Психологияи умумї, синнусолї ва тиббї
Download 0.75 Mb. Pdf ko'rish
|
Шаропова Н.М. Психологияи умуми
Намудњои нутќ. Ду намуди асосии нутќ фарќ карда мешавад:
дохилї ва берунї. Дар нутки дохилї алокаи фикр бо калима ва ташаккули фикр дар калима ифода меёбад. Вай њамчун образи кинестезї, биної ё шунавоии калимањо вуљуд дорад ва аз ин рў нутќи дохилї беовоз аст. Нутќи дохилї хусусиятњои гуногун дорад ва асоситараш характери кутоњкардашударо доштани он мебошад. Нутќи дохилиро аксар ваќт нутќи предикативї меноманд, чунки объекта нутќ барои субъекти фикркунанда маълум аст ва гуё он зимнан дар анзар дошта мешавад. Нутќи дохилї хусусияти ба наќша гирифтан ва муќаррар кардани фикри ояндаро дорад. Ин њамон вакт ба вучуд меояд, ки агар мазмуни нутќи оянда ба гўянда хуб маълум бошад. Он гоњ вай њангоми нутќи берунї шакли калимагиро ба осонї гирифта метавонад. Яъне нутќи дохилї як лањзаи хеле зарурии гузаштан ба нутќи берунї буда, дар рафти он мазмуни нутк фахмида гирифта мешавад. Нутќи дохилї на танњо ба процессии гапзанї, балки ба љараёни идроќи нутќ имконият медихад. Яъне шунаванда ба таври худ ноаён калимањои шунидашударо такрор мекунад, ба цои калимањои ношинос калимањои одаткардашударо иваз меамояд, ки ин ба фањмонидани нутќи њамсуњбат мусоидат менамояд. Нутки берунй дар ду намуди асосй зохир мешавад: нутки дахонакй (монологї ва диалогї) ва хаттї. 52 Диалог -ин муоширати бевоситаи ду ё якчанд кас мебошад, ки дар шакли мубодилаи ќайду эзоњњои иштироккунандагон мегузарад. Диалог якчанд лањза дорад, ки онњо протсесси муошират ва фањмиданро осон менамоянд. Якум, диалог нутќест, ки дастгириро талаб мекунад, яъне њамсўњбатон дар љараёни гуфтугу барои аниќ кардани љойњои нофањмо озодона метавонанд ба якдигар саволњои равшанкунанда дода, фикри якдигарашонро давом диханд. Дуюм, гуфтугуї њамсўњбатон дар диалог дар муњити муносибати эмотсионалию њаяљоннок мегузарад, ки ин ба истифода бурдани воситањои ёридињандаи ифодаи фикр (мимика, њаракат, имову ишора, талаффуз ва ѓ) имконият медињад. Сеюм, одатан мавзўи гуфтугўї, максади фикр дар диалог барои њамсўњбатон умумї аст ва аксар вакт дар доираи идроќи њар ду љой мегирад. Ин хусусият ба характери воќеият ё шароитњо вобаста будани нутќро ифода мекунад. Нутќи монологї нутќи як шахс аст ва системаи фикру донишњо дар он ба воситаи лексия, маъруза, баромад дар маљлис ва дигар ахбори гуногуни хаттию дахонї баён карда мешавад. Нутќи монологї нутки алокадор ва ба матн тобеъшуда аст, ки ба чунин талаботхо мисли пайдарпаї, исботшавандагї ва аз назари грамматикї бехато тартиб додани баёни фикр итоат мекунад. Монолог бо рафти баробар ба рафти муњокимаи гуянда дахолат карда натавонистани шунаванда катъ намеёбад. Аммо ин маънои набудани алокаи гуяндар бо шунавандагон надорад, чунки лектор аз руи таасуротхои чавобии шунавандагон ба дарачаи осонфахм будани нутќи худ бањо дода метавонад. Пурмазмунии нутќ ва ифоданокии он бояд љињатњои чудонашавандаи монолог бошанд, ки ба туфайли воситањои овози ба вуљуд оварда мешавад. Монолог ба возењу равшан будани нутќ, ба суръат ва оњанги муайяни талаффузи он такя мекунад. Нутќи хаттї аз нутки дахонї њангоми ба вуљудоии эњтиёљот ба нигоњ доштани донишњо, 53 ахбор ва маълумотњо ба муддати дурудароз пайдо шудааст. Якчанд намуди нутќи хаттиро фарќ мекунанд: хати иероглифї (ба ин лавхахои магазинњо, ки дар онњо мевањо тасвир шудаанд мисол шуда метавонад), иероглифй (мамалан, хати хитої), ки дар асоси онро истифодаи аломатхои предмет ташкил медиханд: ба миќдори зиёди предмету њодисањои олами беруна миќдори бисёри исроглифњо мувофиќ меоянд. Хати алфабетї дар шароити њозира яке аз хатњои дертар пайдошуда ва пањнгашта ба шумор меравад, ки бо нутќи дањонї алоќаманд аст: фонемањо (овозњои нутќ) ба таври графикї тасвир карда мешаванд. Азхудкунии нутќи хаттї бо механизмњои махсуси психологии нутќ алоќаманд аст, чунки нутќи хаттї бо чашм идроќ, вале бо даст идроќ карда намешавад. Илова бар ин, алоќаи нутќи дахонї ва хаттї дар асоси алоќањои мураккаби байнианализатории дар пустлоњи майнаи cap њосилшуда ба вуљуд меояд ва ин алоќањо бо системаи дуюми сигнали зич алоќаманд мебошадд. Омўзиши нутќи хаттї дар даврањои мактабї ба вуљуд меояд ва ба дарачаи азхудкунии донишњои грамматикї вобаста аст. Нутќ, фаъолияти нутќї ва хусусиятњои он ба дараљаи нишондињандаи сифатњои шахсияти одам вобаста буда метавонанд. Љараёни нутќи флегматик одатан ба суръати суст ва холерик, баръакс бо суръати тез сурат мегирад. Нутки дар якчоягй бо мимика, њаракат ва имову ишора тарзи ист зоњиршуда метавонад њолатњои эмотсионалии одам ва њатто характери ўро ифода кунад. Нутќи одами хасташуда одатан суст, нобурро ё худ баръакс тез, номураттаб, пурњаяљон мешавад ва дар њар ду њолат њам фањмидани нутќи њамсуњбат душвор аст. 54 МАФЊУМИ ХОТИРА , ТАВСИФИ РАВАНДЊОИ ХОТИРА Ќобилияти ба хотира гирифтан, дар хотира нигоњ доштан ва минбаъд аз нав ба хотира овардан хотираа номида мешавад. Хотира асоси њар гуна протсессии психикї мебошад. Бе иштироки хотира дар љараёни маърифат мазмуни эњсос ва идрок њамеша чун бори аввал руйдоде њис карда мешавад. Аз ин рў бе хотира мавќеи худро дар олами ињотакарда муайян кардан ва инчунин дониста гирифтани он имконнопазир аст. Роли хотира дар протсесси тафаккур бузург аст. Инкишофи тафаккур бе бахотирагирї, нигохдорї ва азнавњосилкунии таљрибаи њаётї номумкин аст. Малака, одат, умед, хоњиш ва идеалњои шахс ба туфайли хотира вуљуд доранд. Хотира ягонагї ва яклухтии шахсияти инсонро таъмин мекунад, бинобар ин заволи хотира заволи шахс аст. Дар бораи механизмњои физиологии хотира фарзияњои гуногун вуљуд дорад. Мувофики фарзияи нисбатан ќадим хар як таассуроти психикї субстансияњои майнаи cap осори дарозмуддат мегузорад, ки онро ба осори дар пластинкаи фотографибуда муќоиса кардан мумкин аст. Аз нуќтаи назари физиологї ассотсиятсияњо ба мустањдамшавии осори њаячон таъсир мерасонанд ва онњо алоидањои муваќќатии асабиро ифода мекунанд. Мо њангоми ягон чизи навро ба хотира гирифтан, одатан онро бо таљрибаи доштаамон алоќаманд мекунем. Бе ин алоќањо ё ассотсиятсияњо фаъолияти хотира имконнопазир аст. Тахќикотхо доир ба рефлексњои шартї, тасаввуротро дар бораи асоси анатомию физиологии осор боз њам ганитар гардониданд. Рефлекси шартї, ки алоќаи байни мазмуни нав ва пешинаро ба вучуд меоварад, асоси физиологии поцесси бахотирагириро ташкил медињад. Назариятњои зиёди хотира мавчуданд. Мувофиќи назарияи физикї хотира протсессии 55 худзарятнокшавии њучайрањо асоси физиологии бахотирагирї мебошанд. Моњияти фарзияи биохимики дар он ифода меёбад, ки дар даври якум баъди таъсири ангезанда дар майнаи мутаассиршавии кутоњмуддати электрохимикї ба вучуд меояд, ки он дар њучайрањои асаб боиси пайдо шудани дигаргунињои бозгарданда мешавад (бахотирагирии кутоњмуддат). Сипас дар давраи дуюм мутаассиршавии биохимикй ба вучуд меояд, ки дар натичаи он протеинњои нав њосил мешаванд ва ин аз хусуси дигаргунињои барнагардандаи химикй дар њучайрањо шањодат медињад (хотираи дарозмуддат). Тарафдорони назарияи химикї тасдик мекунанд, ки зери таъсири ангезандањои берунї аз нав гуруњ-гуруњшавии молекулярњои сафедаи нейронњо, аз чумла кислотањои нуклеиновї ба вуљуд меояд. Вазифаи психология пеш аз њама нишон додани моњияти хотира њамчун яке аз таркибњои муњими шахс ба шумор меравад. Моделиронии хотира бо воситаи технологияњои нав, назариятњои химики ва электрикии хотира фаќат донишро оид ба механизмњо боз њам васеътар мекунад, вале дар инкишофи хотираи одам мадади бевосита муњиме расонида наметавонад. Идроќ, фикр, хиссиёт, шањду кушиш, њаракат ва амалњое, ки дар таљрибаи гузаштаи одам пои доштанд, беосор нест намешаванд, балки дар шакли дигар образњой хотира, ба ном тасаввурот ва мафњумњо боќи мемонанд ва ба таври узви дар фаъолияти минбаъдаи психики њамроњ мешаванд. Хотира фаъолияти мураккаби психики мебошад ва дар он протсессной зеринро фарќ мекунанд. 1) Бахотирагирии предмету њодисањои даркшаванда. Бахотирагирии ихтиёрии маќсаднок, ки дар асоси истифода бурдани усулњои муайян ташкил карда шудааст, азёдкуни ном дорад. 56 Бахотирагирии ихтиёри дам тарзи механикй ва њам тарзи маъноги дорад. 2) Дар хотира нигоњ доштани он чизе, ки азёд карда шудааст. 3) Азнавњосилкунии материали бахотирагирифташуда ё азёдшуда. 4) Шинохтан. Њангоми такроран идроќ намудани ягон њодисаи дар таљрибаи пештараи мо љой дошта, њисси шиносои пайдо мешавад, ки асоси шинохтан шуда хизмат мекунад. Хотира инъикоси пассиви њаќиќати объектив намебошад. Мо аз њамаи он чизе, ки дарк кардаем, њамонашро ба хотира мегирем, ки барои ќонеъ гардонидани талабот ва њалли масъалањои пешнињодкардаи амалия зарур аст. Протсесси аз нав хосилкунї низ ба тарзи фотографї нусхабардор кардани њодисањои гузашта бо тамоми руйдодњояш намебошад. Вай характери фаъолро дошта, аз тарафи одам мувофики вазифањои дар пешаш гузошташуда ташкил карда мешавад. Аз ин ру просессњои хотира характери маќсаднокро дошта, бо ирода, талабот, шавќу њавас, ва эмосияњои одам зич алоќаманданд. Бахотирагирї, азнавњосилкуни, шинохтан фаъолияти мураккаби психикие ба њисоб меравад, ки намудњои гуногунии протсессњо ва умуман бо шахс зич алоќамандро дар бар мегирад. Хотира асоси протсессњои дигари психики мебошад. Хотира ин ќувваест, ки ба туфайли он тараќќиёти психикї ба вучуд меояд. Бе хотира,- мегуфт И.М.Сеченов -, эњсос ва идроки мо бо пайдо шуданашон беасар нест шуда одамро дар њолати навзодї мемонанд. Хотираи одам вобаста ба иштироки бартаридоштаи ин ё он анализатори даркорї метавонад биної, шунавої, њаракатї ва омехта шавад. Одами типи хотираи биної дошта материали азёдкардашударо асосан бо ёрии образњои биної хотира мегирад ва аз нав њосил мекунад, баръакс одами бо типи хотираи њаракатй фарќќунанда њангоми протсесси азёдкунї ва азнавњосилкунї бо тасаввуротњои њаракатї такя 57 мекунад. Ба типи омехтаи хотира хотираи одамоне тааллуќ дорад, ки дар онњо инкишофи бартаридории ин ё он намуди хотира мушоњида намешавад ва онњо ба дараљаи баробар якчанд намуди хотираро (типи биної-шунавої, њаракатї-шунавої ва ѓ.) истифода мебаранд. Тааллуќ доштан ба ин ё он тип аксар ваќт ба амалияи азёдкунї вобаста аст. Аз ин рў типњои хотираро ба туфайли машќдињї инкишоф додан мумкин. Вобаста ба он ки мањз чї ба хотира гирифта мешавад, чор намуди хотираро фарќ мекунанд: њаракатї, эмотсионалї, образї, калимагї- мантиќї. Њамаи ин намудњои хотира дар алоќамандии байнињамдигарї мебошанд. Бахотирагирї ва азнавњосилкунии њаракатњо ва системаи онњо хотираи њаракатї ё моторї мебошад. Ин намуди хотира асоси њосил кардан ва ташаккул додани малака ва одатњои њаракатї мебошад барои аз худ кардани ягон амал ба хотира гирифтани њаракатњо зарур аст. Њар як одам тарзи ба худ хоси ичрои њаракатњоро дорад, ки ин ба дараљаи мустањкаму бардавом ба хотира гирифтани онњо вобаста аст. Азнавњосилкунии аниќ ва осони њаракатњо ба шароитњое вобастаанд, ки одатан дар онњо њаракатњо ичро мешаванд. Хотираи њаракатї кудакон дар моњи аввали њаёташон зоњир мегардад. Ба хотира гирифтан ва аз нав њосил кардани њиссиёти аз саргузаронидашуда хотираи эмосионалї мебошад. Фикр дар бораи њиссиёте, ки ягон њодиса боиси пайдоиши он шудааст, ёддошт дар бораи худи њамин њодиса, намуди предмет, одам, ки пеш ин ё он хиссиётро ба вучуд овардааст, метавонад аз нав њамон њиссиётро пайдо кунонад. Њиссиёти аз нав њосилшуда ё худ дуюмбора аз аввала хеле фарњ карда меистад. Ин чи дар тагирёбии њувваи њиссиёт ва чи дар дигаршавии мазмуну характери онњо метавонад ифода ёбад. Њиссиёти аз нав њосилшуда аз руи ќувва ниебатан ба њиссиёти аввала метавонад сусттар ё зуртар зоњир гардад. Зуњуроти аввалини хотираи эмосионалй дар охири нимсолаи якуми хдёти кудак ба вучуд меояд. Зуњуротхои ибтидоии хотираи эмотсионалї аз дертар ба вучуд омаданаш 58 фарќ мекунад. Онњо яке аз намудњои алокањои шартї-рефлекториро ифода менамоянд ва дар баробари ин хотираи эмотсионалї дар дараљањои нисбатан баланди тараќќиёт характери бошууронаро соњиб мегардад. Хотираи образї - ин дар шакли тасаввуротњо аз нав њосил кардани образњои предмет ва њодисањои пештар идрок кардашуда мебошад. Азнавњосилкунии њодисаи пештар иљроккардашуда бисёр ваќт бо нусхаи аслии худ мувофиќат намекунад, илова бар ин бо гузаштани ваќт фарќияти онњо боз њам равшантар мегардад. Дар њамин асос хатоњо ва љойивазкунии образњо ба вуљуд меояд. Аз тарафи дигар хислатњои ба ин образ хосбуда њангоми ба хотираоварї таќвият меёбанд, хусусияти предмет ќатъият пайдо мекунад, аз будаш зиёд нишон дода мешавад ва тафрикаи образњо ба вучуд меояд. Баъзе одамон хотираи образи нињоят равшанро соњибанд, ки инро хотираи эйдетикї меноманд (Эйдос- калимаи юнони буда, образро ифода мекунад). Хотираи калимагї- мантики дар бахоттргири ва азнавњосилкунии фиќрњо ифода меёбад мо фиќрњои дар љараёни андешидан ба вучудомадаро ба хотира мегирем ва аз нав њосил мекунем, мазмуни китоби мутолиакардаро дар ёд дорем ва г. Аз ин ру ин намуди хотираро хотираи калимагї-мантикї меноманд дар бораи хотираи калимагї-мантикї сухан ронда, ду њолати асосиро ба эътибор гирифтан зарур аст: фаќат маънои материалї додашударо ба хотира гирифта ва аз нав њосил карда мешавад, айнан дар хотира нигоњ доштани таъбиру ифодањои материал талаб карда намешавад. б) на фаќат маънои материалро ба хотира гирифта ва аз нав њосил карда мешавад, балки калима ба калима аниќ такрор кардани фикрњо талаб карда мешавад. Њарчанд намудњои хотира аз њамдигар фарќ кунанд њам, вале бояд ќайд кард, ки њамаи онњо бо њам зич алоќаманданд, новобаста аз њамдигар вуљуд надоранд ва ба якдигар мусоидат мекунанд. 59 Хотира монанди дигар протсессњои психикї хосияти майнаи cap мебошад. Аз ин ру асосњои физиологии хотираро надониста онро дуруст фањмидан номумкин аст. Хотира дар кадом шакле набошад, аз просессњои физиологї људо нест: вай функсияи майнаи cap аст. Асоси физиологии хотираро тагъирёбандагии системаи асаб ташкил медињад. Ин онро ифода мекунад, ки њар як просессии асабї баъди худ осоре мегузорад, ки характери просессхои минбаъдаро таѓйир медињад ва ба имконияти такроран пайдо шудани онњо дар лањзањои набудани ангезандаи ба узвњои њисси таъсиррасон сабаб мешавад. Таълимоти И.П.Павлов доир ба рефлексњои шартї дар фањмиши асосњои физиологии хотира ањамияти калонро соњиб аст. Шарти асосии пайдоиши рефлекси шартї гузариши бевоситаи ду ангезанда мебошад. Дар ин њолатхо дар марказхои асабй якбора ду манбаи хаясон ба вучуд меояд. Њаячон дар ин њолатњо аз як манбаъ ба манбаи дигар мегузарад. Дар сурати такрори чандинкаратаи просесс кушодашавии байни ин ду манбаъ ба вучуд меояд. Њаячон њангоми барангехта шудани яке аз онхо бо роњњои кушодашуда ба манбаи дигар мегузарад. Ин принсипи сарбастаи асабї бавуљудоии ассотсиатсияхоро аз рўи паињамї хуб мефањмонад. Хотира дар дараљахои олии тараќќиёти психика характери бошуурона дорад, роли калонро дар просессњои хотираи одам донистани муносибатњои реалии вуљуддошта дар байни предметхо ва њодисахои олами моддї мебозад. Асоси физиологии хотира просессњоеро дар бар мегирад, ки онњо асоси физиологии фаъолияти фикрї ва њар гуна фаъолияти бошууронаву маќсадноки иродавии одам мебошанд. Дар таърихи психология њануз аз даврањои кадим кушиши кушода додани алоќамандии просессњои психикї њангоми бахотирагирї ва азнавхосилкунии ходисахо маълум аст. 60 Аристотел се принсипи зерини ассотсиасияро пешнињод иамуд, ки дар асоси онњо тасаввуротњои мо байни худ алоќа пайдо мекунанд: а) Ассотсиасия аз руи паињамї. Агар одам преметњоро дар фазо ба њамдигар наздик љойгиршуда ё њодисањоро дар вакти паси хам бавучудомада дарк ва тасаввур карда бошад, он гоњ дар байни њамон предмету њодисањо ассотсиатсия пайдо мешавад. б) Ассотсиатсия аз рўйи монандї. Чунин ассосиасия он вакт пайдо мешавад, ки агар предмети нав ба предмети пештар шиносбуда монанд бошад. в) Ассотсиасия аз руи мухолифат. Предмету њодисањои олами беруна, ки аз њамдигар бо ягон љињате фарќ мекунанд ё ба њамдигар муќобиланд онхо махз дар асоси хамин мухолифат алокаманд мшаванд. Хотира чунин просессњоро дорад: бахотирагирї, азнавхосилкунї, шинохтан ва фаромушкунї. а) бахотирагирї хамчун просесси аввали хотира беихтиёр (бе максади пешакї гузошташуда) ва ихтиёрї (бо максад) шуда метавонад. Дар холати аввал бахотирагирй бе максади пешакї гузошташуда руй медихад ва гуё худ аз худ бе кушиши иродавї ичро мегардад. Њангоми бахотирагирии ихтиёрй мо пешакй максади ба хотира гирифтани ягон ходисаю предметро мекунем. Ин хусусиятњо бисёр хам аниќ дар чараёни азёдкунии материал ифода меёбад. Одам њангоми ихтиёрї ба хотира гирифтан кушишњои зарури иродавї зохир намуда, барои бењтар ва бардавом ба хотира гирифтани материал худро сафарбар мекунад ва ба хамин максад тарз ва усулхои махсуси бахотирагириро истифода мебарад. Роли дар бахотирагирии ихтиёрї масъулияти зохиркардаи шахе ба масъалаи бахотирагирй ва ичрои мустакилонаи он мебозад. Бахотирагирии ихтиёрї хам тарзи механикї ва хам тарзи маъногї дорад. Дар мавриди якум материал бе такя намудан ба алокахои мантикии байни киемхои он азёд карда мешавад. Нишондодњои 61 статистикї, калимахои иќтибосї ва ѓ. њамин тавр ба хотира гирифта 60мешаванд. Ассотсиасиям аз руи паихамї асоси бахотирагирии механики мебошанд. Бахотирагирии маъногї бошад бо просессњои тафаккур алокаманд буда, ба фањмиши мазмуни материал ва алокахои мантикии байни кисмхои он "акя мекунад. Ин ду намуди бахотирагирї ба њамдигар печидаанд, вале бахотирагирии маъногй нисбат ба механикй дида сермањсултар аст. Бояд ќайд кард, ки њатто идроки яккаратаи материал њангоми бахотирагирии маъногї нокифоя аст. Аз ин ру материали омухташаванда бояд аз руи мазмун якчанд маротиба такрор карда шавад. Роли такрор њангоми ба хотира гирифтани номњо, раќамњо ва ѓ. бештар калон аст. б) Азнавњосилкунї беихтиёр ва ихтиёрї мешавад. Њангоми азнавњосилкунии беихтиёр образ, фикр, калима ва њиссиёт ба майлу кушиши иродавї » хотира оварда мешавад. Аз пањлўи театр гузашта, мо метавонем номи намоишномаеро, ки ба наздикї дида шуда буд ба хотира оварда, њарчанд фикри мо пеш аз он ба дигар чиз банд буд. Азнавњосилкунии ихтиёрї дар натиљаи мављуд будани максади фаъолу шуурона пайдо мешавад. Баъзан ин азнавхосилкунй бе восита, бе хеч гунна кушишњо якбора рўй медихад. Шеъри хуб азёдкардашуда хамин тавр ба осонї ба хотира оварда мешавад. Просессии бахотираоварї дар ягонагии зич бо просессњои тафаккур буда, бо шиддати муайяни системаи асаби одам алоќаманд аст ва кушишњои муайяни иродавиро талаб мекунад. в) Протсессњои шинохтан байни худ пеш аз њама бо дарачаи муайяниашон фарќ мекунанд. Мавридњое, ки дар мо фаќат њисси шиносоии объект ба вуљуд меояд, вале онро бо ягон чизи конкретии дар таљрибаи гузашта буда монанд карда наметавонем, он гоњ нопурра шинохтани он рўњ медихад. Шинохтан, баръакс дар мавридњои дигар ба пурра муайян буданаш (шинохтани пурра) фарќ мекунад. Просессии 62 шинохтан оњиста-оњиста сурат гирифта аксар ваќт бахотираоварї монанд аст ва монанди он просесси мураккабию фикрию иродавї ба шумор меравад. г) Фаромўшкунї дар ду шакл зоњир мешавад: 1) хангоми шинохта нашудан ё ба хотира оварда натавонистани њодисаю предметњо; 2) њангоми нодуруст шинохтан ё нодуруст ба хотира овардани объект. Дарачаи фаромушкунї дар ин ё он њолат метавонад гуногун шавад. Ба хотира оварда натавонистан маънои шинохта натавонистанро надорад. Яке аз дараљањои сусти протсесси фаромушкунї мањз дар њамин аст, ки одам чизи идроќкардаашро аз нав њосил карда наметавонад, вале онро шинохта метавонад. Дуюм, ба хотира овардан ё шинохта натавонистан метавонад кутохмуддат шавад: њамин хел њам мешавад, ки одам материали дар айни њол зарурбударо ба хотира оварда наметавонад, вале он чизро баъди гузаштани муњлати муайян метавонад ба хотира оварад. Ин њодисаро реминиссенсия меноманд. Мањз њамин аст, ки одам чизи идроккардаашро аз нав њосил карда наметавонад, вале онро шинохта метавонад. Дуюм, ба хотира оварда ё шинохта натавонистан метавонад кутоњ муддат шавад: њамин хел њам мешавад, ки одам материали дар айни њол зарурбударо ба хотира оварда наметавонад, вале њамон чизро баъди гузаштани муддати муайян метавонад ба хотира оварад. Ин њодисаро реминиссенсия меноманд. Шакли дуюми фаромушкунї бахотираоварии нодуруст ва нодуруст шинохтан мебошад. Материали аз тарафи мо идроќшуда бо мурури ваќт дар хотираамон возењї ва аникии худро гумм мекунад, тираю номуайян мегардад. Инчунин моњияти просесси фаромушкуниро мувофикат накардани материали ба хотира овардашуда бо њаќиќати пеш дарккардашуда ташкил медињад. Протсессии фаромушкунї бо суръатхои гуногун мегузарад: материал баъди идроќ шудан дар аввал зуд ва сипас суст фаромуш 63 мешавад. Ба љуз хусусиятњои материали омухташаванда ва идроќи он, ки боиси фаромушкунї мешавад, боз чунин сабабњоро номбар кардан мумкин аст: а) такрор накардан ва б) таъсири манфиеро, ки њангоми дар хотира нигохдорї фаъолияти баъди азхудкунї меомада мерасонад . Просессњои хотира дар одамон ба таври гуногун зоњир мешавад. Ин фарќият дар сермахсулии азёдкунї ва типњои хотира мушоњида мешавад. Суръат, бардавомї, аниќии бахотирагирї ва инчунин тайёрї ба протсесси азнавхосилкунй фарќияти одамонро дар сермањсулии азёдкунї ифода мекунад. Фарќияти одамон аз рўи типњои хотира дар он ифода меёбад, ки мавод чї тавр аз тарафи онхо ба хотира гирифта мешавад: биної, шунавої, ё бо воситаи њаракатњо (типи биної, типи шунавої, типи њаракатї). Типњои хотираро бояд аз намудхои он фарќ кард. Намудњои хотираи одамон аз рўи он, ки чй ба хотира гирифта мешавад, муайян мегардад. Типњои хотира чї тавр ба хотира гирфтани маводро ифода мекунад. Аз ин рў типњои хотира ифодакунандаи хусусиятњои фардии одамон мебошад. Одатан одамон њамаи намудњои хотираро соњибанд, вале ба њар одам фаќат ягон типи муайяни хотира хос аст. Инчунии одамони дорої хотирааи фавќуллода мављуданд, ки онњо аз дигарон бо дараљаи бомуваффаќият ба хотира гирифтани материал ва аз нав њосил кардани он фаќат карда мешавад. Хусусияти индивидуалии хотира бо хусусиятњои шахс алоќаманданд. Бояд ќайд кард, ки одамони хотираи хуб дошта на њама чизро ба хотира мегаранд ва одамони хотираи бад дошта на њама чизро фаромуш мекунанд, чунки характери хотираи интихобкунандаро доранд. Хотира ба шавку хаваси шахс вобаста аст. Материали ба шавку хаваси шахс мувофикбуда зуд ва бардавом ба хотира гирифта мешавад. Чунин сифатњои муњимтарини хотира мављуданд: суръати бахотирагирї, бардавомии ба хотирагирї ва 64 осон азнавњосилкунї. Фањмиши хотираи хуб ва бад мављуд аст. Агар хотираи хуб дар зуд ба хотира гирифтану суст фаромўш кардан зоњир шавад, он гоњ хотираи бад, баръакс, бо суст ба хотира гирифтану зуд фаромўш кардан тавсиф мешавад. Зуд ба хотира гирифтану суст фаромўш кардан бењтарин сифати хотира аст. Одамоне, ки чунин хусусиятро соњибанд, материалпро баъди як маротиба хондан ба хотира мегиранд, дар хотира нигоњ медорапнд ва нињоят њаљман пурраю бехато аз нав њосил мекунанд. Суст ба хотира гирифтану суст фаромуш кардан пайвасти дигари сифатњои хотира мебошад. Одамони чунин сифатро дошта барои азёд кардани материал ваќти зиёдро истифода мебаранд: якчанд маротиба хондан, тартиб додани љадвал ба худ наќл кардан ва ѓ. дар ин њолат материал бардавом ва дуру дароз нигоњ дошта шуда, пурра аз нав њосил мешавад. Чунин одамоне низ њастанд, ки онњо материалро зуд ба хотира гирифта, вале онро зуд фаромуш мекунанд. Онњо одатан баъди як ду руз материали мустањкамшударо бад, нопурра, норавшан ва бо хатоњои даѓал аз нав хосил мекунанд. Ин аз он сабаб руй медихад, ки чунин одамон бо зуд ба хотирагирии материал ќаноатманд шуда, барои такрори он ваќт сарф намекунанд, гуё ки хама чизро медониста бошанд. Хотира дар натиљаи зуд фаромушшавї бемањсул мешавад. Аз ин ру такрори мунтазами материал зарур аст, ки ин ба дуру дароз ва бардавом нигох доштани он имконият медихад. Аз њама сифати каммахсултар суст ба хотира гирифтану зуд фаромўш кардан аст. Одамон дар чунин њолат барои азёд кардан ваќти зиёдеро сарф мекунанд, вале ба натичаи дилхоњу зарурї ноил намешаванд, чунки материал нопурра ва норавшан аз нав њосил мегардад. 65 МАФЊУМ ДАР БОРАИ ЭМ0ТСИЯЊ0 ВА ЊИССИЁТ Дар љараёни маърифат муносибати ба худ хоси субъективии одам ба предмети маърифат ташаккул меёбад. Ин муносибатро эмотсияњо ва њиссиётњо меноманд. Одам олами ињотакардаро фаќат ба хотираи просесси инъикос инъикос намекунад. Инъикоси дар просесси эволютсия инкишофёбанда имконият медихад, ки организм ба муњити ињота карда мутобиќ шавад ва ин дар навбати худ барои ќонеъ гардонидани талаботњои организм низ зарур аст. Одам бо предметњои олами ињотакарда амал карда, онњоро дониста мегирад ва бо ин муносибатњои гуногунро нисбат ба предметњо ва њодисањои њаќиќат зоњир менамояд. Муносибати субъективии одам ба њодисањои њаќиќат, ки дар шуур њамчун њиссиёти азсаргузаронандаи ботинї инъикос ёфта, дар њолатњои гуногуни организм ифода меёбад эмотсия номида мешавад. Эмотсия характери мусбат ё манфиро дорад. Одам вобаста ба мавќеи ишѓолкардаи њамон як предмет дапр фаъолияти харрузааш муносибатхои гуногунро метавонад зоњир кунад. Инчунин муносибат ва њиссиётњои ботинии боз њам мураккабтар мављуданд, ки онњоро њамчун эмотсияњои духела (ба ном амбивалентї ) тавсиф медињанд. Хусусияти характернокї эмотсияњо он аст, ки онњо дар харакатњои ба ном ифоданок : мимика (њаракатњои ифоданоки руй), пантомимика (њаракатњои ифоданоки тамоми бадан), имову ишорањо, андом ва нутќ зоњир мешаванд. Эмотсияхо бо фаъолияти узвњои дохилї алоќаманданд. Бинобар ин њангоми зоњир намудани муносибатњои муайян ба предметњо, одамон ва њодисањо дар организми одам дигаргунињои физиологї руй медињанд, 66 ки дар таѓъирёбии фаъолияти нафаскашї, шиддатёбии фишори хун дар руй, вайроншавии назми кори дил ва ѓ. ифода меёбанд. Эмотсияхо бо њиссиётњо алоќаи зич доранд ва аксар ваќт байни онњо фарќ намегузоранд. Бояд ќайд кард, ки эмотсияњо ба њайвонњо низ хос мебошанд. Худи њамин ба зарурати фарќ кардани эмотсияњои инсон ва њайвон далолат мекунад. Эмотсияњои инсон вобаста ба сохти мураккаби физиолога, мавсуд будани системаи дуюми сигналї ва шуур сифатан аз эмотсияњои њайвонот фарќ мекунад. Вобаста ба табиати иљтимої доштани шуури инсон, дар сохаи эмосионалии одам шакли махсуси муносибат ба олами ихотакарда ба вучуд омад, ки он њиссиёт мебошад. Њиссиёт чунин њолати психикиест, ки муносибати ичтимоии одамро ба олами моддї, ба худ нисбат ба фаъолияти худ ва одамони дигар ифода мекунад. Минбаъд мафњумњои «эмосия» ва «њиссиёт» хамчун мафњумњои бо њам наздик ва ичунин аз якдигар фарккунанда истифода мешаванд. Њиссиёт ва эмосияњо дар фаъолияти њаётии одам таъсири амиќ мебахшанд. Њиссиёт ва эмосияњои стеникї (рухбахш) ба одам ќувват бахшида, хаёту фаъолияти уро баланд мебардорад, аммо њиссиёт ва эмосияњои астеникї (афтодарухї) бошад бар хилофи он таъсири нињоят бадро расонида, дар пастшавии фаъолияти шахс зоњир мешавад. Ќаноатманд шудан ё нашудани талаботњои одам ба пайдоиши холатхои гуногуни эмосионалй сабаб мешаванд. Таѓъирёбии њолати организм ба дараљаи ќонеъгардии талаботхои одам вобаста буда ба эмосияњо ва њиссиётњо алоќаманд аст. С.С.Корсаков моњияти эмосияњоро бисёр амиќ дарк намуда, онњоро сигналњое номид, ки њолати ботинии организм ва шахсро инъикос менамоянд. маълум аст, ки ба њолати руњї эњсосоти љисмонии тандурустии одам, яъне импульс ва сигналњое, ки аз узвњои дохилии 67 организм меоянд, таъсири бузург мебахшанд. Эмосияњо дар љараёни таъсири байнињамдигарии организм бо муњити берунї ба вуљуд меоянд, зоњир мешаванд ва тараќќї мекунанд. Ин реаксияи организм ба таъсироти олами беруна мебошад. Ин њолат аз он шањодат медињад, ки принсипи рефлекс њамчун принсипи асосии фаъолияти системаи асаб ањамияти худро дар фањмиши таасуротњои эмосионалї низ пурра нигоњ медорад. Албатта организми зинда дар просесси эволюсия мунтазам тараќќї мекунад ва дар натиљаи он маљмуи зиёди талаботњои содда ва мураккаб ба вуљуд меоянд. Дар алоќамандї ба ин гуногунию рангорангии эмосияњо низ меафзояд. Аз як тараф ин эмосияњои содда, ки бо таалботњои бевоситаи организм-гуруснагї, ташнагї, давом додани наел алокаманданд ва аз тарафи дигар ин њиссиётњои аќлї, эстетикї, ахлокї, ки дар љараёни муносибати байни одамон ба вуљуд омадаанд ва инкишоф ёфтаанд. Чунин эмосияњои содда ба монанди њисси гуруснагї, ташнагї, худнигохдорї, давом додани наел бо рефлексхои гайришартї зич алоќаманданд ва асоси физиологии онхоро фаъолияти соњаи таги пустлох ташкил медихад. Эмосия ва ё њиссиёти мураккаб ба фаъолияти пустлохи нимкурањои майнаи cap алокаманд аст. Аксарияти эмосияњои одам дар асоси љавоб гардондан на ба ангезандањои ѓайришартї, балки сигналию шартї ба вуљуд меоянд. Агар одам таасуротњои рўзи гузаштаро љамъбаст кунад, он гоњ дар байни онхо албатта таасуротхое низ пайдо мешаванд, ки бо ангезандахои ѓайришартї алокаманданд. Аммо маълум мешавад, ки ќисмати зиёди њиссиётњои азсаргузаронидаи одам бо ангезандахои сигнали шартї адлокаманд мебошанд. Эмосияњо, ки хосияти ё кисмати људонашавандаи њамаи фаъолияти олии асаб мебошанд дар асоси фаъорлияти муттањидаи њам пустлох ва 68 њам соњаи таги пустлохи майнаи cap ба вуљуд меоянд. Эмосияњо њар Ќадаре, ки мураккаб бошанд, њамон ќадар иштироки пустлох бештар мешавад. Роли муњимро дар эмосияњои махсуси инсони системаи дуюми сигнал, яъне нутќ мебозад. Фаъолияти сохаи таги пустлох асоси эмосия ё инстинкхои содда , эмосияи гуруснагї, хунигохдорї ва хоказо мебошад. Ин чо нишондоди И.П.Павловро дойр ба рефлекси тахминй кайд кардан зарур аст. Мувофиќи гуфтаи И.П. Павлов рефлекси тахминї бо тамоми нозукии худ њангоми иштироки функсияи олии анализатории нимкурањои калон ба амал меояд. И.П.Павлов дар таасуротњои эмосионалї иштирок ардани пустлохро бевосита нишон додаст. Пайдоиши ин ё он хиссиётро бо кувватдихї ё вайроншавии стерлотикхои динамикї алокаманд мекард. Шароитњои мусоид ва мукаррарии њаёт, ахволи хуби саломатй бо осон пайдошавии алокахои муваккатии асаб алокаманданд ва хамчун холатхои мусбат њис карда мешаванд. Вайроншавии тартиботи мукаррарии њаётї, бад шудани саломатй таасуротхои манфиро ба вучуд меоранд. Одам махсусан хангоми вайрон шудани алокахои муваккатї таасуротњои сахтро аз cap мегузаронад. Натиљаїои тадќиќоти эксперименталї ва мушохидањои клиникии солњои охир имконияти чунин хулоса бароварданро медињанд, ки ташаккул ва љоришавии њолатњои эмосионалї ба амал кардани формасияи ретикулярї муайян карда мешавад. Њангоми њолатњои эмосионалї ва эффективии ѓазаб, хашмгинї, тарс, њаячони дуру дарози формасияи ретикулярї ба вучуд меояд, ки фаъолияти онро пустлохи нимкурањо калони майнаи cap назорат мекунад. Инчунин вобастагии њолатњои эмосионалї аз фаъолии физиологии баъзе марказхои дар таламус, гипоталамус системаи лимбй ва уњдањои соњаи таги пустлох љойгир шуда муайян шудааст. 69 Дар писхология чунин таснифоти њиссиёт ќабул шудааст: 1) њиссиёти аќлї (маърифат), 2) њиссиёти ахлоќї, 3) њиссиёти эстетикї. Њиссиёти аќлї њамчун њиссиёти олї дар љараёни фаъолияти фикрии одам (њайрат, боварї, шубња ва ѓ.) ва њангоми бањо додани њодисањои ињотакарда, одамон, предметњо (њисси њаљв, истењзо ва ѓ.) ба вуљуд меояд. Њиссиёти ахлоќї дар просесси фаъолияти якљояи одамон њамчун муносибати одам ба рафиќон, кор, меъёрњои рафтор зоњир мешавад ва тараќќї меёбад. Ба инхо таалуќ доранд: њиссиёти рафоќат ва дустї, коллективизм ва ватандустї, њиссиёти вазифашиносї ва виљдон. Њиссиёти ахлокї бештар шахсияти одам, чахонбинї ва эътикоди уро тавсиф медихад. Њиссиёти ахлокї монанди дигар намудхои хиссиёт водоркунандаи дохилї, мароми рафтору фаъолияти одам мебошад. Аз ин ру дар назди мактаб вазифаи тарбияи њиссиётхои баланди ахлокї меистад. Њиссиёти ахлокї њангоми идроќ ва офаридани асархои санъат ва хаёт ба вучуд меояд. Эмосия ва хиссиёти одам ќувваи гуногунро дошта метавонад ва он ба хусусиятњои индивидуалии шахс, хосиятњои характерноки объект, ки ба он муносибати њисси равона мешавад, вобаста аст. Вобаста ба ќувваи майли зоњиршуда ба ин ё он объект њиссиёти раѓбат ва марокро зоњир мекунанд. Раѓбати хиссиёти пуркувват, устувор ва дарозмуддат буда, ба фаъолияти одам таъсири амалї мебахшад, саъю кушишњои иродавии ўро, ки бо нияти расидан ба маќсад ва ё ба объекти раѓбат равона шудаанд, пурзур мекунад. Марок ба фаъолии шахс таъсири нисбатан кам бахшида, чандон устувор нест. Раѓбатњоро аз руи сифатњои шахсии одам дида фарк мекунанд. Рагбатњои мусбат гуфта рагбати равняй иљтимої доштаи шахсро меноманд, ки манфиати чамъиятро ифода менамояд. Рагбатњои манфї бо максадхои худпарастонаи шахе тавсиф дода мешавад. Чунин 70 рагбатњо одатан шахсро вайрону иродаи уро суст мегардонанд ва психикаашро афсурда мекунанд. ЊОЛАТЊОИ ЭМОСИОНАЛЇ. Психология дар баробари просессхои психикй ва хусусиятхои психологии шахе, инчунин холатхои психикиро (андешамандї, хушхолї, илхом, рухия ва г.) меомузад, ки онхо бо эмосияхои инсон зич алокаманданд. Њолатњои эмосионалї на танњо ба характери љоришавии фаъолияти психикии шахе вобастаанд, балки ба он таъсири муайян низ мерасонанд. Њолатњои эмосионалї характери гузаранда, устуворї ва бардавомии гуногунро доранд. Онњо то андозае ифодакунандаи сифатњои шахс мебошанд. Чунин њолатњои эмосионалиро фарк мекунанд: њолати эффект, руњї, рагбат. Њолати руњї гуфта холати дарозмуддати эмосионалиеро меноманд, ки ба соришавии просессхои психикї дар фаъолияти одам таъсир мерасонад. Њолати руњї аз љихати давомот гуногун буда бо сабабхои муайян ба вучуд меояд, вале одам на хама вакт сабаби ин ё он њолати руњиро фахмида метавонад. Њолатњои рўхии одам бо просессњои иродавї алоќаманданд ва идора мешаванд. Одами кавиирода гуломи њолатњои руњї намебошад. Дараљаи инкишофи шахс ба идоракунии њолатњо таъсир мерасонад. Њолати аффективї дар тадриљан баландшавии шиддати эмосионалии шахс ифода ёфта, нињоят серхаракт ва равшан зохиршаванда аст. Ин њолат дар вазъиятњои пурихтилоф бисёр вакт якбора ба вуљуд меояд. 71 Аффект - ин њиссиёти кутоњмуддат ва пурљушу хуруш мебошад. Мисоли аффект (дар њаёт одатан якбора оташин шуданро чунин њиссиёт меноманд) хиссиёт" газаб, маъюсй, шодй, таре ва гайра шуда метавонад. Раѓбат хиссиёти дарозмуддат, устувор ва пурќувват мебошад. Раѓбат њамеша предмет аст, яъне бо мављудияти саъю кушиш нисбат ба объектњои муайян (рагбат ба хондан, ба мусикй, ба варзиш ва х.) тавсиф дода мешавад. Њолатњои эмосионалї на танњо ба хусусиятњои физиологї, балки ба хусусиятњои психологї низ вобаста мебошад. Масалан аффект дар одамони беодоб, густоњ ва ѓашдор бештар мушохида мешавад. Мо ба хама њолатњои эмосионалї метавонем њам бањои мусбат ва њам манфї дињем. СИФАТЊОИ ЭМОТСИОНАЛИИ ШАХС. Чунин сифатњои эмосионалии шахсро фарќ мекунанд, ки ба симои психики у таъсири амиќ мебахшанд: 1) мехрубонї; 2) мутаасирї; 3) хурушонии табъ; 4) хассосї; 5) рагбатнокї. Одами мењрубон тавасуроти эмотсионалии шахси дигарро мефањмад, ба ў њамдард мешавад ва кушиши дар вазъиятхои душвор ба ў ёрї доданро мекунад. Ин сифати мусбати бењтарини одам ба шумор меравад. бар хилофи одамони мењрубон шахсмони хунсард низ вучуд доранд, ки ба таасурот ва бадбахтии дигарон њисси бефарќ зоњир мекунанд. Мутаасир - ин сифати эмотсионалии шахс буда майли хис намудани хамаи чизи дар атроф руйдодаро ифода мекунад. Ин сифат ба одамони хурушонтабъ низ зос аст. Чунин одамон одатан мутаасиршаванда, чобук, њардамхаёл ва пурњаячон буда, ба тахлили таассуроти азсаргузаронидаи худ дода мешаванд. 72 Бодиккатї чунин сифати одамон аст, ки он майли пассивона дар дарк кардани олами ињотакардаро дар асоси њиссиёту таасуроти худ ифода мекунанд. Раѓбатнокї дар серњаракатию пурѓайратии одамон зоњир мешавад ва ба одамони дорої таасуротњои бои эмосионалии њаёт буда хос мебошад. Бар хилофи онњо одамони «дилсард» бо кам будани таасуротњои дар њаёташон азсаргузаронида тавсиф дода мешаванд. Сифатњои зикршудаи шахс ба одамон дар дараљањои гуногун хос мебошанд пайвасти ин сифатњо дар шахс симои такрорнашавандаи психикии ўро ба вуљуд меоварад. Њиссиёт ва эмосия дар сараёни хаёт инкишоф ва такмил меёбанд. Одам худро дониста гирифта истода, бо ин идора карда тавонистани хиссиётхои худро ёд мегирад. И.П.Павлов ќайд мекард, ки роли бузургро дар ба тартиббарории сохаи эмосионалии боздории дохилии фаъоли хосил кардашуда мебозад, ки зимни он иродаи тарбия ёфта дар назар дошата шудааст. «Фарз кардем- мегуяд И.П.Павлов, - одами бо системаи асбаи зуд ба ѓазаб оварда шуда мехоњад, ки кахру газаби худро бо суханони дурушт ифода кунад, вале боздории дохилй ба ин имконият намедихад». Ин як шакл аст. Агар одам бо калимахои дурушт ифода кардан хохад, вале аз окибатхои вазнини он тарсад ва худро нигох дорад, он гох ин шакли дигар аст. Ин дар холати якум-боздории фаъол ва дар холати дуюм-боздории берунї ё пассифона аст». Тараќиёти сохаи эмотсионалии одам аз овони кудакї cap мешавад. Хусусиятњои системаи асаб, шароитњои њаёт ва фаъолияти одам, талабот ва шавќу њавасњои у, доира ва характери муошират-њамаи инхо шароитњои муњимтарини ташаккули соњаи эмотсионалии шахс мебошанд. |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling