Корбасти аъзоҳои истиснои ҷумла дар асоси эҷодиёти Баҳманиёр
Баёнияи истисной
Баёнияи истисной ё худ чузъи иловагй барои шарҳу эзоҳи чузъи асосй, ки ягон аъзои чумларо таъмин мекунад, омада нисбат ба он аъзо синоним мешавад. Баёнияи истисной аз аъзои эзоҳшаванда бо дефис ва оҳанг чудо шуда, бар эзоҳи бисёр аъзоҳои чумла омада метавонад.
1. Бар эзоҳи мубтадо: Пиразан-Қамарнисо аз наберааш Мирзо хат гирифт (Р.Чалил. Бозгашт аз биҳишт).
Мо-падар ва писар аз хона баромада ба ҳавлии бобоям рафтем (С.Айнй, Ёддоштҳо).
2. Бар эзоҳи пуркунанда: Саҳнаҳои мулоқоти киномеханик бо бачаҳо-ҳаводорони доимии кинои сайёр дар деҳот ранги баромаданд (Ф.Муҳаммадиев, Дўстон точи сар). Ў ба устоди худ-Абдураҳмони Чомй мурочиат карда, илтимос намуд (С.Айнй, Куллиёт).
3. Бар эзоҳи холл: Рўзи панчашанбе-дуюми сентябр аз долони дарвозаи арк садои пои раванда ва ояндае шунида намешуд (С.Айнй, Куллиёт).
Ман аз мулки саодатманд – мулки точикон оям.
Ба мисли аввалин бўи баҳор аз бўстон аям.
(М.Турсунзода, Посбони оташ)
Баёнияи иятисной бар эзоҳи навъҳои дигари ҳол низ меоянд ва чунон ки аз мисолҳои боло маълум мешавад, на фақат ба воситаи як калима, балки ба воситаи ибораҳо низ ифода мегардад. Агар аз чумла чузъи эзоҳшаванда истисно шавад, банияи иловагй-истисной вазифаи онро таъмин мекунад.
Do'stlaringiz bilan baham: |