Психологияи умумї, синнусолї ва тиббї
Download 0.75 Mb. Pdf ko'rish
|
Шаропова Н.М. Психологияи умуми
- Bu sahifa navigatsiya:
- принсипи монизми материалистї (монос-як).
ПСИХОЛОГИЯИ УМУМЇ
Предмет ва вазифањои психология. Психика, шуур ва фаъолият. Њар як илм њамчун соњаи мустаќили дониши инсонї, предмети махсуси омўзиши худро дорад. Предмети илми психология омўхтани ќонуниятњои пайдоиш, тараќќиёту зоњиршавии психика ва шуури одам њамчун шахсияти конкретии таърихї мебошад. Истилоњи «психология» аз ду калимаи юнонї пайдо шудааст: «псиюхе»-рўњ, «логос»-таълимот, яъне илм дар бораи рўњ. Психология њамчун илм зиёда аз 2500 сол пеш дар Юнони ќадим ба вуљуд омадааст ва тараќќиёти он дар муборизаи ду равия- материалистї ва идеалистї сурат мегирад. Инсон њанўз дар даврањои ќадим мављудияти ду мабдаъро мушоњида намуда буд: олами ињотакарда, олами ботинии одам ва шуури ў. Дар ин миён масъалаи асосї аввалин будани шуур ва материя, донисташавандагї ва донистанашавандагии олам мебошанд. Идеалистон шуур ва рўњро аввалин ва материяро дуюмин, яъне мањсули шуур мешумориданд. Ду равияи асосии идеалистї вучуд дорад: 1.Идеализми субъективї, ки мављудияти худи «ман», шуури фард, эњсос, тасаввурот, тафаккурро аввалин ва материяро дуюмин мешуморанд. Мувофиќи таълимоти онњо олами ињотакарда вобаста ба эњсосоти мо вуљуд дорад ва бинобар ин предметњо «маљмўи эњсосњо»-янд. 2. Идеализми объективї, ки тарафдорони он мављудияти рўњ, «рўњи мутлаќ»-ро аввалин ва олами моддиро, ки офаридаи он аст њодисаи дуюмин мешуморанд. Њар гуна таълимоти идеалистї бо теология, бо таълимот дар бораи худо алоќаи зич дорад. 9 Материалистон материя, олами ињотакардаи новобаста аз мо вуљуддоштаро аввалин ва шуур, рўњро њамчун инъикоси хосиятњои олами ињотакарда, яъне дуюмин мешуморанд. Материализми диалектикї масъалањои марбут ба ќонуниятњои инкишоф ва зоњиршавии шуур дар фаъолияти инсонро тмавриди баррасї ќарор медињад ва њамчун шакли олии инъикос њангоми ба њисоб гирифтани принсипњои зерин мебинад: 1) принсипи монизми материалистї (монос-як). Мувофиќи ин принсипи психика хосияти материяи ба таври махсус ташкилёфта майнаи cap мебошад, ки ин дар инъикоси хосиятњои ба таври объективї ва новобаста аз шуури мо вуљуддоштаи олами атроф ифода меёбад. Дар майна дар натиљаи гузариши протсесњои психикї наќшњое боќї мемонанд, ки образњои субъективии њаракати объективї мебошанд. Шуури инсон дар дараљаи олии инкишофи њайвонот дар натиљаи мураккабгардии сохт ва фаъолияти олии системаи асаб ба вуљуд омадааст. Пайдоиши шуур бо шароитњои љамъиятии њаёти одам, бо мењнати истењсолї ва забонї алоќаманд аст, ки дар он таљрибаи љамъиятї-таърихии инсоният ифода ёфта, ба туфайли мубодилаи афкор ба вуљуд меояд. Шуур инъикоси субъективии олами объективї мебошад. 2) принсипи вобастагии сабабї (детерминизм), ки мувофиќи он зоњиршавии фаъолияти психикї ба таъсири байнињамдигарии муњити ињотакарда ва фаъолияти системаи асаб ба организми инсон пурра вобаста аст. Таъсироти берунї ба воситаи шароитњои дохилї, психика ва шуури инсон гузашта, сабаби рафтори инсон мегарданд. 3) принсипи ягонаи шуур ва фаъолият нишон медињад, ки шуур дар фаъолият зоњир шуда, дар он ташаккул низ меёбад. Аз ин рў њодисањои 10 психологиро на ба шакли абстрактї, балки дар алоќамандї бо намудњои конкретии фаъолият бояд омўхт. 4) принсипи таърихї. Психика дар натиљаи эволютсия, тараќќиёти олами моддї, пайдошудааст ва дар зинањои муайяни он мураккабшавии сохти материяи зинда аз мављудоти соддатарин ба вуљуд меояд, ки фаќат хосияти мутаасиршавиро њамчун амали љавобї ба таъсири муњит соњиб аст. Ин њолат то ба олами њайвонот, ки дорои системаи асаби мураккаб аст, давом мекунад. Амали љавобии организм ба таъсири муњит дар ин зинаи тараќќиёти материяи зинда дар шакли рефлексњои ѓайришартї ва сипас шартї зоњир мешавад. Мураккабшавии сохти майна бо тараќќиёти пўстлохи нимкурањои калон вобаста аст, ки дар он алоќањои муваќќатии мураккаб ба вуљуд меоянд. Тараќќиёти майнаи cap бо пайдоиши системаи сигнали дуюм, яъне нутќ алоќаманд аст, ки онро ягон њайвони олї надорад. Психология тараќќиёти психика ва шуурро аз љињати филогенетикї ва антогенетика меомўзанд. Дар њолати якум тараќќиёти шуур дар давоми таърихи инсоният ва дар њолати дуюм тараќќиёти шуури индивидуалї ва конкретии одами алоњида дар рафти њаёташ омўхта мешавад. Вазифаи асосии психология омўзиши механизм, ќонуният ва хусусиятњои сифатии зоњиршавї ва инкишофи протсесс, њолат ва хусусиятњои психикї њамчун фаъолияти инъикоскунандаи майна табиат ва шароитњои ташаккули хусусиятњои психикии шахс дар даврањои гуногуни инкишофи синнусолї мебошад. Табиати материалистии психика ва шури инсонї бо тадќиќотњои физиологњои рус И М . Сеченов ва И.П. Павлов тасдиќ карда мешаванд. И.П. Павлов пеш аз њама дар китоби «Рефлексњои майнаи cap» 11 вобастагии психикаи инсонро аз олами берунї нишон дод. И.П. Павлов фаъолияти бошууронаи инсонро њамчун фаъолияти инъикоскунанда дида баромада аст. Дар тадќиќотњое, ки барои омўзиши фаъолияти олии асаб бахшида шудаи худ нишон дод, ки асоси њаракату амалњои бошууронаю ихтиёрии инсонро механизмњои асабии њаяљон ва боздорї ташкил медињад. Фаъолияти ин механизмњо на танњо бо таъсироти њозираи олами берунї, балки бо наќшу осорњои пешгузашта дар шуури одам низ муайян карда мешаванд. Љамъшавии наќшњо дар пўстлохи нимкурањои калон дар натиљаи таъсири пешинаи муњити берунї, ба туфайли "фаъолияти љамъбасткунї"-и мураккаби пўстлохи нимкурањои калон ба одам имконият медињад, ки ин ё он амалро ихтиёрї интихоб кунад ё худ онро барои таъсироти нав нигоњ дорад. Майнаи cap асоси анатомии системањои сигналии якум ва дуюмро ташкил медињад, ки онњо фаъолияти психикии одамро таъмин менамоянд. Системаи сигналии дуюм, яъне нутќ дар фаъолияти психикии одам ањамияти махсус дорад. Одам мањз ба туфайли он метавонад њамаи шароитњоро санљад амалњои худро бо принсипњои ахлоќї мувофиќ гардонад ва њалли оќилонаро ќабул кунад. Системаи сигналии дуюм асоси фаъолияти идоравии одам аст, ки он идоранамоии рафтор ва амали иљтимоии ўро њамчун аъзои љамъият таъмин менамояд. Тадќиќотњои психологњо муайян намунанд, ки бо тараќќиёти системаи сигнали дуюм (нутќ) доираи муоширати кўдак бо олами берунї боз њам васеътар мегардад ва дар алоќа бо он њамаи сохти психикаи ў низ дигаргун мешавад. Психика дар љараёни сабзиш ва инкишофи кудак на танхо аз љихати љараён, балки мазмун низ такмил меёбад, ки ин барои фањмидан, бањо додан ба моњияти предмет ва њодисањои олами берунї ба ў имконият фароњам меоварад ва инчунин ўро њамчун мављудияти љамъиятї ташаккул медињад. 12 Психика-инъикоси олами моддї аст, ки он ба воситаи майнаи сари инсон амалї мегардад. Назарияи маърифат инъикоси олами беруниро њамчун протсеси мураккаб медонанд ва зинањои муайяни худро дорад. Ин зинањо дар таърифи он бисёр равшан ифода ёфтаанд: "аз муроќибаи зинда ба тафаккури абстрактї ва аз он ба амалия-чунин аст роњи диалектикии маърифати њаќиќат, маърифати реалияти объективї". Баъзе категорияњои психологияи нормалї ва ќонуниятњои фаъолияти олии асаб ба ин зинањо мувофиќ, меоянд. Се категорияи зерини психологї эњсос, идроќ, тасаввурот ба зинаи аввали протсесси маърифатї дохил мешаванд ва дониста гирифтани алоќањои дохилї, ќонунњои олами берунї ба воситаи тафаккур сурат мегирад, ки одатан дар системаи мафњумњо амал мекунанд. Фаъолият ва амалияи њам сарчашмаи маърифат ва њам меъёри њаќиќат ба шумор мераванд. Мувофиќи таълимоти И.П.Павлов оид ба системањои сигналї гуфтан мумкин аст, ки системаи якуми сигналї аѓлабан асоси физиологии зинаи аввали протсесси маърифат, муроќибаи зиндаро ташкил медињад ва дар баробари ин системаи дуюми сигналї бошад асоси физиологии тафаккури абстракта ба шумор меравад. Маърифат ин протсесси беохири њаракати инсон аз бехабарию нодонї ба дониста гирифтани њаќиќат аст. Мувофиќи назарияи инъикос таъсироти берунї доимо ба воситаи хусусиятњои ботинии инсон, дониш, таљриба, талабот, эътиќод ва идеалњои ў мегузаранд. Аз ин рў фаъолияти психикии шахс мувофиќи мазмуни худ инъикоси субъективии олами объективї аст. Кўдак одамони гирду атроф, рафтору кирдори онњоро идрок намуда, бањо дода ва чун оина ба одамони дигар менигарад ва бо ин худро чун инсон субъект ва объекти маърифату амал дониста мегирад. Њамин тариќ, психикаи кўдак дар љараёни маърифат то дараљаи шуури инсонї баланд мешавад. Аз худ намудани дониш ва худро чун 13 субъект ва объекти маърифату амал дарк намудан шарти муњими инкишофи психикии кўдак, аз он љумла ќобилияти бошуурона инъикос намудани зуњуроти чуќуру нињонии олами берунї мебошад. Фарќияти асосии психикаи инсон аз њайвон дар маќсадноку бошуурона будани он зоњир мешавад, ки бо фаъолияти мењнатии ў зич вобаста аст. Одам дар протссеси таълим, мењнат ва муошират ќонунњои олами беруниро, ки ба туфайли онњо табиат ва љамъият тараќќї мекунад, дониста мегирад ва бо ин таљрибаи њаётиро меомўзад, ќобилиятњои љисмонию фикрї ва сифатњои шахсии у инкишоф меёбанд. Амалия дар назарияи маърифат њамчун меъёри асосии њакиќат хизмат мекунад. Аз ин рў дар амалия санчидани донишњо зинаи олии протсесси маърифат ба шумор меравад. Фаъолият шарти муњими инъикоси олам аст, ки одам дар рафти он ба предмет ва њодисањои њаќиќати гирду атроф муносибат мекунад, њосиятњои онро дониста мегирад ва дурустии донишњои худро месанљад. Шуур ва шахсияти инсон дар фаъолият на танњо зохир мешаванд, балки ташаккул низ меёбанд. Бинобар ин, психология зуњуроти шахсро дар фаъолият меомузад. Њар гуна фаъолият бо њаракатњои содда ва ё мураккабе алоќаманд аст, ки онњо вазифаи мотории организми зиндаро адо мекунанд. Њаракатњои модарзодї (рефлексњои ѓайришартї) ва бадастовардашуда (рефлексњои шартї)-ро фарк мекунанд. Аксарияти њаракатњои зиёде, ки рефлексњои ѓайришартиро ташкил медињад, дар љараёни њаёти индивидуалї (њаракаткунї дар фазо, бо предметњо амал кардан ва ѓ.) ба вуљуд меоянд ва ташаккул меёбанд. Њаракатњое, ки бо маќсади муайян ба предмет равона карда мешаванд, амалњо ном доранд. Амалњои инсон табиати иљтимої доранд ва маќсаднокии он бо инкишофи кўдак боз њам устувортар мегардад. Ин амалњоро рафтори одам меноманд. Дар љамъият меъёрњои муайяни рафтор ва принсипњои ахлоќї кор карда 14 мешаванд, ки барои њамаи аъзоёни он њатмї мебошанд. Амалњо аз рўи дараљаи фањмидашавии маќсадњо ва натиљаи амалњо ба импулсивї (беихтиёр) ва иродавї таќсим мешаванд. Амалњои импулсивї нопурра фањмидашуда, баъди бевосита пайдошавии образњо хоњишњо ва кўшишњо дар шуури одам ба вуљуд меоянд. Амалњои идоравї маќсадњои пешакї ќайдкардашуда ва натиљањои имконпазири пешбинишудаи амалдорро дар бар мегирад, ки инсон онњоро иљро карданист. Фаъолиятро маљмўи амалњои дорои маќсади умумї ва ањамияти љамъиятї дошта ташкил медињад. Њар гуна фаъолият ба маром ва водоркунандањои муайян вобаста аст, ки дониш, њиссиёт, хоњиш ва талаботњо ба сифати онњо баромад карда метавонанд. Маром одамро бањри ба маќсади дар пеши худ гузошташудааш расидан маљбур месозад. Дар рафти иљрошавии фаъолият дар инсон муносибати муайян ба фаъолият ба вуљуд меояд, ки дар ташаккули он муваффаќиятнокї ва ба муваффаќияти фаъолият, дараљаи иддаои шахс ва инчунин натиљањои бадастовардашуда ањамияти муњим доранд. Љараёни фаъолият бо пайдо шудани хасташавї, яъне бо беќувватшавии узви коркунанда ё худ тамоми организм ва бо мондашавї- азсаргузаронии хасташавї аз тарафи шахс зич алокаманд аст. Ин азсаргузаронї пеш аз њама муносибатро ба кор, одати одамро ба фаъолияти љисмонию аклї ифода мекунад. Барои бартараф намудани хасташавї ба организми инсон истироњат кардан зарур аст. Дар ин њолат ба намуди дигари фаъолият кўчонидани фаъолияти шуур шакли фаъоли истироњат шуда метавонад. Намуди асосии фаъолияти инсон мењнат ба шумор меравад, вале дар онтогонез намудњои бозї ва омўзиш ањамияти нињоят калон дорад. 15 Намуди асосии фаъолияти мактаббача омўзиш аст ва он протсесси ба таври муттасил аз худ намудани дониш мањорат ва малакањо мебошад, ки барои иљрои фаъолияти мењнатї заруранд. Download 0.75 Mb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling