Психологияи умумї, синнусолї ва тиббї


Download 0.75 Mb.
Pdf ko'rish
bet9/48
Sana11.11.2023
Hajmi0.75 Mb.
#1765687
1   ...   5   6   7   8   9   10   11   12   ...   48
Bog'liq
Шаропова Н.М. Психологияи умуми

 
Эњсоси буй. Ретсептори эњсоси буй пардаи луобии бини мебошад. 
Эњсоси буй њангоми таъсири заррањои хурдтарини моддањои буйдор ба 
он ба вучуд меояд. Ин эхсосхо ба мутобикшавии баъзе намудхои 
њайвонот ба мухит ёрї мерасонанд, вале онхо ахамияти худро барои 
инсон дар рафти эволюция гум кардаанд. Эњсоси буй дар якчоягй бо 
эњсоси мазза дар муайян намудани сифатхои маззаи хурок роли калон 
мебозанд. 
 
Эњсоси мазза. Узви эњсоси мазза забон мебошад, ки дар китъахои 
гуногуни он ретсепторхои маза (пистонакхои мазза) љойгир шудаанд. 
Онњо чун эњсоси маззаро нишон медиханд: туршї, талхї, шурї ва 
ширинї. Эњсоси мазза ва буй њангоми гуруснашавї тезутунд мешаванд 
ва ба баландшавии (ё пастшавии) иштихо мусоидат мекунад. 
 
Эњсоси пуст. Якчанд намуди системаи анализаторњои мустакилро 
дар пусти одам фарк мекунанд, ки таъсироти гуногуни предметхои 
олами ихотакардаро инъикос мекунанд. Аз ин ру ангезандањои механикї 
ва њароратии ба пуст таъсиркунанда намудњои гуногуни эњсосро ба 
вуљуд оварда метавонанд: эњсоси расиш ё эњсоси тактилї, эњсоси хунукї, 
эхсоси гармй, эхсоси дард ва ѓ. эњсоси тактили (расиш) дар якљоягї бо 
канестези (харакатї) эхсоси ломисавиро ба вучуд меоранд, ки он дар 
фаъолияти маърифатию мехнатии одам роли калон мебозад. Инкишоф 
додани эхсоси ломисави ва дигар намудхои эхсос дар чараёни фаъолияти 


35 
амалй, таълимй, бозй, масалан дар дарси мехнат бехад зарур аст. 
Ташаккули кобилияти муковиматнишондихии организм ба лаппишхои 
харорати мухити ихотакарда яке аз масъалахои мухими кор б о кудакон 
ба шумор меравад. 
Эњсоси мувозинат. Узвњои эњсоси мувозинат дар гуши миёна 
љойгир буда, дар бораи њаракат ва вазъияти организм дар фазо хабар 
медихад. Эхсоси мувозинат бо протсессњои эмотсионалї (њисси таре 
њангоми ба поён афтидан, халоват бурдан хангоми алвончхурии якзайл 
дар рагунчак ва г.) зич алокаманд аст. Ба туфайли машкхое, ки дар 
дарси тарбияи чисмонй ичро мешаванд, дар хонандагон хасосияти 
баландро ба тагирёбии холати организм ташаккул додан мумкин аст. 

Download 0.75 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   5   6   7   8   9   10   11   12   ...   48




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling