Сифат ва хусусиятхои граматики он
Download 90.5 Kb.
|
boboraufov iftixor
хушбахттар шавй, Помир, — Пора бинмой синаи кӯҳсор (Миршакар).
Дараҷаи бартарии сифат бо ду роҳ ифода меёбад: а) синтетики, б) аналитики (таркибй). Роҳи синтетики. Роҳи синтетики роҳест, ки дар он дараҷаи бартарй ба воситаи афзудани суффикси -тар дар охири сифати аслй ба амал меояд: бузург — бузургтар, муҳим — мухимтар. Дар усули киёси синтетики муқоисашаванда дар ҷумла зикр намеёбад, вале вай аз маз-муни матн ба осонӣ фаҳмида мешавад. Бо ин роҳ аломати як предмет ба аломати худи он ва дар мавридҳои гуногун мукоиса карда мешавад. Суффикси -тар ба сифати аслӣ ҳамроҳ шуда, якҷоя бо он тобишҳои гуногуни маъноиро мефаҳмонад: а) нисбатан зиёд, пуркуввату баркарор шудани аломати предмети мукоисакунандаро: Не, сад бор не! Ҳамаи гап дар ҳамин, ки меҳнат бе кор наравад, кор осон шавад, зиндагй бехтар шавад (Икромй). …дар ин гуна муомилаҳо ӯ дар фикри худ инодкорона устувортар гардида, мукобилбаромадагонро ба нодопй ва аҳмақӣ ҳамл мекунад (Айнй); б) ками ва норасоии аломати предметро: Бемор бошад рӯз то рӯз сусттар ва бемадортар мешуд (Айнй). Дар лабони хубрӯён ханда хусни дигар аст,— Чилваи ин бог хам дар нозукй нозуктар аст (Турсунзода). Дар сифатҳои чида ҷои суффикси -тар гуногун аст: а) бо ҳар як аъзоҳои чида омада, маънои ҷузъи чидаро алохида таъкид мекунад: Бой шиками танобчиро хуб сер карда буд, ки зӯр шуда кадами худро калонтар ва кушодатар монда… (Айнй). Ба хама рӯзхои минбаъда хубтар, дуртар назар кардем (Турсунзода); б) бо яке аз сифатҳои чида меояд ва ба ҳамаи аъзохои он баробар тааллук дорад: Менамояд ба дида бағотат — Пурсафо, дилпишину хур-рамтар (Турсунзода). Сифат бо дараҷан муқоисавй дар ҷумла пас аз мавсуф меояд: Агар ба ҷои озодатар хобиданро хоҳед, ҷомаи худро дар зери худатон паҳн мекунед, хӯрҷинатонро болиы мекунед ва хобидан мегиред (Айни). Аммо барои им кор сарбанди мустаҳкамтар ва ҳавзаи калонтар сохтан лозим аст (Улуғзода). Сифатҳои дараҷаи муқоисавӣ барои таъкиди аломат гоҳо пеш аз мавсуф оварда мешаванд: Ҳозир шуморо дидаму ба дилам гуфтам, ки аз эшонҷони хурдй боътимодтар, донотар ва бохабартар касе мест, биё аз хампн кас пурсида гирам (Икромӣ). Баъзеҳо ҳазил, баъзеҳо танқид мекунанд, баъзеҳо аз рӯи манфиати кор ҷӯрагиро ба як сӯ монда, сахт-тар ҷазо хам медиҳанд (Ниёзй). Хусусияти дигари дараҷаи муқоисавии сифат дар забони адабйи ҳо-зираи точик он аст, ки шакли синтетикии вай дар ҷумла баъзе кали-маю таркибҳои таъкидй қабул мекунад. Дар ин хол аломати предмет пурқувваттар ифода мегардад. Ба ип вазифа калимаҳои таъкидии гу-ногун меоянд. Дараҷаи олии сифат ҳадди охирини аломат ва ё ба дараҷаи олии аломат соҳиб будани яке аз предметҳои ҳамҷинсро дар мукоиса бо предмети алоҳида ё гурӯҳи предметҳо мефаҳмонад: аз ҳама калонтар, аз хама хубтар, бехтарини роҳхо, зеботарини иморатхо, машҳурта-рин олим, зеботарин шаҳр, наздиктарин дуст. Дараҷаи олии сифат бо ду роҳ ифода мешавад: а) бо роҳи синтетики, б) бо роҳи аналитики. Download 90.5 Kb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling