Сифат ва хусусиятхои граматики он
Download 90.5 Kb.
|
boboraufov iftixor
- Bu sahifa navigatsiya:
- Шумо аз ман
ДАРАҶАҲОИ СИФАТ
Дараҷаи аломат дар сифатҳои аслй микдоран каму зиёд шуда метавонад. Вобаста ба ин дараҷаҳои сифатро аз рӯи ифодаи муқои-са ба ду гурӯҳ ҷудо намудан мумкин аст: а) дараҷаҳои қиёсӣ; б) дара-ҷаҳои ғайриқиёсӣ. Дараҷаҳои қиёсии сифат кам ё зиёд шудани аломати предметро дар асоси муқоисаи аломати предметҳои ҳамҷинс ифода менамоянд. Дараҷаҳои қиесй ба муқоисавй (бузургтар, латифтар) ва олй (калон-тарин, хушбахттарин) ҷудо мешаванд. Дараҷаҳои ғайриқиёсӣ каму зиедии миқдори аломати предметро бе муқоисаи аломати предметҳои ҳамҷинс мефахмонанд: зебояк, сурхча, кабудтоб, зардина, суп-сурх, калон-калон, хунуки хунук. Албатта, дараҷаҳои каму зиёдй низ аслан ба муқоиса асос ёфта-аст. Масалан, сурхча аслан дар асоси бо сурх мукоиса кардан ба ву-ҷуд омадааст. Дараҷаи зиёдии суп-сурх ҳам ҳамии тавр аст: суп-сурх нисбат ба ранги аслй (сурх) дорой аломати бештарест. ДАРАҶАИ МУҚОИСАВЙ Дараҷаи муқоисавии сифати аслй бартарии аломати як предметро нисбат ба предмети дигар нишон медиҳад: Агар ба ҷои озо-датар хобиданро хоҳед, ҷомаи худро дар зери худатон паҳн мекуиед (Айнй). Гоҳо ҳангоми муқоиса аломати ду предмет муқоиса нашуда, тағьи-ри аломати як предмет дар марҳилаҳои гуногуни тараққиёташ (пеши-па ё баъдина) бо ҳам муқоиса карда мешавад: Дар рӯи карнайчахо гулпартой кард, ки баъд аз он бозораш часпонтар шуд (Раҳим Ҷалил). Тарзи муқоисаро дар ифодаи бартарй ба се гурӯҳ тақсим намудан мумкин аст. Ба гурӯҳи якум ҷумлаҳое дохил мешаванд, ки дар онхо хам мукоисакунанда ва ҳам муқоисашаванда мавҷуданд: Аспони ҳам-роҳони ман назар ба аспи ман лоғартар буданд, аммо онхо бар рӯи ях паси ман хубтар ва чолоктар мегаштанд (Айнй). Ман аз ту зиёдтар душмани ин расму одатҳо ҳастам, — гуфт Нуралӣ (Улуғзода). Гурӯҳи дуюм ҷумлахоеро фаро мегирад, ки дар онҳо унсури му-коисашаванда мавҷуд нест. Вай ё дар ҷумлахои пеш зикр ёфтааст ва ё аз мазмуни матн бо осонй фаҳмида мешавад: Колхозчиёни боинсоф-тар хосили баланд рӯёндани ӯро аз ғайратмандӣ ва меҳнатдӯстии Зу-байда медонистанд (Улугзода). Касе, ки ба кофтани хонаи мо омада буд,— гуфт модар,— дағалтар буд («Маориф ва маданият»). Дар ҷумлаҳои гурӯҳи сеюм аломати ҳамон як предмет дар вақтҳоц гуногун мукоиса карда мешавад. Ин хусусият ба он сифатҳои дарачаи муқоисавӣ, ки хиссаи номии феъли таркибй шуда омадаанд, хос мебо-. шад: Ҳамчунон ки умеди арбоб бо ҳусули муддаои худ қавитар гардид, ҳамчунон тарсу бими Бибиоиша ҳам зиёдтар шуд (Айнӣ). Дар рӯи карнайчахо гулпартой кард, ки баъд аз он бозораш часпонтар шуд (Рахим Чалил). Дар забон ҳангоми муқоисаи аломати предмстҳои бо ҳам муқоиса-шаванда чунин ҳолатҳо дида мешаванд: аломати як предмет бо аломати предмети дигар муқоиса мешавад: Шумо аз ман ҷавонтар будаед? — пурсид оймулло (Икромӣ); аломати як предмет бо аломати предметҳои ҳамҷинс муқоиса карда мешавад: Дуруст аст, ки шиками ин одам аз шикамҳои одамони дигар хеле калон буд (Айнӣ). Чӣ гӯям?—Ман оё я гон бор гуфта бу-дам, ки ту аз дугонаҳоят ё ҳамсоязанон камтарӣ («Садои Шарқ»). Ман гумон мекунам, ки нияти ӯ,—Аз ақиқ, аз бӯлур софтар аст (Турсун-зода); аломати якчанд предмет бо як предмет мукоиса карда мешавад: Сафар Ғулом ва Ака-Эргаш дар коммунистй аз ту кӯҳнатарапд (Айнй); аломати якчанд предмет бо аломати якчанд предмет мукоиса карда мешавад: Ҳамин кадараш ҳаст, ки мо калонтар, инхо донотар, яъне мо соддатар, инхо фиребгартаранд… Эшон аз мурдашуёп боиззат-тар ва хуштолеътаранд (Айни). Политрук, агар фаҳмед, барои онҳо аз мову шумо мушкилтар аст (Ниёзй); дар мавриди мукоиса баъзан аломатхои гуногуни як предмет бо ҳам мукоиса карда мешавад: Нон бошад-чй? — гуфт гадозан,— барои мо барин кампирҳои бедандон тар кардагиаш аз хушкаш беҳтар аст (Айнй); дараҷан қиёсии сифат дар вақти ҷузъи номии феъл шуда ома-дан вобаста ба хусусияти феълҳои ёридиҳанда чунин маъноҳоро ифода мекунад: а) мукоиса бо аломати пешинаи предмет (мантикан) амалй мегардад: Вакте ки ӯ калонтар ва серпултар шуд, майдафоидахӯрии сарикӯчагиро, ки баъзан пулаш месӯхт, ба як тараф гузошта ба дӯкондорони калон ва савдогарон муомила сар кард (Айнй); б) мукоисаи аломати предмет бо аломати баъдинаи он: Вакте ки қишлоқ бойтар мешавад, хочагии коллективӣ имконият медиҳад, ки дар паҳлуи он шумо як беморхона хам бино кунед (Рахим Чалил). То ки Download 90.5 Kb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling