Кори курсӣ вавазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси


Download 303.96 Kb.
bet2/12
Sana17.06.2023
Hajmi303.96 Kb.
#1519869
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   12
Bog'liq
Абдулҳамидов Анушервон

Муқаддима
Калимасозӣ боби алоҳидаи морфологияро ташкил медиҳад. Дар калимасозии забони точики бештар типи мураккаб, таркиби ва аффиксасия (бо аффиксҳо сохтани калимаҳо) сермаҳсул аст.
Мо бо максади ба каси дигар фаҳмонидани фикри худ гап мезанем.Фикр дар нутк дар шакли чумлаҳо зоҳир мегардад, яъне ба воситаи чумлаҳо ифода меёбад. Якчанд калимаи паси ҳам омада бо якдигар алокаманд набошанд, ҷумларо ташкил карда наметавонанд, вале аксар ин калимаҳо мувофиқи қонуни грамматика таркиб ёфта, Фикреро ифода кунад, чумларо ташкил дода метавонанд. Тарзҳои аз калимаҳо ташкил ёфтани ибораҳо ва чумлаҳо, тартиби калимаҳо, интонатсия, калимаҳои махсуси ёридиҳанда, типи чумлаҳо ва инчунин шароитҳои ба кор бурда шудани онҳоро боби дигари грамматика- синтаксис (аз синтаксис-сохт ном калимаи юнонӣ гирифта шудааст) меомузад.
Ҳамаи ҷиҳатҳои овозии воҳиди забон, ки ҳам дар лексика, хам дар грамматика омухта мешаванд, боби махсуси фанни забон фонетикаро ташкил медиханд.
Вохиди асосии фонетика- фонемаҳои алоҳида мебошанд, ки онҳо ба ҳамдигар зич алокаманд буда, системаи ягонаро ташкил медиҳанд. Фонетика чихати овозӣ ва хусусияти физиологии воҳидҳои асосии нутк ва дар навбати аввал фонема, тағйир ёфтан ва алоқаи байни фонемаҳоро меомузад.
Фарки маъной ҳосил кардани овозҳои нутк, пеш аз ҳама, дар калимаҳо зоҳир мегардад, ки онро грамматика ва лексикология мувофики мавзуи худ меомӯзанд. Фонетика бо грамматика ва лексика зич алокаманд аст; вай барои грамматика ҳамчун материали бинокорӣ ба шумор меравад.
Дар грамматика коидаҳои умумии сохта шудани ибораҳо, ҷумлаҳо ва ифода гардидани категорияҳои гуногуни онҳо омўхта мешаванд.
Як фикр, як мафҳумро вобаста бо шароит ва максад ба тарзҳои гуногун ифода кардан мумкин аст. Вобаста ба ин калимаҳо низ характери гуногун мегиранд. Чунончи, калимаҳои дам шудан, нигоҳ кардан дар нутки гуфтугўй кор фармуда мешуда бошанд, калимаҳои синонимии онҳо: лаб фуру бастан, назар афкандан характери нутки китобатӣ доранд.Ба шароит ва мақсад вобаста кор фармуда шудани воситаҳои ифодаро боби олоҳидаи фанни забоншиносӣ ситилистика (услубшиносӣ) меомўзад.
Ибораҳо, калимаҳо, хатто морфемаҳо дар шароити маълум ва муайян чун воҳидҳои сермаъно ва ё аз ҷиҳати маъно ба якдигар наздик ифода шуда метавонанд. Дар ҳамин асос калима ва ибораеро бо калима бо ибораи дигари аз ҷиҳати маъно наздик иваз кардан ва инчунин бо восита ва роҳҳои гуногун ифода кардани як фикр мумкин мегардад.
Ситилистика ҳамаи ин соҳаи бойтарин аҷоибтарини восита ва тобишҳои ифодаро меомузад. Кори мо, ки калимасозии сифат дар романи "Фирдавсӣ"-и Сотим Улуғзода мебошад, вазифа ва ҳадафи мо нишон додани роҳҳои калимасозии сифат ва шаклҳои он мебошад.
Калимасозии сифат дар "Фирдавсӣ" (таснифи онҳо ба гурўҳҳо) мавриди татқиқи олимон қарор нагирифтааст ва ин кори тозае дар илми забоншиносӣ мебошад. Усули тадкики кори тахлили ва тадкикию мукоисавӣ аст. Дар ин кор мо навиштаҳои забоншиносон, махсусан ба китоби "Истилоҳоти каломасозӣ"-и Хоркашов Сахидод ва инчунин китоби "забони адабии ҳозираи тоҷик 39 такя намудем.Сарчашмаи тадкики мо романи "Фирдавсӣ"- Сотим Улугзода мебошад.



Download 303.96 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   12




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling