Психологияи умумї, синнусолї ва тиббї
Деонтология дар психиатрия
Download 0.75 Mb. Pdf ko'rish
|
Шаропова Н.М. Психологияи умуми
Деонтология дар психиатрия. Њарчанд ки асоси назариявї ва маќсади
деонтология дар психиатрия ба мисли дигар фанњои тиббї аст, бо вучуди ин дар худ баъзе хусусиятхои фарккунанда дорад. Духтур дар дигар фанњои тиббї бо мадаи (субстрата) мушаххас (захм, љароњат, варам, яра) Сару кор дорад ва шахси бемор барои аз байн бурдани касалї фаъолона иштирок мекунад. Духтурони руњшинос бошанд бо одаме сару кор доранд, ки шахсияти онњо аз чињати потологї таѓйир ёфтааст. Руњшиноси машњур Е.К.Краснушкин навишта буд, ки «Фаркияти куллии шахси љисман бемор руњан касал дар он аст, ки шахси аввал фањмиш дораду шахси дуюм ин хусусиятро доро нест. Њангоми бемории руњї фањмиши шахс мумкин аст дар њолати сабук будани беморї ё дар саршавии беморї боќї мемонад ». Агар дар назди духтури касалињои дарунї њангоми гузаронидани санљиши харбї ё мењнати аниќ кардани сињат ё касал будани шахс истад, дар назди духтури руњшинос ин масъала зиёдтар аст. Рафтори кормандони тиб, хешовандон, наздикон, дўстон, њамкорон маљбуран ба бемористон хобонидан, масъулият барои њуќуќвайронкунї, табобатї маљбурї, барои ин масъала љавоб додан вобастагии зиёд дерад. Бо сабаби хусусиятњои хоси баъзе нуќсонњои руњї (масалан, сафсатагуии љунунии рашк, ихтироъкорї, њазёни ишќ ва ѓ.) вобаста ба њолати бемор бањо додан мушкилињо ба амал меояд. Дар ин ваќт бемор будан ё набудан, ба муолиља эњтиёљ доштан ё надоштанро аниќ кардан мумкин аст, махсусан ваќте ки суханони бемор ба њазён монанданд. Ин масъалањо њамон ваќт хусусиятњои хос пайдо мекунанд, ки агар шахс худро бемор њис накунад ва хешовандони ў рафтору гуфтори ѓайри муќаррарии беморро њис накунанд. Одатан бањои нопурра додан ба бемор якчанд сабабњо дорад. Он баъзан аз сабаби маълумоти нодуруст доштан ва дараљаи пасти маданиятнокї дарак медињад. Корњои фањмондадињї мумкин аст натиљаи дилхоњ дињад, хешу табори шахси бемор низ баъди ин 218 ба њолати руњии бемор бањои дуруст дода, барои табобат кўмак мерасонанд. Агар хешу табори бемор њолати руњии ўро нафањманд, пас тамоми њаљми ёрии тиббиро кормандони беморхона ба ўњда мегиранд. Муваффаќияти табобатї шахси руњан бемор Буда аз он вобаста аст, алоќаи байни бемору духтур чи гуна сурат мегирад. Пештар ваќт хешу табори шахси бемор касалиро инкор карда барои ба хона љавоб додани бемор кушиш мекунанд ва њатто ба идорањои дахлдор шикоят мебаранд. Чунин њам мешавад, ки агар духтур вазнин будани беморї ва оќибати ногувори онро ба хешовандон фањмонад он натиљаи манфї медињад ва онњо зуд ба хона љавоб додани беморро талаб мекунанд ва агар суњбати духтур тасаллибахш бошад, муносибати хешовандони бемор низ нисбатан дигар мешавад. Баъзан духтуре, ки ихтисосаш умумї аст, барои ба беморї руњан касал фањмонидани дардаш ба душворї дучор мешавад. Дар ин њолат ў бояд ба он чиз ишора кунад, ки гўё касалии љисмонї асабњояшро суст намудааст, аз ин рў бехобї, набудани иштињо, гирякунї, зудранљї, тарсу њарос пайдо шудааст, ки ба касалї таъсири манфї мерасонад. Бемор бояд фањмад, ки душворињои зиндагї метавонанд одамро љисман хароб кунанд, аз ин рў худро ба духтури касалињои руњї нишон додан њатмист. Психиатрия хамчун фанни тиббї аз ибтидои пайдоиши худ ба он чизе во мехўрад, ки беморони руњї аз њуќуќи гражданї мањрум буданд ва ба онњо њамчун њайвон муносибат мекарданд. Асосгузори аќидањои инсондўстонаи мубориза барои њуќуќњои касалињои руњї, ба онњо баргардонидани шаъни инсонї духтури франсавї Ф.Пинель (1785-1826) мебошад. Вай соли 1792 баъди озод кардани беморони руњие, ки занљирбанд карда шуда буданд, машњур шуд. Ба туфайли ў ва шогирдонаш Эскироль духтур мавќеи асосиро дар кори тиб соњиб мешавад. Эскироль соли 1818 дар номаи худ ба 219 вазири корњои дохилї навишта буд: «Бо маќсади хабар гирифтани муассисањое, ки касалињои руњї нигоњ дошта мешаванд, ман тамоми шањри Фаронсаро гаштам... ман онњоро дидам: барањна, либосњо дарида, дар рўи пахоле, ки ягона воситаи муњофизат аз хунукї буд. Ман дидам, ки онњо аз њавои тоза, об мањрум буданд. Ман онњоро дидам, ки чи хел дар руйљойњои лахт-лахт, ѓорњои чиркин, бадбўй, торик зиндагї мекунанд, ки дар он љо њатто њайвоноти вахшї тоќат намекунанд ». Баъди баромади ў дар Сенат аз нав ташкилкунии тамоми шифохонањои беморони руњї дар Фаронса оѓоз меёбад. Эскироль нахустин созмондињандаи ќонун дар бораи беморони руњї мебошад, ки он « Ќонун аз 30 июни соли 1839 » ном дорад. Дар ин ќонун чорабинињои њуќуќї, маъмурї ва тиббї дар бораи беморони руњї инъикос ёфта буд. Аз њамон лањзањое, ки њуќуќњои беморон барќарор карда шуданд, принсипњои деонтология низ дар амал татбиќ мегарданд. Чи тавре, ки дар боло кайд гардид, бо вуљуди умумияти деонтология бо дигар фанњои тиб, фаркияти асосии психиатрия дар он аст, ки вай харобшавии руњиро тадќиќ мекунад. Дар љараёни фаъолияти духтури руњшинос алоќаи шахсї ва суњбат бо бемор љои асосиро ишѓол мекунад. Руњшиноси машњур П.Б.Ганнушкин соли 1924 дар маќолаи худ «Руњшиносї, вазифа, хаљм ва омузиши он» навишта буд «Ин корро хамон ваќт омўхтан мумкин аст, ки агар руњшиноси љавон ба шахси касалии руњї дошта бодиќќат муносибат кунад: худписандї, мулоимхунукиро бемор намеписандад, фаромўш намекунад ва духтур дар назди бемор эътибори худро гум мекунад». Руњшиносони бењтарин: Крепелин-немис, Манян- франсавй, Корсаков-рус дар суњбат бо бемори руњї устод буданд. Њар кадоми онњо бо бемор ба таври худ наздик мешуданд ва дар суњбат бо беморон сифатњои мусбату манфии онњо зоњир мегашт. Масалан, њангоми суњбат бо бемор Корсаќов нармї, рањмдилї ва кунљковї, Крепелин даѓалї 220 ва баъзан бадмуомилагї, Манян истењзо ва сергапиро зоњир мекарданд. Ин сифатњо њеч гоњ ба муносибати онњо бо беморон монеъ намешуданд ва баръакс, беморони руњї онњоро дўст'медоштанд ва бо хоњиши тамом бо онњо суњбат мекарданд. Мисоли овардашуда зарурати деонтологии муносибат ва боварии тарафайнро нишон медињад. Интихоби муносибати дуруст, вобаста ба хусусиятњои руњии бемор равона кардани маќсад сифатњои муњими деонтологии духтури руњшинос мебошад. Бењуда нест, ки Ташкилоти Умумиљањонии Нигоњдории тандурустї (ТУТ) доир ба тайёр намудани шахсони руњшинос дар талаботи худ ба духтурон кайд мекунад, ки барои шахсияти духтури руњшинос муносибати самимона бо одамон, њамдардї, ботамкинї, њисси масъулият ва кобилияти аз cap гузаронидани вазнинї барин сифатњо заруранд. Download 0.75 Mb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling