Чирчик вилояти тошкент


Download 110.71 Kb.
bet5/5
Sana17.06.2023
Hajmi110.71 Kb.
#1520744
1   2   3   4   5
Аввалан, ў шуурро чун мачмўи донишхо дида баромада, мухимтарин равандхои психикиро, ки дар чамъоварй ва хифзи ин донишхо иштирок мекунанд, ба сохтори он шомил медонад.
Тавсифдихандаи дуюми шуур, ба аќидаи олим, аз чониби он тафриќагузори шудани субъект ва объект аст. Одам махз тавассути шуур фахмида метавонад, ки чй ба «Ман»-и вай тааллуќ дорад ва чй не.
Тавсифдихандаи сеюм дар он ифода меёбад, ки шуур таъминкунандаи маќсаднокии рафтори одам аст.
Тавсифдихандаи чахорум дар он ифода меёбад, ки шуур барќароркунанда ва муайянкунандаи муносибати одам бо воќеият аст. «Муносибати ман бо мухити атрофи ман - ин аст шуури ман» навишта буд К.Маркс.
Шарти хатмии ташаккул ва зохиршавии тамоми хусусиятхои дар боло зикргардидаи шуур - забон мебошад. Донишхо танхо хангоми фаъолияти нутќй хосил мешаванд. Одам «ман» - и худро мешиносад ва дар асоси донишхои хосилшуда ва чудо намудани худ аз олами атроф муносибати одам бо олами воќей ба вучуд меояд. Дар натича одам оламро маърифат мекунад ва рафтори маќсаднок содир менамояд.
Ханўз аз давраи Лейбнитс мавчудияти сохаи бешуурй низ аён гашта буд. Минбаъд таълимотро дар бораи бешуурй З.Фрейд ва пайравони ў инкишоф доданд. Айни замон дар асоси таносуби шуур-бешуурй назарияи фрейдизм якчанд дарачаи психикаро фарќмекунад:
Бешуурй - мухтавои принсипан ба шуур дастнораси психика мебошад, ки маќсадгузорихои арзишноки нихонй, мавќеъгирихо, маромхо ва таркиботи ядрои энергетикии шахсро муттахид мекунад.
Зершуур - хотироти фишорхўрдаи эмотсионалиест, ки метавонанд бо ёрии усули психоанализ ба шуур дастрас гарданд.
Тошуурй - таркиботест, ки дар холати зарурат метавонад ба осонй ба сохаи шуур ворид шавад.
Шуур - мухтавои фахмидашавандаи психика мебошад, ки ба танзими иродавй тобеъ аст.
Вазифахои илми психология
Вазифаи хар як илм пеш аз хама омўзиши хамачонибаи масъалахои илмиаш ва ба манфиати чамъият дар амалия татбиќ намудани натичахои ин омўзиш мебошад. Вазифаи аввалиндарачаи психология низ омўхтани ќонунхои фаъолияти психикй ба шумор меравад.
Илми психология хангоми тадќиќи масъалахои илмии худ чунин вазифахои асосиро дар назди худ мегузорад:

  • омўзишу дарки мохияти зухуроти психикй ва ошкор сохтани ќонуниятхои онхо;

  • омўзиш ва дарёфти имкониятхои идоранамоии протсессхои психикй;

  • дар амалия татбиќ намудани донишхои илмии психологй бо маќсади тарбияи шахсияти комил ва баланд бардоштани самаранокии истехсолот;

  • ба вучуд овардани асоси илмию назариявии хадамоти психологй.

Ќонуниятхои инкишоф ва зухуроти ходисахои психикиро омўхта истода, психология мохияти инъикоси олами объективиро дар ќишри магзи cap ошкор месозанд, муайян мекунанд, ки рафтору фаъолияти одам чй тавр идора карда мешавад, фаъолияти психикй чй тавр ба амал меояд ва хусусиятхои психикй чй тавр шакл мегиранд. Аз сабаби он, ки психика ва шуури одам инъикоси объективии олами воќеист, омўзиши ќонуниятхои психологй пеш аз хома маънои муайяннамоии алоќаи зухуроти психикй бо шароитхои объективии хаёт ва фаъолияти одамро дорад. Вале бо назардошти он, ки хар як фаъолияти одам (таълимй, мехнатй, ичтимой) ќонунан на танхо аз шароитхои объективии хаёту фаъолияти одам, балки аз чанбахои субъективй (муносибат, маќсадгузорй, тачрибаи шахсй) низ асос мегирад, пас дар назди психология вазифа гузошта мешавад, ки хусусиятхои амалигардии фаъолият ва натичахои онро дар вобастагй аз таносуби шароитхои объективй ва чанбахои субъективй муайян намояд.
Хамин тавр, ќонуниятхои равандхои маърифатиро барќарор намуда, психология имконият пайдо мекунад, ки чараёни таълимро ба таври илман асоснок ташкил намояд; ќонуниятхои ташаккули шахсиятро муайян намуда, дар хомкорй бо педагогика ташкили дурусти тарбияро ба рох монад; ќонуниятхои пайдоиш ва инкишофи холатхои ногувори рўхро ошкор сохта ба пешгирии ихтилофи асабию рухй мусоидат кунад; ќонуниятхои шаклгирии таѓйироти психикаи одами беморро муайян карда, ба раванди табобат таъсири мусбй расонад. Хамчунин ќонуниятхои психологиро омўхта, халли масъалахои ташкили мехнат, азхуднамоии техникаи нав ва усулхои пешќадами кор, баландбардории самаранокии фаъолияти истехсолй, чобачогузории кадрхо, таќсими дурусти мехнат ва ќувваи корй, ташкили мухити мусоиди кору муносибат ва ѓайрахоро дарёфт намудан мумкин аст.
Психологхо метавонанд бо назардошти ќонуниятхои психологй бахои такмили хусусиятхои мусбат, бартарафсозии хислат ва одатхои бад ва дигар масъалахои шахсию байнишахсй тавсия ва маслихатхои муфид пешниход намоянд.
Доираи фарохи вазифахоро, ки дар асоси мушаххаснамоии масъалахои психологй ба вучуд меоянд, психология дар доираи таълиму тарбия, тиб, варзиш, саноат, суд ва системаи ислохоти мехнатй хизмати харбй, корхои идоракунй , ташвиќотй ва ѓайрахо хал менамояд,
Масъалаи махсусе, ки дар муносибатхои чамъиятй ба амал омада, халли он иштироки хатмии психологро талаб мекунад - ин вазъияти ихтилофнок аст. Психологхо дар халли низоъхои ботинию байнишахсй наќши асосиро мебозанд.
Хамаи ин масъалахоро психологияи умумй меомўзад.
Download 110.71 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling