Донишкадаи илмиву тадқИҚотии омӯзиши муаммоҳо ва муайян кардани истиқболи таълими халқ ба номи а. Авлонӣ


Download 187.1 Kb.
Pdf ko'rish
bet2/2
Sana19.04.2023
Hajmi187.1 Kb.
#1362933
1   2
Bog'liq
dhitrKQTWXDCDYRymysBRlpzhmd3Zxwkeq0vrFQj (1)

Интегратсия аз калимаи лотинии “Integratio” – барқарор кардан, пур 
кардан, “integer” – бутун гирифта шудааст. Ёхуд барқарор кардани алоқаҳо 
бо дигар фанҳо. 
Интегратсия маҳсули ҷараён ва натиҷаи барқарор кардани алоқаи 
байни фанҳо буда, тавассути таъсири байниҳамдигарии дастурҳои таълимии 
гуногун ноил шудан ба ягонагии мазмуни таълим ба ҳисоб меравад. Дар 
ташкили дарсҳои интегратсиякардашуда аз рӯи фанҳои лозимӣ иштироки 
омӯзгор мушкилоти психологиро ҳал мекунад, ин ба бачагон имкон медиҳад, 
ки онҳо ба блоки нави маълумотҳо дохил шаванд. Ин ҳамчунин, ба баланд 
шудани дараҷаи касбии омӯзгор, ташаккули қадру манзалати ӯ мусоидат 
мекунад. 
Самтҳои азхудкунии хонандагон аз рӯи нишондоди таълими глобалӣ 
Тадбирҳои интегратсиякунонидашудаи беруназсинфӣ (лойиҳаҳо, 
экскурсияҳо, бозиҳои интеллектуалӣ) 
Дар ҷараёни таълими ибтидоӣ интегратсияро ба ду қисм ҷудо кардан 
мумкин аст: интегратсияи дохилӣ ва берунӣ. Дар синфҳои ибтидоӣ фанни 
табиатшиносиро дар интегратсия ба тамоми фанҳо омӯзонидан мумкин аст. 
Ба ғайр аз ин, тавассути интегратсия доир ба фанҳои физика, кимё ва билогия 
низ таълим дода мешавад.



Инноватсия аз калимаи англисии “innovationas” гирифта шуда, маънои 
навгонӣ, ихтироъро мефаҳмонад. 
Фаъолияти инноватсионӣ – ин навгонӣ офаридан ва кашфи 
маҳсулотҳои нав тавассути истифодабарӣ аз усулҳои нави замонавӣ 
мебошад. Навгонӣ офаридан дар ягон соҳа асоси фаъолияти инноватсионӣ ба 
ҳисоб меравад. Хусусияти прагматикии инноватсия ҳамин аст, ӯ дар майдони 
ғояҳо ва майдони ҳаракати ягон субъект ба амал бароварда намешавад. 
Инноватсия дар ҳамон сурат ҳаққонӣ ҳисобида мешавад, агар вай ба ҷузъи 
ҷудонашавандаи ҳаёти одамон табдил ёбад – ҳаммабоб ва оммафаҳм бошад. 
Мазмуни асосии фаъолияти инноватсионӣ ин ташаккули технологияи нав ба 
ҳисоб меравад. Омӯзгор фаъолияти инноватсиониро ташкил карда
қисматҳои ташаккули онро ингуна муаяйн карданаш мумкин аст:
Қисмати аввал – тавсияномаҳои методии тайёр аниқ карда, 
гузаронида мешавад.
Қисмати дуюм – ба сохтори мавҷудбуда баъзе методҳо 
модификатсияҳо)и нав дохил карда мешавад.
Қисмати сеюм – мазмун, метод ва шакли пурраи баамалбарории ғояи 
нав таҳия карда мешавад.
Қисмати чаҳорум – омӯзор консепсия ва методикаи шахсии худро 
доир ба омӯзиш ва тарбия тартиб медиҳад. 
Дар ҷараёни тайёр кардани омӯзгорон ба фаъолияти инноватсионӣ 
муҳити психологии ҷамоаи педагогӣ, то чӣ андоза хабардор будани 
омӯзгорон аз навгониҳои бозори таълими дунё ба ҳисоб гирифта мешавад. 
 
Саволҳои назоратӣ:
1. Ба ривоҷи фанни табиатшиносӣ кадом олимони қомусии мо ҳисса 
гузоштаанд ва онҳо чигуна ҳиссагузорӣ кардаанд? 
2. Дар бораи таърихи ривоҷёбии фанни табиатшиносӣ маълумот диҳед. 
3. Дар омӯзонидани фанҳои табиатшиносӣ аз кадом технологияҳои 
инноватсионӣ истифода бурдан мумкин аст? 


4. Дар омӯзонидани фанни табиатшиносӣ ба ҷараёни интегратсия чӣ 
хел баҳо медиҳед?
 

Download 187.1 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling