Сифат ва хусусиятхои граматики он
Download 90.5 Kb.
|
boboraufov iftixor
- Bu sahifa navigatsiya:
- ПРЕФИКХҲОИ СИФАТСОЗ Дар забони тоҷикй ба воситаи префиксҳо
Рохи синтетики. Ин шакли дараҷаи олй дар натиҷаи ба сифати аслӣ ҳамроҳ шудани суффикси мураккаби -тарин ба вучуд меояд: Хосият хурсанд буд, ки шавҳараш имрӯз бо дугонаи наздиктарини вай дӯстона муомила мекунад (Улуғзода). Артисткаи пешкадамтарин, занн озод, намунаи духтари мадании советй буд (Икромй).
Роҳи аналитики. Шакли мазкур бо роҳи ба хам омадани тар-кибҳои аз ҳама, аз тамоми ва сифати аслй сурат меёбад: аз ҳама доно, аз хама пешқадам, аз тамоми касбу хунархо авлотар. Дар ин мавридхо сифати аслй дар шаклҳои зерин меояд: а) дар шакли дараҷаи оддй: — Рост, оймуллои ту аз ҳама як сару гардан баланд буд (Икромй); б) дар шакли дараҷаи муқоисавй: Дар болои буз факат як ей нафар саворони аз ҳама ғаюртар монданд (Улуғзода). Таркибй «аз хама» бо сифатҳои аслии оддй, муқоисавӣ ва олй шакли дараҷаи олии сифатро ташкил дода, хусусияти махсуси услубй зо-х.ир мекунад. Масалан, дар иборахои «кори аз хама дущвор» ва «кори аз хама душвортар» сифати дуюм назар ба якум бештар таъкид ме-ёбад. Дараҷаҳои ғайриқиёсй, чунон ки дар боло хам пшора шуд, аломатро бе муқоисаи предметҳои хамҷинс ифода менамоянд. Агар дар дараҷахои қиёсй мақсади асосӣ дар муқоиса муайян намудани барта-рии аломати предметҳои ҳамчинс бошад, дар категорияи дараҷахои ғайриқиёсӣ чизи асосӣ нишон додани кам ё зиёдии аломат аз меъёри мӯътадил мебошад: барги заб-зард, ранги заҳирча. Дараҷаҳои ғайриқиёсӣ ду хел мешаванд: дараҷаи зиёдӣ ва дара-ҷаи камии аломат. Дараҷаи зиёдӣ маънои зиёд будани аломати предмет, ҳодиса ва воқеаро мефаҳмонад, маъноеро мефахмонад, ки аломат дар предмете аз меъёри мӯътадил беш аст. Дараҷаи камии сифат аз меъёри мӯътадил паст будани аломати предметро мефахмонад. Вай бештар аломатҳои ифодакунандаи рангро дар бар мегирад ва ба дараҷаи оддй нарасидани ягон хели онро нишон медиҳад. ПРЕФИКХҲОИ СИФАТСОЗ Дар забони тоҷикй ба воситаи префиксҳо сохта шудани сифат низ воситаи сермаҳсули калимасозии ин ҳиссаи нутқ ба ҳисоб меравад. Download 90.5 Kb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling