Психологияи умумї, синнусолї ва тиббї
Download 0.75 Mb. Pdf ko'rish
|
Шаропова Н.М. Психологияи умуми
Идроќи фазо. Фазо ва вакт шаклњои асосии мављудияти материя
мебошанд. Мусибатњои ба таври объективона вуљуддоштаи фазоиву ваќти байни предметњо ва њодисањо дар идроќоти мо инъикос меёбанд. Идроќи бузурги ва шакли предметњо ба туфайли таъсири предметњо ба турпарчаи чашм ба амал меояд, ки он ба дарачаи дуршавии предмет аз узви биної вобаста аст. Њар чи ќадаре ки предмет дуртар вокеъ бошад, хамон ќадар бузургии он хурдтар идроќ мешавад. Алоќаманадии эњсосњои биної, ломисавї ва мушакиву њаракатї дар идроки бузургиву шакли предметњо ањамияти калон дорад. Биниши бинокуляри (бо ду чашм идрок намудан) барон идроки андоза ва дурни предметхо имконият медихад. Идроки андоза, чукурї ё дурии предметхо хангоми мувофикашавии эхсосхои биноии дар кисматхои гуногуни турпарда бавучудоянда (хангоми дуршавї ё мувофикшавии тасвир бо марказхои турпардаи хар ду чашм) ба амал меояд. Илова бар ин, эхсосхои мушакию њаракатї, ки њангоми сустшавї ё тарангшавии мушакњои чашм ба вуљуд меоянд, барои идроќи чуќурї ањамияти калон доранд. Вобаста ба њамин наздикшавї (конвенгерция) ё људошавии (дивергенция) мењварњои чашм ва инчунин васеъшавиё кашидашавии гавхараки чашм (аккомодация) руй медињад. Эњсоси шунавої ва буй њангоми идроки фазо роли муайянро мебозад. 40 Идроќи ваќт. Идроќи ваќт протсесси субъективї аст. Одам узви махсуси ќайдкунандаи давомоти ин ё он ходисаро надорад. Аз ин ру идроки ваќт ба характери гузаштани фаъолият ва ба зухуроти муносибати шахс ба ин фаъолият боваста аст. Масалан, вакти дарси шавковар тез мегузарад ва баръакс, дарси дилтангкунанда «беохир кашол меёбад». Идроки вакт дар кудакон ва калонсолон вобаста ба характери фаъолият, хусусиятњои шахсї ва таљрибаи андухта фарк мекунад. Вакт ба назари кудакон суст мегузарад ва онхо бесаброна хамон лахзаеро интизоранд, ки калонсолон шаванд. Калонсолон, баръакс, дар хайратанд, ки ваќт тез мегузарад. Барои ташаккули идроки дурусти ваќт дар хонандагон ба ташкили кори таълим ва фаросати онњо диккати љиддї додан зарур аст: вакти кудакон бояд њамон хел бо машѓулиятњои шавковар ва мувофики ќувват банд карда шавад, ки дар рафти ичрои онхо донишхо васеъ мегарданд, махорату малакањо такмил меёбанд. Инкишофи протсессњои идрок дар фаъолияти шахе ба амал меояд ва ба максаднокии амалхо вобаста аст. Идроки ихтиёрй ва беихтиёрро фарк мекунанд. Идроки беихтиёр ба хусусиятхои предметхои ихотакарда (равшанинокї, ѓайримукаррарии онхо ва ѓ.) ва мувофик будани онњо ба шавку хавасњои шахс вобаста аст. Идроки ихтиёрї дар љараёни таълим дар мактаб тарбия карда мешавад. Протсесаш таълим бо зарурати мушохидаи максаднокии предметњои олами ињотакарда алокаманд аст. Протсессхои иродавй, ки диккати хонандагонро ба предметхои зарур ва хусусиятхои онхо равона мекунанд, дар идроки ихтиёрй накши калон доранд. Идрок дар протсесси маърифати њаќиќати ињотакарда метавонад ба мушохида табдил ёбад. Њангоми мушоњида намудан чунин сифатњо, ба 41 монанди мушоњидакорї, фањмидагирии фаъолият ва ѓ. ањамият дорад. Дар љараёни њарруза предмет ва њодисањои олами беруна бо тамоми гуногуншаклиашон ба одам таъсир мебахшанд ва у якбора њамаи онњоро идрок карда, ба онхо эътибор дода наметавонад. Одам аз шумораи барзиёди таъсирот факат баъзеи онхоро пурра аник намуда, фахмида чудо менамоянд, ки инро интихобкунандагии идрок меноманд. Фаъолии протсесси идрок хамчун зухуроти фаъолияти инъикоскунандаи шахе дар хусусияти интихобкунандагии он кушода мешавад. Интихобкунандагии идрок ба шавку хавас ва талаботхои шахе вобаста аст. Идроки филм ё намоиши вобаста ба максад ва шавку хавасхои ин ё он шахе гуногун мешавад. Категорияи дигари психология, ки бо идрок алокаманд аст, тасаввурот мебошад. Дар психология зери ин мафхум идроки гузаштаи одамро мефањманд, ки дар шуури мо ба туфайли функсияњои хотира аз нав хосил шудаанд. Тасаввурот, ки ба зинаи аввали протсесси маърифат ба мурокибаи змнда таалук дорад, аз идрок фарк мекунад. Тасаввурот пеш аз хама, хусусияти чдмъбасткунандаро дорад. Аз тарафи мо аксар вакт чунин чузъхое ба тасаввурот њамроњ карда мешаванд, ки дар идрок набуданд ё худ имкон аст, ки ќисмњои пештараи идроќ партофта шаванд. Download 0.75 Mb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling