Назарияи таълим фанни дидактика ва вазифаҳои он
Мархилаҳои фаъолияти донистан дар ҷараёни таълим
Download 20.95 Kb.
|
дидактика
- Bu sahifa navigatsiya:
- Донишхоро аз худ намудан аз эхсос ва идроки ашё ва руйдодҳои ҳаёти вокеъи шуруъ мешавад. Дар бобати фаро гирифтани дониш аҳамияти ин мархилахо нихоят бузург аст.
Мархилаҳои фаъолияти донистан дар ҷараёни таълим
Муаллим хонандагони мактабро барои идроки фаъоли донишҳои нав ва дар ҳаёт татбик карда тавонистани онҳо омода месозад. Ин ходисаи тасодуфи нест ва мантики ҷараёни таълим ҳаминро такозо дорад. Азхудкунии ҷараёни дарсҳои муаллим аз ҷониби хонандагон аз мархилаҳои идрок кардани донишхо, фахмидан, мустаҳкам намудан ва дар амал истифода кардани онҳо иборат хохад буд. Донишхоро аз худ намудан аз эхсос ва идроки ашё ва руйдодҳои ҳаёти вокеъи шуруъ мешавад. Дар бобати фаро гирифтани дониш аҳамияти ин мархилахо нихоят бузург аст. Идрок акси хасти дар шуури инсон аст (мо дарахт, одам, хайвон ва мисли онҳоро идрок карда метавонем). Идрок ҷараёни мақсади муайянест, ки мувофиқи дараҷаи дониши хонандагон ва таҷрибаи амалии онҳо бояд вокеъ гардад. Муаллим зимни идрок ва ё ба рох мондани мушоҳидаи бевосита сарчашмаҳои онро бо диккат интихоб мекунад. Мархилаи дуюми фаъолияти донистани хонандагон фахмидан ва умуми кардани донишхост. Дар ҷараёни хосил шудани мафхумхо масъалаҳои фикр кардан, аз кабили индуксия ва дедуксия мавкеи бузургеро ишгол менамояд. Индуксия рохи фикрронии аз ҳолати хусуси ба ҳолати умуми, дедуксия бошад, аз ҳолати умуми ба ҳолати хусуси рафтан аст. Мархилаи сеюми фаъолияти донистани хонандагон иборат аз мустаҳкам намудан ва истифода бурдани донишхост. Мохияти мустаҳкамсози пухта кардани алокамандии муваккатии дар вакти идроки маводи нав хосилшуда аст. Дар ҷараёни мазкур алокамандиҳои сусту ноустувор мустаҳкам шуда рафтан мегиранд. Барои афзудани фаъолиятмандии хонандагон дар мавриди аввалини мустаҳкам намудани мавод, танхо гузоштани саволхо оиди он каноат хосил кардан мумкин нест. Барои ин аз мустақилона корбарии хонанда бо китобу китобҳои дарси, ичрои машкҳои гуногуну машҚулотҳои амали, аёният, кор кардан бо компютер, низ истифода кардан мумкин аст. Мустаҳкам кардани маводи минбаъда дар рафти ичрои вазифаи хонаги давом мекунад. Такрори мавод дар ҳар як дарси нав, дар охири мавзуъ ё бахш гузаронидани такрори чамъбасти-усулҳои зарури мустаҳкамсози ба шумор меравад. Яке аз воситаҳои бомуваффакият аз худ кардани дониш, одат ва малака, дар амал фоида бурдани донишҳои аввал фарогирифташуда мебошад. Дар вакти вазифаҳои амали ба донишхо эҳтиёҷ пайдо мешавад, ин хол барои аз худ кардани донишҳои нав таконе мерасонад. Усули нави таълим, назорат кардани ҷараёни таълим, ва ё идора кардани таҷрибаҳои пешкадам, ташкил ва таҳлил намудани ҷараёни таълим, муносибати нисбатан тару тоза ба ин сохахо - ин ҳамаро технологияи педагоги ё худ технологияи таълим меноманд. Ба назари мо, чун технологияи педагоги ном бурдани ягон усули нави таълим ва ё шаклҳои он эхтимол бемаврид бошанд. Мафхуми технологияи педагогиро бобати ташкил додан, идора кардан, арзёби (бахогузори) ва таҳлил намудани тамоми ҷиҳат ва ё ягон соҳаи муайяни ҷараёни таълим истифода бурдан аини муддаост, ки ин ҳама бо назардошти фаро гирифтани тамоми мархилаҳои муносибати нав ба илму амал, техникаву технологияҳои информациони бояд ба кор бурда шавад. Технологияи таълим чунин маъно дорад, ки тибки он барои бурдани кори таълиму тарбия, ривоч додани шуури таълимгирандагон, мачмуи махорати санъаткори, махоратноки ва тарзу усулҳои гуногун истифода мешаванд. Технологияи нави педагоги танхо фикру мулохизаҳои гуфташударо намефахмонад. Он ба вуҷуд овардани мачмуи таълиму тарзу усули нави замонавиро (ноанъанавиро), аз ҷиҳати дидактики таъмин намудани кори хонишу тарбияро мефахмонад. Дар аини хол усули нав ва самаранокии ҷараёни таълимро, асл ва моҳияти онро дар назар дорад, ки ба истифодаи пурсамараи воситаҳои хониш асос ёфта, дигаргуниҳои сифатии дар ин ҷараён дар хонандагон содиршавандаро пеши чашм меоварад. Баробари мафхуми технология, мафхуми харитаи технология ҳам вуҷуд дошта, ин харду байни ҳамдигар узван алокаманд мебошанд. Харитаи технологи шакли хуҷҷати технологи буда, дар он рафти коркарди ашё ба каид гирифта шудааст, амалиёт (операсияхо) ва қисмҳои таркибии он нишон дода мешавад. Дар он аз ҷумла мавод (материалхо) тачхизоти истехсолот, режимҳои технологи кардани чизу ҷора лозим аст, сохибтахассусии (квалификация) хидматгузор ва монанди инхо хатман каид карда шаванд. Технологияи педагоги ба консепсияи педагогикаи илми такя мекунад. Барои расидан ба мақсад ба асосҳои дидактики, рухи, иҷтимои, педагоги ва фалсафи истинод менамояд. Педтехнология системаи худро дорост. Дар ин маврид паидарҳамию муназзами, алокамандии байниҳамдигар, яклухтии ягона нигох дошта мешавад. Хулоса, технологияи педагоги, ин бешубха, муносибати ба худ хоси инновациони нисбати таълим мебошад. Он дар педагогика ифодаи тарзи фикрронии иҷтимоию мухандиси, тасвири шуури (фахмиши) илмии техникавиест, ки дар соҳаи таълим ҷараёни хонишро ба стандарт андохта муайян мекунад. Download 20.95 Kb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling