Чирчик вилояти тошкент
Хусусиятхои инфиродии шахс -
Download 110.71 Kb.
|
- Bu sahifa navigatsiya:
- Шуур шакли олии инъикоси психикии олами объективй аст, ки дар ќобилияти худназоратии субъект ифода меёбад.
Хусусиятхои инфиродии шахс - ин мизоч, характер, ќобилият мебошад. Мусаллам аст, ки асрори табиати инсон, сабабхо ва маромхои рафтори ў аз ќадимулайём диќќати одамонро бо худ чабл мекарданд. Инсоният кўшиш менамуд, ки одамонро аз рўи табиаташон ва хусусиятхои хосй бо хам монандиашон ба гурўххо чудо намояд, то ки рафтори онхоро муайян созад.
Хамин тавр, ин намуди ходисаи психикй хусусиятхои психологияи одамро кушода медихад. Аммо омўзиши объективй набояд бо шархи ходиса махдуд шавад, он бояд ќонуният ва механизмхои зухуроти ходисаро низ ошкор созад, хамин тавр, предмети илми психологияро ќонуниятхои пайдоиш, тараќќиёт ва зухуроти психика ташкил медиханд. Вобаста ба он, ки ба зухуроти психика омилхои гуногун, аз ќабили ашё, ходисот ва вазъиятхо таъсир расонида метавонанд, психология барои ба даст овардани далелу бурхони илмй дойр ба предмети тадќиќотиаш тамоми ин омилхоро мавриди омузиш ќарор медихад. Аз ин ру, объекти илми психология - ин мачмуи зухуроти омўхташавандаи хаќиќати атроф мебошад, ки бо психика алоќаи мутаќобила доранд. Дар байни ин зухурот рафтор ва фаъолият мафхумхои асосианд, вале ин ду мафхум аз чониби илмхои дигар, ба монанди физиология, чомеъашиносй, илми ахлоќ ва ѓайра низ мавриди омўзиш ќарор гирифтаанд. Аз ин рў, ќайд кардан лозим аст, ки хар яки ин илмхо чанбаи алохидаву муайяни рафторро мутобиќ ба ашёи тадќиќоти худ дарёфт ва тадќиќ мекунанд. Агар физиология вазифаи узвхои организмро хонгоми ичрои амалу рафтор ва фаъолият, механизмхои ичрои амал, чомеъашиносй ва илми ахлоќ ахамияти ичроиши рафтору фаъолиятро омўзанд, пас психология фаъолият ва рафторро хамчун механизмхои зохиршавии психика бахо дода, унсурхои психикй ва ахомияташонро дар тараќќиёти минбаъдаи психикй чустучў мекунад, механизмхои танзими психикии онхоро ошкор менамояд ва ѓайрахо. Рафтори субъекти дорои психикаи солим доимо аз таъсири олами ихотакарда асос ёфтааст. Олами берунаро инъикос намуда истода, одам хамзамон ба таъсироти мухталифи он аксуламал зохир менамояд ва тавассути назорати шуурона рафтори худро ба шароитхои мунтазам таѓйирёбандаи мухит мутобиќ месозад. Дар баробари ин, одам дар раванди инъикоси олами ихотакарда на танхо ќонунхои табиату чамъиятро маърифат мекунад, балки онхоро барои ќаноатманд намудани талаботи моддию маънавии худ истифода мебарад. Психикаи инсон мохиятан аз психикаи хайвони олитарин хам бо он фарќ мекунад, ки унсури олии назораткунанда, яъне шуурро дорост. Шуур шакли олии инъикоси психикии олами объективй аст, ки дар ќобилияти худназоратии субъект ифода меёбад. Шуур мачмўи донишхои моро дар бораи воќеият ифода карда, сохаи даркшавандаи психика ба шумор меравад. Психологи рус А.В.Петровский чахор тавсифдихандаи психологии шуурро баён кардааст. Download 110.71 Kb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling