Кори курсӣ вавазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси


Калимасозии сифат бо воситаи феъли ва типи сифатсозӣ дар романи «Фирдавсӣ»-и С.Улуғзода


Download 303.96 Kb.
bet10/12
Sana17.06.2023
Hajmi303.96 Kb.
#1519869
1   ...   4   5   6   7   8   9   10   11   12
Bog'liq
Абдулҳамидов Анушервон

2.2. Калимасозии сифат бо воситаи феъли ва типи сифатсозӣ дар романи «Фирдавсӣ»-и С.Улуғзода
Аз исму асоси замони ҳозираи феъл. Ин типи сифатсозӣ ҳам нихоят сермаҳсул аст: Ҳавои дилкаш, фазои дилкушо, кулчаҳои ширмол, чашмони шӯълабор, нигоҳи меҳрангез, мӯи тобдор, меҳри оламгир, овози дилчасп, қади дилчу, токии гулдор ва ҳоказо. Шояд нагмаи чангаш, овози маҳини диловези худаш ҳамчун аллаи модар хоби гўрсўхтаро ба ман боз меовард(саҳ. 13).
Зан дам назада бо табассуми ҳаёомез сўйи дар равон шуд(саҳ.15).
Он гох ёри мехрубонаш хост, ки бо хондани киссаи дилангезе аз китоб базму сухбати ширинро ширинтар созад:
Маро гуфт он моҳи хуршедчехр,
Ки аз ҷони ту шод бодо сипех(саҳ.49).27
Дар ин гурӯҳи сифатҳои мураккаб асоси замони ҳозираи феълҳои зерин хеле серистеъмол мебошанд: овар, ангез, дор, бахш, омез Саргузашти мароқовар, Октябри зафаровар, мулоқоти хандаовар, офтоби чонбахш, ҳавои фараҳбахш, ҷавоби ка- ноатбахш, мӯи тобдор, фарзанди вафодор, ҷои оғуши меҳрангез паланги даҳшатангез, сабзаҳои Хавлангез, атромез, саволи тааччубомез, нигоҳи табассумомез, суханони тахдидомез ва монанди инҳо.
Хоча бо лаҳни меҳромез аз зану писараш пурсид:
- Рохат хоб кардед? (саҳ.8).
Онҳо имоми худро ба сабаби рафтору кирдори ношоистаи ў, ки зикраш дар болотар рафт, бад медидан ва акнун гуфтори ў дар бораи ашъори дилангези шоир дар онҳо ҳиссиёти нохуши наздике ба нафрат тавлид карда буд(сах. 30).
Дар хона гамгусораш танҳо Фотимабону буд, ки кўшиш мекард ўро тасалли диҳад, вай шавҳарашро аз дер ёд зуд дигаргун шудани ахволи гамангез ва фаро расидани рўзҳои хуш умедвор месохт(саҳ.71).28
Вай бо харакоти касолатомез абояшро аз танаш кашид ва дастон аз сар баргирифт (саҳ.111).
Аз исму асоси замони гузаштаи феъл. Ин роҳи сохташавии сифатҳои мураккаб каммаҳсул аст: чашмони гиряолуд, бачаи хоболуд, обхои лойолуд.
Дар ин чо шайх Абулқосим даст афшонда бо овози баланди газаболуд:
- Бас аст!- гуён сухани шоирро қатъ кард(саҳ.44).
Аз сифату асоси замони ҳозираи феъл ва сифату сифати феълӣ: Ҷавони ҳақгӯ, ҳакшинос, одами пурдон, шахси некхох, бадхох, булбули хушхон, либоси хушнамо, замини корамнашуда ва бекорхобида. Пас оё равост,ки мо имруз он ниёгони хешро баддину бадкеш хонему лаънаташ фиристем ва ба фаромўшӣ супорем? (саҳ.42)
Мусофирон дар қади роҳ деҳқадаҳои харобу абтар, кулбаҳои селзада ва бекасро медидам (саҳ. 105).29
Аз исму сифати феълӣ: марди қадхамида, одами корозмуда, деҳаи торочдида, одами паридахаёл, одами рангпарида, писарчаи Рангканда, ошики дилдода, пири қоматхамида.
Ин одати бад дар табиатам чунон мутакаккин шудааст, ки гоҳо хотири ашхоси воломақомро ҳам фаромуш карда наздашон риояи суханони зананда мегўям(саҳ.17).
Он ду чавонмарди ба исмашон хитобёфта ва боз ду-се нафари дигар, ки зоҳири хешовандон ва хизматпешагони охунд буданд, ба Найсонӣ ҳамла оварда ўро заданӣ шуданд, вале Абу Дулаф фавран ба миён даромада "Даст нигох доред!"(сах.30).30
Онҳо ҳама мушрикони кофирпеша буданд, мункирони тавҳид буданд(сах. 43).
Мударрис кариб як сол боз шоирро надида буд, ҳоло ранги зард, рухсораи чўкида, ришу мўйсари сафедгаштаву дарҳампечида ва зоҳиран дер боз обу шона надидаи ўро мушоҳида карда дилаш ба ў месўхт(сах. 73).31
Аз шумораву исм бо пасванди -a. Ин типи сифатҳо серистеъмоланд: Халтачаи сечашма, милтиқҳои панҷтира, аробаи чорчарха, хонаҳои дуошёна, кори яксоата, фойтуни дуаспа, марди панчохсола, духтари шонздаҳсола, моҳи ҳафтрӯза ва ғайра.
Ба дидани бофанда андўҳе ба чеҳраи шоир сояандохт: мардаки миёнсол, ки Фирдавсӣ ўро аз он пеш на як бору ду бор дида буд, ҳало пири шастсоларо мемонд, ў хеле логар ва ришаш сафеди зардгуна шуда, рўйи зарди бехунашро тўри очинг пахш карда, зери чашмони фурўрафтааш варами балгамиранг бароварда буд (саҳ.67).32
Дар ҷумлаи мазкур калимаи шастсола сифат буда, аз шумора, исм ва пасванди -а ташкил ёфтааст.
Зани Абббос дар канортар истода буду мегирист ва ба кудаконаш - писараки чорсола ва духтарбачаи сесола мегуфт:
- Бобочони азизро салом кунед, бигўед курбони некиатон, шумо моро аз ятими начот додед, иллоҳо солёни бисёр ба тандурустиву саломати зихеду хушбахтии фарзандон ва набераҳоятонро бубинед(сах. 68).
Аз шумораи касрии ним ва сифат:
Ҳуҷраи танги нимторик шифту деворҳояш аз дуди оташдони кунчаки сиёх гашта боби зистан набуд.(сах. 133).33
Аз шумора ва асосҳои феълӣ: Дар пойтахти хона як шахси қаддароз, чомаи хеле кӯтоҳи нимдошти алоча пӯшидагӣ ҳозир шуд.
Аз шумораву нумератив Ва калимаҳои нумеративи суффиксхо: Ин кор акнун фиреби себораи амир буд.
Аз чонишину исм ва асоси феъли замони ҳозира бо пасвандҳо ва ё бе пасвандҳо: Акнун Амин ҳам фаҳмида буд, ки ин шӯхӣ монанди шӯхиҳои ҳаррӯзаи навбатӣ набудааст
Аз сифат, исм ё шумора ва асосҳои феълй: одами сиёхтелпакдор, чубдастдор, дасти панҷшохамонанд, мурғи шикастаболупар, ошиқи пурхандалаб.
Аз категорияҳои гуногуни калима ва аффиксҳо (дар ин ҷо бештар исм, сифат, чонишин, асосҳои феълӣ вомехӯранд): Чизҳои дилнокаш, суханони маслиҳатомезона бинии дастқадумонанд, бачаи гапнофаҳм, одати ҳаррӯзина, осмони қадамнорас, одами бамаксадрас, руди осмониранг, чои даструйшуй.
Аз пешоянду исм бо суффикси -й: Хонаи зеризаминӣ, участкахои наздиҳавлигӣ, ҳолати ғайритабий, сухбатхои пешазинтихоби.
Аз таркиби изофӣ бо пасвандҳо: кисаи сарисинагӣ, ҳавлии руидаричанок, ресмони пашмигӯсфандӣ, дукончаи чархиосиётароши, палави гўштимур нок, офтоби саридеворӣ, таоми нисфирӯзӣ, чилбури пашмибузи.
Ба воситаи калимаҳои таркибӣ. Сифатҳое, ки зиёда аз як калимаро дар бар гирифта, дар имло чудо навишта мешаванд, ба гурӯҳи сифатҳои таркиби дохил мешаванд: муваффакиятҳои нав ба нав, зарбаҳои пай дар пай, мӯи чин ба чин, суханони пой дар хаво, рохи печ дар печ, чангхои тан ба тан ва м, ин.
Як гурӯҳи сифатҳои таркибӣ аз сифатҳои мураккаб бо рохи илова кардани калима ҳамчун муайянкунандаи ҷузъи якум ба вучуд меоянд заводи ордендор (мураккаб), заводи ордени Лениндор (таркибй), колхози байракдор (мураккаб), колхози байрақи сурхдор (таркибй).
Гурӯҳи дигари сифатҳои таркибӣ аз сифатҳои нисбии боҳамомада ташкил меёбанд. Корҳои оммавӣ-сиёсӣ, ташкилӣ-партиявӣ, ҳаракати милли-озодихоҳӣ, муассисаҳои маданӣ-равшаннамой, хизмати маданӣ- маиши, луғати русӣ-тоҷикӣ.


ХУЛОСА
Мо дар ин кори худ доир ба роҳҳои калимасозии сифат гуфта гузаштем. Бояд қайд кард, ки сифат сохтану калимаи нав эҷод кардан кори сахл нест ва ба ҳама муяссар намешавад. Модар бораи роҳҳои калимасозии сифат дар романи “Фирдавсӣ”-и Сотим Улугзода тадқиқот бурдем, бояд тарзи дуруст ва бомаврид истифода бурдани сифатҳоро донем.
Сотим Улугзода нависандае мебошад, ки аз усули беҳтарини истифодабарии сифатҳо дар осораш истифода бурдааст. Улуғзода ба воситаи сифатҳо образу персонажҳои худ муҳити зист, хислату характер ва савияи дониши онҳоро нишон додааст.
Мо дар муқаддимаи риослаи худ дар бобати калимасозии сифат ва зурурияти истифодашавии он дар асарҳои бадей гуфта гузаштем. Улугзода, ки худ донандаи хуби забони тоҷикӣ ҳаст, тавонистааст, ки дар романи "Фирдавсӣ"-и худ аз усулҳои беҳтарини сифатсозӣ истифода барад.
Дар ин роман устод Улуғзода бо маҳорат ва малакаи хосса калимаҳоро пушти ҳам овардааст, то симо, муҳит, замон, вокеоти Ҳамонвактаро дар колаи сухани бадей пешорӯи хонандаи имрӯз нишон бидиҳад. Устод Улуғзода, ки донанда ва меросбари забони нобу меъёрии ҳазорсолаи точикон буд, бо тамомияти маъулият ва донандагӣ аз таъбиру киноёт, воҳидҳои фразеологӣ, ибораҳои рехтаи халқӣ ва калимоти чудогонаи маъмулу машҳур дар замони зиндагии Ҳаким Фирдавсӣ дар романи "Фирдавсй" истифода кардааст.
Дар ин роман сифатҳои аслӣ ва нисбӣ, сифатҳои мураккаби пайваст ва тобеъ бо гуногунрангӣ ва фаровонӣ ба кор рафта, рангинӣ ва ҷаззобияти романро аз ҳама тараф таъмин намудааст.
Намунаҳои сифатҳои зиёде,ки бо роҳи калимасозии аффиксй (пешванд, пасванд, миёнванд ва омехта(пешванду пасванд)) шудаанд, ба сохта мисли "Ҳокимони додгар", "мунозираи шавқовар", "донишварони бостонӣ", "аспони ҷангӣ", "шамьдони тиллой", "дили пиргашта", "сухани намакин", "чавони хушманд", "робитаи дӯстона" ва гайра дар роман ба таври фаровон ва бо ба назар гирифтани муҳитиу фазо ва лахзаву холати рафти амалиёти персонажҳои асар ба кор бурда шудаанд.34
Тадкики ин масъала,яъне калимасозии сифат ба воситаи аффиксҳо дар романи "Фирдавсӣ"-и Сотим Улуғзода аз зумраи корҳои навоғози мо дар риштаи забоншиносӣ маҳсуб ёфта, кори нотамом ва давомдор боки мемонад.
Умедворем, ки дар ин замина пажӯҳш ва тадкики худро пайваста идома бидиҳем ва ҷанбаҳо ва паҳлӯву ҷиҳатҳои нуҳуфта ва пинҳонмондаро ошкоро намуда, тадкики худро мукаммал ва муфассал гардонем, чунки дар ин бобат корҳои зиёди омӯзишӣ ва тадкикиву пажӯҳиширо мутолиа бояд кард, то калимасозии сифатро, на танҳо бо аффиксҳо балки бо дигар воситаҳои калимасозӣ мавриди пажӯҳиш карор дода шаванд.



Download 303.96 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   4   5   6   7   8   9   10   11   12




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling