Сифат ва хусусиятхои граматики он


Download 90,5 Kb.
bet5/5
Sana18.06.2023
Hajmi90,5 Kb.
#1582853
1   2   3   4   5
Bog'liq
boboraufov iftixor

Префиксной ба-, бо-. Ин префиксҳо сермаҳсул буда, аз нем сифати аслй месозанд, ки мазмунан ба ягон хосият ё аломат соҳиб бу­дани предметро мефаҳмонад: фикри бамаъни, одами баобрӯй, духтари ботамкин, донаи бобаракат, хӯрдании болаззат.
Ин префиксҳо якдигарро озодона иваз карда метавонанд: бачап боадаб—баадаб, одами боандеша—баандеша.
СИФАТҲОИ МУРАККАБ
Бо роҳи васлшавии калимаҳо сохта шудани сифатҳо аз сер-маҳсултарин усулҳои сифатсозист. Воситаи асосии ташкилп сифатҳои мураккаб бо ин роҳ ба хам васл шудани ду ва ё зиёда калима аст: ҳо-силхез, раҳмдил, халқдӯст, навбаромад, ҳамешасабз, сарупобарақна, чорсинфдор.
Дар сифатҳои мураккаб калимахо ба ҳамдигар метавонанд бевоси-та (моҳпайкар, хушбахт, сечашма, хандонрӯ, хушхон), ё ки ба воситаи инфиксҳои -о-, -ё-, -ма- пайваст шаванд (рангоранг, дурмадароз, саф-масаф, паёпай).
Аз рӯи муносибати байни ҷузъҳо сифатҳои мураккаб ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: 1) сифатҳои мураккаби тобеъ ва 2) сифатҳои мурак-каби пайваст.
Дар сифатҳои мураккаби пайваст ҷузъҳо мустақил ва баробарҳу-қуқ буда, яке дигареро мазмунан пурра мекунад, такмил медихад. Ин усули калимасозии снфат каммаҳсултар аст.
Дар сифатҳои мураккаби тобеъ ҷузъҳо ба якдигар тобеъ буда, ҷузъи тобеъ ҷузъи асосиро шарҳу эзоҳ медиҳад. Ин тарзи сохтани си-фатҳои мураккаб серистеъмол ва сермаҳсул мебошад.
Сифатҳои мураккаби пайваст
Сифатҳои мураккаби пайваст бо роҳҳои зерин сохта меша­ванд:
1) Такрори исм: мӯи тор-тор, матои рах-рах, фурӯши дона-дона, дуди ҳалқа-ҳалқа, тики рах-рах.
« 2) Такрори калимаҳое, ки ҷузъи дуюмашон маънои алоҳида надо-раду тақлидан ба ҷузъи аввал, дар вазни он талаффуз шуда, якҷоя бо он маънои муайянро ифода менамояд: корҳои майда-чуйда, кафи дағар-буғур, роҳи каҷу-килеб, суханҳои алмоӣ-алҷоӣ.
Дар як ҷо омадани ду сифати нисбии бо суффикси -ӣ сохташу-да, ки ҷузъҳояшон барои пурра кардан ва эзоҳ додани ҳамдигар ме-оянд: назариям марксистӣ-ленинӣ, адабиёти идеявӣ-назариявӣ, луғати тоҷикй-русӣ.
Такрори калимаҳое, ки дар байн инфиксҳои -о-, -ё-, -ма- доранд: гулҳои рангоранг, гирьяи паёпай, модари ҷоноҷон, гулҳои хелмахел. Дар ин қолиб бештар исм ва феъл такрор шуда меояд.
Сифатҳои мураккаби тобеъ
Аз рӯи хусусияти алоқаи ҷузъҳо сифатҳои мураккаби тобеъ ду хел мешаванд: а) ҷузъи аввал и калима ба ҷузъи дуюм тобеъ аст: бадкор, некбахт; б) ҷузъи дуюм ба якум тобеъ аст: парипайкар, оташ-забон. Ин гуна сифатҳо бо роҳи бевосита ҳамроҳ шудани калимаҳои гу-ногун сохта мешаванд.
Download 90,5 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2025
ma'muriyatiga murojaat qiling