Чирчик вилояти тошкент
Download 110.71 Kb.
|
ВАЗОРАТИ ТАЪЛИМИ ОЛИЙ ВАМИЕНАИ МАХСУСИ РЕСПУБЛИКИ УЗБЕКИСТОН ИНСТИТУТИ ДАВЛАТИИ ПЕДАГОГИИ ШАХРИ ЧИРЧИК ВИЛОЯТИ ТОШКЕНТКОМПЛЕКСИ ОМӮЗИШ ВА МЕТОДОЛОГИЯ модули ПСИХОЛОГИЯИ УМУМЙ Сохаи дониш: 100000− Гуманитарий Сохаи таълим: 110000− Педагогика Равияи таълим: 5111800– Ватомактабй. Чирчик-2021с. Матни лексия аз фанни психологияи умумӣ (маводи таълими) Мавзӯи 1. Муќаддимаи психология Мазмуни дарс : Тавсифоти умумии психология хамчун илм. Психология ва донишхои психологй. Аз таърихи психологияи «то илмй». Психология ва фалсафа. Шуур хамчун предмети аввали психология. Психология ходисахои психикии инфиродй ва гурўхиро, мохияти он, ќонуниятхои инкишоф ва ташаккул, наќши фаъолият ва рафтори инсонро меомўзад. Умуман фанни равоншиносӣ (психология) хусусиятхои психикӣ (равонӣ) ва қонуниятхои ташаккули шахсияти инсонро мавриди омўзиш ќарор медихад. Дар замони хозира дар омӯзиши шахсияти инсон равоншиносӣ мухимтарин сохаи илм ба шумор рафта, сохту таркиби мураккаб дорад, ки он сохахои мухталифи ба хам пайвастро фаро мегирад. Хар кадоми мо хар рўз бо одамон вохўрда, бо онхо гуфтугўй мекунем, бо хаячон ё оромона ба суханхои онхо чавоб мегардонем, баъзе одамон ба мо хуш меоянду баъзеашон на он ќадар. Мо аз ин ё он далел, ходиса, воќеа хабардор шуда, фикру андеша мекунем, мутаассир мешавем ё бепарво мемонем, яъне баъзе ходисахо шавќи моро меоваранду ба дигарашон ахамият медихем. Китоби наѓз, оханги форам, асари хеле хуби санъати рассомй ба хар кадоми мо лаззат мебахшад. Мо рафтори ношоистаи одамеро дида, баѓазаб меоем, нафрат мехонем ва ўро танќид мекунем; рафтори фидокорона, мехрубонии зохиршуда моро хурсанд мекунанд. Мо мехнат карда истода суботкорона, бо рўхбаландии калон барои ичрои наќшахои пешбинишуда кўшиш менамоем, вале баъзан сусткору беѓайрат мешавем. Мо предметхои гуногунро дида, онхоро аз назар мегузаронем, онхо мумкин аст ба мо маъќул шаванд ё не; чизеро дар хотир нигох медорем, дигареро фаромўш мекунем, нисбат ба яке бо диќќат мешавему ба дигараш эътибор намедихем. Аз ин бармеояд, ки хаёти мо аз ду олам иборат аст, аввал олами воќей (ашёву ходисахо, набототу хайвонот, одамон ва муносибати онхо) ва дуюм олами рўхии инсон (фикрхо, хиссиёт, таассурот ва дигар ходисахои рўхи равонй) мебошад. Ходисахои рўхи дар хама одамон як хел зохир мешавад, вале таркибу мухтавои онхо дар хар як фард гуногун аст. Олами рўхии инсон мохиятан образи олами воќей буда, ба инъикоси оина монанд мебошад, аммо аз он бо мураккабии худ фарќ мекунад. Чи тавре, ки ходисахои олами воќей дар асоси ќонуниятхои табиат ба амал меояд, ходисахои олами рўхи хам низ ќонуниятхои худро дорад. Аз ин хотир ќонунхои табиатро илми табиатшиносй меомўзад ва ќонунхои олами рўхиро бошад илми психология. Аз ин бармеояд, ки илми психология ќонуниятхои пайдоиш, тараќќиёт ва зухуроти психика мебошад. Истилохи психология (аз юн. психе - рўх, чон, равон ва логос - илм, таълимот) соли 1590 аз тарафи Рудолф Гоклениус ворид карда шудааст. Илми психология яке аз илмхои ќадимтарин мебошад, тахминан 2500 сол ќабл дар Юнони ќадим ба вучуд омадааст, аммо хамчун илми мустаќил вучуд надошт. Бояд ќайд намуд, ки психологияи хамчун илми мустаќил соли 1879 аз тарафи равоншиноси олмонй Вилгелм Вундт ба майдони илм ворид шудааст. Аз ин рў, ўро асосгузори илми психология номидаанд, ки аввалин маротиба методи интроспексияро (худмушохидакунй) истифода бурдааст. Хусусиятхои донишхои психологй инхоянд: ин донишхое оиди ходисахои рўхи (равандхои маърифатй, холатхои эмотсионалй ва хусусиятхои инфиродй), ки бевосита дар батни хар як инсон мавчуд аст, баррасй карда мешавад; мувофиќ наомадани психологияи илмй бо психологияи хаётй тавсиф дода мешавад; донишхои психологй барои худшиносй ва худтарбиякунй зарур мебошад. Download 110.71 Kb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling