Алишер навоий мукаммал


МАРСИЯ  МАРСИЯИ ҲАЗРАТИ МАХДУМ


Download 2.86 Kb.
Pdf ko'rish
bet4/28
Sana16.06.2023
Hajmi2.86 Kb.
#1507811
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   28
Bog'liq
Alisher Navoiy. Mukammal asarlar to plami. 20-jild-1-250

МАРСИЯ 
МАРСИЯИ ҲАЗРАТИ МАХДУМ 
1. Ҳар дам аз анҷумани чарх ҷафое дигар аст,
Ҳар як аз анҷуми ӯ доғи балое дигар аст. 
2.Рӯзу шабро, ки кабуд аст сияҳ ҷома дар ӯ, 
Шаб азое дигару рӯз азое дигар аст. 
3.Балки ҳар лаҳза азоест, ки аз дашти адам 
Ҳар дам аз хайли аҷал гарди фаное дигар аст. 
4.Ҳаст мотамкадаи даҳр, ки аз ҳар тарафаш
Дуди оҳи дигару нолаи вое дигар аст. 
5.Оҳи ӯ ҳаст ба дил тирагӣ афзоянда,
Вои ӯ низ ба ҷон яъсфизое дигар аст. 
6.Гули ин боғ, ки садпора зи мотамзадагист, 
Ҳар яке сӯхтаи ҷома қабое дигар аст. 
7.Оби ӯ заҳру ҳавояш мутааффин, чӣ аҷаб,
Ки дар ин марҳала ҳар рӯз вабое дигар аст. 
8.Аҳли дил майл сӯи гулшани қудс ар доранд
Ҳаст аз он рӯ, ки дар ӯ обу ҳавое дигар аст. 
9.Назди арбоби яқин дори фано ҷое нест,
Ватани аслии ин тоифа ҷое дигар аст. 
10.3-он сабаб масти маи ҷоми азал орифи Ҷом, 


Алишер Навоий. Мукаммал асарлар тўплами. 20-жилд 
www.ziyouz.com
kutubxonasi 
11 
11
Сархуш аз дори фано сӯи Ватан кард хиром. 
11.Эй ҳарими ҳарами қурби илоҳӣ ҷоят, 
Тарафи ҷаннати Фирдавс, куҷо парвоят. 
12.Чун шудӣ аз ҳарами мулк ба сайри малакут, 
Буд дар анҷумани хайли малак ғавғоят. 
13.Тӯтиёни ҳарами қудс ба дил муштоқат,
Булбулони чамани унс ба ҷон шайдоят. 
14.Симёкори қазо меҳр дигар дод тулӯъ,
Чархро аз асари равшании симоят. 
15.Нӯҳ фалак чархзанон омада бар атрофат,
Буда гӯё ба сари ҳар як аз он савдоят. 
16.Шӯр дар олами арвоҳ бияфтод аз он, 
Ки нависанд ба ҷон нуктаи руҳафзоят. 
17.Руҳи ақтоб расиданд ба истиқболат,
Ҷони автод фитоданд ба хоки поят. 
18.Даст бар даст рабуданд туро то ҷое, 
Ки дар ин ғамкада ҳам хостӣ онро роят. 
19.Ту шудӣ восили мақсуди ҳақиқию бимонд
То қиёмат ба ҷаҳон шевану вовайлоят. 
20.Дар фироқи ту ғамин монд дили ғамзадагон,
Тира з-ин гӯшаи мотамзада мотамзадагон. 
21.Ту бирафтию дили халқи ҷаҳон зор бимонд,


Алишер Навоий. Мукаммал асарлар тўплами. 20-жилд 
www.ziyouz.com
kutubxonasi 
12 
12
То қиёмат ба фироқи ту гирифтор бимонд. 
22.3-оташи оҳи дили сӯхтагон то ба абад,
Дудҳо дар хуми ин гунбади даввор бимонд. 
23.Аҳли тавҳид, ки бе муршиди комил гаштанд,
Садашон мушкили ҳалношуда дар кор бимонд. 
24.Соликонро, ки камол аз ту расидӣ ба сулук,
Аҷзҳо дар равишу нуқс ба атвор бимонд. 
25.Умароро, ки шудӣ машъали меҳр аз ту мунир,
Тира шуд машъалу то ҳашр шаби тор бимонд. 
26.Сад халал раҳ ба дин ёфт, ки диндоронро,
Субҳа бишкасту ба каф риштаи зуннор бимонд. 
27.Сирри Ҳақ рафт паси пардаи китмон, ки зи ашк,
Ба гиландудаи дар махзани асрор бимонд. 
28.На ки сад хори алам дар дили аҳрор халид, 
Ки дусад бори ситам бар тани аброр бимонд. 
29.Толибонро равиши роҳи фано рафт зи даст
Ҳар яке дар паси сад пардаи пиндор бимонд. 
30.Чи тазалзул, ки зи фавти ту дар айём афтод, 
3-он тазалзул чи халалҳо, ки дар ислом афтод. 
31.3-ин азо дар ҳама олам на гадо монд, на шоҳ, 
Ки кашиданд ба суги ту дусад нолаву оҳ. 
32.Абрсон, гирякунон, наъразанон соя фиканд
Бар сари наъши ту хуршеди карам зилли Илоҳ. 


Алишер Навоий. Мукаммал асарлар тўплами. 20-жилд 
www.ziyouz.com
kutubxonasi 
13 
13
33.Гар муяссар шудияш наъш кашидӣ бар дӯш
Чун мани сӯхтадил, ҷониби мадфан ҳама роҳ. 
34.Шаҳриёрони ҷаҳон чок зада ҷома ба тан, 
Пеши тобути ту пӯянда ба аҳволи табоҳ. 
35.Сарбаландони замон дар таҳи наъшат шудааст
Ҳама гирёну кашон, бори ту бо пушти дутоҳ. 
36.Шуда ҳар пояи маҳди ту ба дӯши як қутб,
Лек ҳар чор шуда нудбагару «во асафо!» 
37.Оламеро ба сӯи олами дигар бурданд 
Натавон ҷуз ба чунин боркашонӣ огоҳ. 
38.Чазаъӣ акбарӣ афтод, ки бо ин ҳама чашм
Чархи гардун натавонист, бад-он сӯй нигоҳ. 
39.Гарчи шоми ту шуд аз нур чу маҳтоб сафед,
Ҳеч кас лек надидаст чунон рӯзи сиёҳ. 
40.Ба намозат, ки ҳазорон зи башар пайвастанд, 
Сад ҳазорон зи малоик ба ҳаво саф бастанд. 
41.Ҳама бурданд ба афғону дили чок туро,
Ҷой карданд, чу ганҷе ба дили хок туро. 
42.Хайли арбоби иродат ҳамаро чок ба дил,
Ҳар яке хост кашидан ба дили чок туро. 
43.Сари покони ҷаҳон будӣ, аз он Эзиди пок
Пок оварду дигар бурд ҳамон пок туро. 


Алишер Навоий. Мукаммал асарлар тўплами. 20-жилд 
www.ziyouz.com
kutubxonasi 
14 
14
44.Ғарқаи баҳри висоле, ки ба чашми ҳиммат 
Равза чун гулшану тӯбист зи хошок туро. 
45.Рӯҳи покат чу ба болои нӯҳум чарх шитофт,
3-ин ки тан зери замин рафт куҷо бок туро? 
46.Ҳама покони ҷаҳонро ба тани пок расид, 
Он чи бар пайкари пок омад аз афлок туро. 
47.Чун ту ганҷе, ки фалак дошт ниҳон кард ба хок,
На паи ҳифз, ки аз ғояти имсок туро. 
48.Ақли кулл будӣ аз идроки маонӣ з-он рӯ,
Натавонад, ки тааққул кунад идрок туро. 
49.Қисми ёрон зи ту гар зорию ғамнокӣ шуд,
Лек зоре набувад чун мани ғамнок туро. 
50.Зада саф хайли малоик, ки барояд Махдум,
Мухлисонро макун аз дидани рӯят маҳрум. 
51.Дӯстон, дар ҳама фан нодираи олам ку?
Афзалу аълами авлоди банӣ одам ку? 
52.Дар биёбони таманно-ш халоиқ мурданд,
Ба давои ҳама он Хизри Масиҳодам ку? 
53.Дили асҳоб шуд аз теғи фирокаш сад захм,
Он, ки будӣ ба ҳама хулқи хушаш марҳам ку? 
54.Ҳуҷра холию парешон шуда авроқу кутуб,
Соҳиби ҳуҷра куҷо, нозими онҳо ҳам ку? 
55.Дар саро нест ба ҷуз худкушии ғамзадагон,


Алишер Навоий. Мукаммал асарлар тўплами. 20-жилд 
www.ziyouz.com
kutubxonasi 
15 
15
Он, ки таскин диҳад инрову хӯрад шон ғам ку? 
56.Хома рӯ карда сияҳ, синаи худро зада чок,
Ки худованди ман он, бар уламо аълам ку? 
57.Дар Хуросон натавон гуфт, ки кас хуррам нест,
Кас, ки дар рӯи замин ёфт шавад, хуррам ку? 
58.На ки дар хонақаҳи зуҳд фитод ин мотам
Дар хароботи фано низ ба ҷуз мотам ку? 
59.Гузарондан ба фано аҳд кунам боқии умр, 
К-андар ин дайри кӯҳан аҳди бақо маҳкам ку? 
60.Ишқбозон зи ғам оташ ба дил афрӯхтаанд, 
Ҷонгудозон ҳам аз ин оташи дил сӯхтаанд. 
61.Эй, ки дар пеш гирифтӣ сафари дуру дароз, 
Ки бад-ин навъ сафар ҳар ки бишуд, н-омад боз. 
62.На ки аз нӯги қалам боз бубастӣ раҳи сеҳр,
Балки аз банди забон бурдӣ аз офоқ эъҷоз! 
63.Нафаси қудсият аз кас натавон ёфт дигар,
Ваҳйро баъди набӣ з-он ки нашуд кас мумтоз. 
64.Шоҳро монд ба ҷон з-оташи ҳиҷрони ту сӯз,
Бандаро дар дили садпора зи доғи ту гудоз. 
65.На шаҳу банда ки то рӯзи қиёмат дар даҳр
Ҳар ки бошад, бувад аз мотами ту навҳа тироз. 
66.Гарчи рӯ дар тутуқи васл нуҳуфтӣ, ки шавӣ,
То абад ҷилвакунон дар ҳарами иззату ноз. 


Алишер Навоий. Мукаммал асарлар тўплами. 20-жилд 
www.ziyouz.com
kutubxonasi 
16 
16
67.Мадад аз рӯҳи пуранвори худат низ расон, 
Ки харобанд зи ҳаҷри ту басе аҳли ниёз. 
68.Ҳар ки сад қарн бимонад ба ҷаҳон, ҳам ба фусун,
Бирабояд ҷаҳонаш фалаки шӯъбадабоз. 
69.Эй рафиқон, ҳамаро оқибати кор инаст,
Фикри анҷом касе беҳ, ки кунад аз оғоз. 
70.Шоҳи маъниро гар сурате афтод чунин, 
Бод то ҳашр шаҳи сурату маънӣ омин!

Download 2.86 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   28




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling