Сифат ва хусусиятхои граматики он
Download 90.5 Kb.
|
boboraufov iftixor
- Bu sahifa navigatsiya:
- ХЕЛҲОИ СИФАТ СИФАТИ АСЛЙ
- (кал, кӯр, ланг)
Сифат ва хусусиятхои граматики он Нақша: 1. Малумот дар бораи сифат 2. Хусуятхои грамматикии сифат 3.Хулоса Сифат аломат ва чигунагии прсдметро мефаҳмонад. Аломатҳои хоси он одатан дар дохили ибора равшан зоҳир мегардад. Сифат дорой хусусиятҳои зерин мебошад: семантикаи махсус: исм агар предметро ифода кунад, сифат аломат, хусусият ва нисбати чизе ё шахсеро ба чизе ё шахсе мефаҳмонад: шахри зебо, роҳи поњамвор, марди доно, корҳои саҳроӣ; дараҷаҳои муқоиса (қиёсию олӣ) ва шакли таъкидӣ: бинои калонтар, калоитарипн шаҳрҳо, рӯи суп-сурх; аффиксҳои махсуси калимасоз; -й, -манд, -нок, -она, -гун, -ин, но-, ба-, бе-: ранги ҷигарй, марди хирадманд, чизи фоиданок, корҳои оқилона, рӯи гандумгун, камзӯли чармин, бачаи боакл ҷомаи базеб, гули бебӯй, ҷойҳои ношинос; сифат дар ҷумла ба вазифаи муайянкунанда ва хабар меояд. Дар фазой боғҳои пурсамар, Даштҳою кӯҳҳои сарбаланд, — Паҳн карда мужда аз фатҳу зафар —, Мевазад форам насими дилписанд (Миршакар). …ҳоло ҷомаи Хӯҷаназар тозатар, шикамаш аз шиками Раҳимқассоб калонтар, ришаш аз риши Тӯрақули равғангар ғӯлитар ва ҳам рав-ғанинтар аст (Айнӣ). ХЕЛҲОИ СИФАТ СИФАТИ АСЛЙ 1. Аз ҷиҳати маъно ва аломатҳои морфологи сифат ба ду гурӯҳи калон чудо мешавад: аслй ва нисбӣ. Сифати аслй аломат, хусусият ва чигунагии предмету ҳодисаҳоро бевосита ифода менамояд: одами озод, фикри олй, ҷомаи тар, ҳавои гарм, меваи ширин. Ҷиҳати махсуси сифати аслй ин аст, ки дар калимаҳом ифодакунандаи он аломати предмет метавонад тағьир ёбад: ширин, ширинтар, ширинтарин, хеле ширин, бағоят ширин, каме ширин, ширинак. Сифатҳои аслй чунин аломатҳоро ифода карда метавонанд: ранг (сурх, сафед, кабуд, зард ва монанди инҳо); сатҳу масох,а (дур, наздик, рост, васеъ, паст, паҳн, кӯтоҳ, чап ва гайра); хусусияти ашёҳое, ки бо узвҳои хис дарк мешаванд (ширин, талх, гарм, сард ва гайра); аломати чисмонии шахе ва ҳайвонот (зӯр, пир, сует, заиф, хароб, фарбех, кар, гунг, ланг ва ғайра); хусусиятҳои маънавии одамоп (оқил, доно, гам-хор, бахил, дағал, шуҷоъ) ва гайра. Сифатҳои аслй як катор хусусияти лексикию грамматики доранд. Онҳо аломати предмет, ҳодиса ва воқеаро бевосита ифода мена-моянд: калон, хушбахт, муқаддастарин. Сифатхон аслй аломати предметро дар шакли содда хам ифода мекунанд, чунки бештарини онҳо аз рӯи баромад калимаҳои аслй — решагй буда, ба давраи қадимтарини забои мансубанд: нек, бад, гарм, хунук, сурх, тоза, калои, бузург, пир, на в. Дараҷа доранд: одди, муқоисави, оли, ками (хурдию навозиш), зиёдӣ: хубтар, хубтарин, суп-сурх, ниҳоят зебо, сафедча, сурхтоб. Ба тарзи антоним ва синоним воқеъ мешаванд: одати бад — нек, девори паст — баланд, умри дароз — кӯтоҳ, меваи талх — ширин, ҳавои гарм — хунук, дурӯғи маслиҳатомез — рости фитнаангез; калон, бу-зург, аъзам, кабир; хуб, нағз, беҳ, хуш. Такрор шуда, дараҷаи олии аломати предметро ифода менамояд: қадамҳои калон — калон, барфҳои паҳн — паҳн. Аз онко во суффикси -и исми маъин ва бо суффякси -она зарф сохта мешавад: пок-покй, сурх-сурхй, далер-далерй, ором-оромй, чолок-чолокона, ором-оромона, танбал-танбалона. Хусусиятҳои мазкур ҳарчанд хоси сифатҳои аслй бошанд ҳам, баъ-зеи онҳо ин аломатҳоро кабул намекунад. Ин ё он аломатро қабул кар-дани сифатҳои аслй ба маъно, вазифаи услубӣ ва мавқеи истифодаи онҳо вобаста аст. Масалаи, аз снфатҳон норасоии ҷисмонй (кал, кӯр, ланг) дарача’и муқоисавй ва е олй сохтан мумкин нест, чунки ин гурӯҳ сифатҳо табиатан аломати мутлақ ва доимии предметеро ифода карда, миқдоран каму зиёд шуда наметавонанд. Сифатҳои ифодакунандаи хусусият, ҳолат, таъм, хислат ва монан-ди инҳо дараҷа қабул кунаид хам, дар шакли таъкидй памеоянд: хунук, гарм, фарбех, вазнин, тунд, пир, талг, васеъ, ҷоҳил… СИФАТИ НИСБЙ Сифатҳои нисбй аломат, хосият ва чигунагии предмету ҳоди-сахоро аз рӯи муносибати ба предмете, ё ходисае доштаи онҳо мефах-монанд. Ин муносибат ҳар хел мешавад: нисбат ба шахе (мехри мода-рӣ, ҳуқуқи падарй, саломи дӯстона, ёрии бародарона, муҳаббати бача-гона); предметхои гайришахс (боғи наздимактаби, университети давла-тй, аспи зоти); замой (шамоли субхдамй, ғамхории доимӣ, пӯшо-ки тобистона, гандуми тирамоҳй); макон (духтари дарвозӣ, пудинаи боғй, гӯсфаидп ҳисорй); таъипот (боғчаи бачагона, омӯзишгоҳи духта-рона, институти педагоги, ёрии тиббӣ, флоти х^воӣ); воситаи иҷро (меҳ-натй дастӣ, отащдони газй, осиёи электрики); сохта шудани предмет аз чнзе (гулдони булӯрин, бинои сангин, девори тахтагӣ); нисбат ба маф-ҳуми маънй (реализми социалистй, кори илмй, хаёти партиявй). Хусусияти фарқкунандаи сифатҳои нисбй аз аслй ин аст, ки на да-раҷа доранд ва на шакли ифодакунандаи баҳои субъективӣ, аз онҳо исмҳои маънию зарф низ сохта намешавад. Сифатҳои нисбй ҷуфти ан-тонимӣ ҳам надоранд. Опҳо танҳо дар шакли ибора синоним доранд: гулдони булӯрин — гулдони аз булӯр сохташуда. набототи кӯҳӣ — на-бототи дар кӯҳ рӯянда, либоси занона — либос барои занон. Ба аслй ва нисбй чудо кардани сифатҳо то апдозае шартист, чунки ҳудуди байни онҳо чандон тағьирнопазир нест. Баробари инки-шофи маънои нав ҳудуди сифатҳои аслию нисбй низ тагьир меёбад. >1аънои муносибати предмети бо маънои аслй хеле наздик аст. Аз ин рӯ дар шароити мусоиди нутқ сифати нисбй хусусиятн аслй мегирад. Махсусан маънои маҷозӣ пайдо карда, ба сифати аслй гузаштани он бештар мушоҳида мешавад: симин, булӯрин, сангин, оташин. Табдили сифатҳои аслй ба сифатҳои нисбй ду хел мешавад: а) як гурӯҳ сифатҳои нисбй дар шароити муайяни синтаксией ба вазифаи сифати аслй меоянд. Чунончи, агар дар ибораҳои кафаси симин^ дари оханин, суфаи сангин, канддони булӯрин сифатҳои симин, оханин, сангин, булӯрин аз кадом материал сохта шудани предметро фаҳмонида, ҳамчун сифати ннсбӣ вокеъ шуда бошанд, пас дар ибораҳои сойди си-мин, дили сангин, иродаи оханин, саломи оташин, бозӯи булӯрин онҳо ба аломатҳои мазкур доро будани предметҳоро маҷозан ифода намуда, ҳамчун сифати аслй зухур кардаанд. Асдй ё нисбй будани ин гурӯҳ си-фатх,о танҳо дар матн муайян мегардад; б) гурӯҳи дигари сифатҳои нисбй аслан чун сифати нисбӣ сохта шуда бошанд ҳам, бо мурури замон тадриҷан ба сифати аслй гузашта-анд. Сифатхое, ки бо суффиксҳои -нок, -манд (фоиданок, хатарнок, хи-радманд, давлатманд), бо префиксҳои бо-, ба-, бе-, но- (боақл, бенамак, ботадбир, нокас) сохта шудаанд, ба ҳамин гурӯҳ мансубанд. Ин гуна сифатҳо аломатҳои грамматикии сифати аслиро қабул мекунанд: ота-шинтар, хеле оташин, мардонатар. Download 90.5 Kb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling