ки кашӣ, ба ман чашон, эй соқӣ. 
68. Дар фасли хазон барги разон, эй соқӣ,


Алишер Навоий. Мукаммал асарлар тўплами. 20-жилд 
www.ziyouz.com
kutubxonasi 
57 
57
Шуд коргаҳи рангразон, эй соқӣ,
3-он май, ки хӯрӣ, диҳам аз он, эй соқӣ,
То нӯшам аз он мазон-мазон, эй соқӣ. 
69. То моили ҷоҳи олами дун бошӣ,
Ҳар лаҳза чу зи андӯҳ дигаргун бошӣ,
Хоҳӣ зи Ҷаму Сикандар афзун бошӣ,
Бе Оинаву Ҷом, бигӯ, чун бошӣ? 
70. То сокини кӯи бенишонӣ нашавӣ,
Шоистаи асрори ниҳонӣ нашавӣ,
Мақрун ба ҳаёти ҷовидонӣ нашавӣ,
То аз асари вуҷуд фонӣ нашавӣ. 
71. Эй, он ки дар ин дайри фано дар бандӣ,
Бар худ тааби роҳи бақо барбандӣ! 
Бо ҷоҳи ҷаҳони бевафо хурсандӣ,
Гар шоҳи замонаӣ, ки ҳоҷатмандӣ. 
72. Лоф аз дониш нест ба ҷуз нодонӣ, 
Донистани ҷаҳл илм шуд, то донӣ, 
Мушкил ба худат кор чаро гардонӣ, 
Чун бошад як нею ҳазор осонӣ. 

Download 2.86 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   4   5   6   7   8   9   10   11   ...   28




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling